Шурӯъ аз 16-уми июн парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Пекин дигарбора оғоз мегардад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом меёбанд.
Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тасмим дар пайи сафари Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар дар робита ба “зиёд намудани теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар” рӯи даст гирифта шуд.
Қаблан ҳам дар робита ба кушодани хатсайри ҳавоии мустақим байни Душанбе ва Пекин дар сатҳи мақомоти расмии ду кишвар гуфтушунидҳо баргузор шуда буд.

Хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.
Пас аз се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон, лозим омад, ки хатсайрҳо боздошта шаванд. Онҳо соли 2017 дубора барқарор гардида, лекин баъди чанде боз бекор шуданд.
Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.
Хатсайр танҳо бо Урумчӣ барқарор шуд, ҳарчанд соли 2022 сардори Раёсати танзими авиатсияи граждании Агентӣ хабар дода буд, ки аз 23 июни соли 2022 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим бо Пекин тавофуқ ҳосил кардаанд.
Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе - Урумчӣ сурат мегирифтанд.
Соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд. Парвоз тариқи ин хатсайрро ширкати ҳавопаймоии "Chandu Airlines" анҷом медиҳад. Парвоз бо хатсайри Қошғар - Хуҷанд - Қошғар ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, вақти парвоз 1,5 соатро ташкил медиҳад.
Ду орзуву як фазо. Қиссаи ду духтари тоҷик, ки дар ширкати ҳавопаймоии "Emirates" кор мекунанд
Ташкили лагери омӯзишии робототехника барои ҷавонон аз сӯйи Оҷонсии ТИКА
Марги чаҳор аъзои як оила дар пайи садамае дар Истаравшан
Вазорати тандурустӣ марги як сокини Хуросон аз бемории сӯхтаниро рад, аммо сабти гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ кард
Дар Роштқалъа як мошин ба дарёи Шоҳдара сарозер ва 4 нафар ғарқ шудааст
Додгоҳи низомие дар Маскав парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро дарёфт кардааст. Мурофиаи якум кай мегузарад?
Имтиҳонсупорӣ барои муҳоҷирон сахттар шуд. Акнун муҳоҷирон чӣ тавр бояд имтиҳон супоранд?
Пулиси пойтахт мегӯяд, дар ним сол 90 фолбину сеҳргарро ҷазо додааст
Дар ним сол зиёда аз 7500 қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ошкор шудааст
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳо баста мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста