ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 24 МАЙ

- Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахше аз бузургтарин ниммарафони ҷаҳон – "One Run" доир мешавад. Маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ соати 07:30, дар назди“Наврӯзгоҳ” баргузор мегардад. Худи ниммарафон соати 08:00 оғоз мегардад.

- Имрӯз аз соати 17:00 то 22:00 дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  фестивали "Football Fest Dushanbe-2025" баргузор мегардад.

- Имрӯз дар Тошканд Чемпионати "CAFA U-17–2025" оғоз гардида то 31-уми май давом мекунад. Дар мусобиқа 6 дастаи миллии наврасон аз Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Ҳамаи 9 бозии чемпионат тавассути канали расмии "CAFA" дар "YouTube" мустақиман пахш мегардад.

- Дар маркази ЭКСПО-и Душанбе намоишгоҳи воситаҳои зебоӣ ва солимӣ - INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2025 идома дорад. Дар намоишгоҳ имкони шиносоӣ бо воситаҳои косметикии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Корея, Эрон, Русия ва машварат бо мутахассисон мавҷуд аст. Намоишгоҳ рӯзи, 22-юми май оғоз гардида, имрӯз ҷамъбаст мешавад. Он аз соати 10:00 то 18:00 давом мекунад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 МАЙ

Соли 2011 – Дар Душанбе Маркази миллии илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон расман ифтитоҳ ёфт ки аввалин ва ягона дар Осиёи Марказӣ буд.

Соли 2012 – Парлумони кишвар лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи ҳукумат “Дар бораи моратория ба тафтишоти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот” дастгирӣ кард.

Соли 2016 – Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузории маросими “Занги камолот”-ро дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, новобаста аз шакли моликияташон, расман манъ кард.  Ин қарор ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, таъмини амнияти хонандагон ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ қабул гардид.

Соли 2020 – Иди Рамазон дар Тоҷикистон бидуни баргузории намози дастаҷамъии идона дар масоҷид баргузор гардид.  Ин тасмим дар доираи тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси "COVID-19" гирифта шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Зодрӯзи Саймуддин Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1915 – Мавлуди Раъно Ғолибова, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1946 – Зодрӯзи Матлуба Азимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1967 – Мавлуди Шералӣ Мирзо, вазири пешини мудофиаи Тоҷикистон ва ҳоло сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон

Шералӣ Мирзо

Шералӣ Мирзо 12 сол вазири дифои Тоҷикистон буд ва моҳи январи соли ҷорӣ ба вазифа сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд.

Дар давраи роҳбарии Шералӣ Мирзо як қатор мушкилиҳо дар соҳаи мудофиаи кишвар расонаӣ шуданд. Аз ҷумла, “сарбозшикор” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш, вуҷуди “дедовшина” дар кисмҳои ҳарбии кишвар аз масъалаҳои мубрами ин ниҳод буд. Ҳамчунин, дар давраи вазирии ӯ дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ гардид.

Шералӣ Мирзо пеш аз вазири мудофиа таъин шуданаш, дар вазифаи сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва муовини вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи  Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Соли 1976 – Зодрӯзи Юсуф Рабиев, футболбоз ва сармураббии футболи тоҷик.

Соли 2009 – Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, шоир, нависанда ва таронасарои тоҷик дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2023 – Сабоҳат Қосимова, ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик дар синни 71-солагӣ аз олам чашм баст.

Сабоҳат Қосимова
Акс аз Комрон Сафаров

Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррухи Қосимов, ҳунарпеша ва коргардони шинохтаи тоҷик буд. Хоҳари ӯ Муқаддас Набиева ҳам аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик буд, ки дар ҷавонӣ ба таври мармуз аз олам даргузашт.

Таъкид мешавад, ки Сабоҳат Қосимова аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд ва баъди марги ҳамсараш Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт. Ӯ чанд соли охир роҳбари бадеии Театри Аҳорунро ба зимма дошт.

Номбурда солҳо дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 дар Театри Аҳорун ҳунарпеша буд. Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.

Нақшҳои Адиба дар “Интихоби домод”, Ҳабиба дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”, Мадлена дар “Тӯдаи риёкорон”, Зулайхо дар “Юсуфи гумгашта…”, Карделия дар “Шоҳ Лир”, Ширинкор дар “Шоҳ Фаридун” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпеш дониста мешаванд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 24-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 1999 аз ҷониби Федератсияи "EUROPARC" таъсис ёфтааст ва ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти минтақаҳои муҳофизатшавандаи табиӣ ва ҷалби мардум ба табиат мебошад. 


Ин рӯз ба хотираи таъсиси аввалин боғҳои миллии Аврупо бахшида шудааст, ки 24 майи соли 1909 дар Шветсия таъсис ёфтаанд. Дар он рӯз нӯҳ боғи миллӣ таъсис ёфт, ки оғози ҳаракати муҳофизати табиат дар Аврупо ба шумор меравад. 

24 майи соли 1844 аввалин телеграф дар таърихи ҷаҳон тавассути телеграфи Морзе аз шаҳри Вашингтон ба Балтимор (бо масофаи тақрибан 64 километр) фиристода шуд. Муаллифи ин ихтироъ Сэмюэл Финли Бриз Морзе (Samuel Finley Breese Morse), рассом ва ихтироъкори амрикоӣ буд, ки дар ҳамкорӣ бо Алфред Вейл низоми рамзгузории махсус – коди Морзеро таҳия кард, ки барои ирсоли паёмҳо тавассути сигналҳои кӯтоҳ ва дароз истифода мешавад.


Телеграфи Морзе оғози давраи нави иртибототро дар таърихи башарият асос гузошт. Он имкон дод, ки паёмҳо бо суръати фавқулода баланд ба масофаҳои дур ирсол шаванд. То замони пайдоиши он, паёмҳо танҳо тавассути хаткашонҳо ё почтаи баҳрӣ интиқол меёфтанд, ки ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳоро дарбар мегирифт.

24 майи соли 1956 дар шаҳри Лугано (Швейтсария) аввалин озмуни “Евровидение” баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони Белгия, Ҳоланд, Италия, Люксембург, Фаронса, Олмони Ғарбӣ ва Швейтсария иштирок намуданд. Сарояндаи швейтсариягӣ Лиз Ассиа бо суруди “Refrain” аввалин ғолиби озмун гардид.

Идеяи баргузории озмун аз ҷониби Иттиҳоди Телевизиони Аврупо (European Broadcasting Union – EBU) пешниҳод шуда буд. Ин озмун минбаъд ҳар сол баргузор гардида, ба яке аз маъруфтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҷаҳон табдил ёфт, ки онро садҳо миллион тамошобин аз гӯшаву канори олам тамошо мекунанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм.  

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.