ЧОРАБИНИҲОИ 14 ИЮН
- Имрӯз дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Фаронса, шаҳри Порис конфронси илмӣ-байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз”, ки ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, шоир ва файласуфи тоҷику форс баргузор гардид, ба поён мерасад. Дар конфронс олимону ҳофизшиносон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанг аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат доштанд. Он рӯзи 11-уми июн оғоз шуда буд.
- Имрӯз намоишгоҳи байналмилалии савдо – “Суғд-2025” ва форуми сармоягузорӣ, ки дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд идома дошт, ба итмом мерасад. Гуфта мешуд, ки дар ярмарка ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ карда, бо шарикони хориҷӣ музокирот анҷом медиҳанд ва созишномаҳо ба имзо мерасонанд. Намоишгоҳ 12-уми июн ифтитоҳ гардида буд.
- Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе ҷашнвораи “Корея-2025” идома дорад. Дар ҷашнвора рақсу сурудҳо намоиш дода шуда, гӯшаҳои намоишӣ, дарси маҳорат ва озмунҳо ташкил мешаванд. Ин чорабинӣ дирӯз, 12-уми июн оғоз ёфт ва то 15-уми июн идома мекунад. Вуруд ба он озод аст.
- Ҳамчунин, имрӯз соати 11:00 дар "3ZERO House Tajikistan" намоиш-фурӯши расмҳои рассомони ҷавон, ки хатмкардагони Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи М. Олимов мебошанд, баргузор мегардад. Вуруд озод аст. Суроға: кӯчаи Мирзо Турсунзода, 12А.
- Имрӯз охирин рӯзи марафони ихтиёрии хунсупорӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун бахшида мешавад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ИЮН
Соли 1931 – Ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.
Соли 2010 – Дар роҳи Душанбе–Чаноқ мошине, ки метанро аз Хатлон ба Хуҷанд мебурд, таркид.
Соли 2011 – Дар Кӯлоб пас аз бозии байни дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе бетартибиҳои оммавӣ ба амал омаданд, ки дар натиҷа тақрибан 10 нафар ҷароҳат бардошта, тақрибан 20 мухлис дастгир гардиданд.
Соли 2012 – Дар Душанбе Холмуъмин Сафаров, шавҳари хоҳари калонии Эмомалӣ Раҳмон ва директори корхонаи давлатии “Ҷангал ва шикор” ба қатл расонида шуд.
Соли 2016 – Тоҷикистон узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид.
Соли 2017 – Собиқ сардори Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадамҷон Сафизода ва 6 шарики ӯ аз 8,5 то 7 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳо дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 8 миллион сомонӣ айбдор шуданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1932 – Мавлуди Ҳаким Маҳмудов, навозанда ва оҳангсози тоҷик.
Ҳаким Маҳмудов навозандаи мумтози ғижжаку думбура ва оҳангсози маъруфи тоҷик буда, як муддат дар Театри драмавӣ-мусиқии Кӯлоб ва солҳои баъд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Баъдан то охири умр навозандаи ансамбли ҳофизони мақомхони Кумитаи давлатии телевизион ва радио буд.
Маҳмудов думбураро ҳамчун сози якканавозӣ дар ҷумҳурӣ машҳур намудааст. Ӯ барои думбура бо ҳамовозии ансамбли созҳои халқӣ як миқдор навоҳо офаридааст, чун “Сезарб”, “Баҳори кӯҳистон”, “Машқи ҷавонӣ”, “Қақраи кабк” ва ғ.
Ӯ муаллифи оҳанги сурудҳои “Боғчаро бин, сабза дорад”, “Гул кун ба бахти мо Ватан”, “Дар саҳни чаман”, “Деҳқонбача” аст.
Соли 1944 – Зодрӯзи Абдусалом Раҳимзода, навозанда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 1946 – Мавлуди Аҳмад Зоҳир, сароянда ва оҳангсози маъруфи Шарқ.

Аз Аҳмад Зоҳир чун ҳунарманди шӯридадиле ном бурда мешавад, ки бо ҳунар ва садои махмалинаш фалакро ба сари андеша овард, дилҳоро тасхир намуд ва дунёи ҳунарро бо омаданаш рангоранг сохт.
Ӯ дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омада ва дар овони ҷавонӣ бо оҳангҳои қолабшикан шӯҳрати зиёдро ба даст овардааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст.
Аҳмад Зоҳир нахустин ҳунарманди Афғонистон аст, ки созҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Ӯ дар авҷи маъруфияти худ рӯзи 14-уми июни соли 1979, ки рӯзи зодрӯзаш низ ҳаст, дар 33-солагӣ ба қатл расонида шуд.
Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки дар Тоҷикистон низ суруду таронаҳои ӯ маҳбубияти зиёд доранд.
Соле пеш писару набераи ин овозхон, Рашод Зоҳир ва Ёсин Зоҳир ба Тоҷикистон омада буданд ва “Азия-Плюс” бо онҳо мусоҳиба ороста буд ва эшон бо рӯзноманигорони тоҷик вохӯрӣ ва мулоқот ҳам карда буданд.
Соли 1951 – Зодрӯзи Худойбердӣ Ҳолиқназаров, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, вазири пешини меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва собиқ раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон.

Худойбердӣ Ҳолиқназаров хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро ба ҳайси тарҷумони забони дарӣ дар Афғонистон оғоз кардааст. Баъдан як муддат мудири китобхонаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улум, муовини мудири кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи забон ва адабиёти рус ва раиси Ҷамъияти “Носири Хисрав” буд. Дар ин байн дар Эрон низ ба сифати тарҷумони забони форсӣ кор кардааст.
Чанд моҳи соли 1992 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Солҳои 1993-1998 ҳамчун ҷонишини раиси Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ фаъолият карда, солҳои 1998-2000 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд.
Моҳи марти соли 2000 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ӯ мушовири Президент дар умури байналмиллалӣ таъйин шуд.
Сентябри соли 2001 бо дастури Президент ба сафорати Тоҷикистон дар Чин ба сифати кордори сафорат (муовини сафир) эъзом гардид. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2001 то 2007 кор кард.
Ӯ 1 октябри соли 2009 сардори раёсати таҳияи стратегияи миллӣ ва барномаҳои ичтимоӣ-иқтисодӣ, соли 2012 муовини аввали директор, соли 2014 бо фармони Президенти Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин вазифа то соли 2019 кор кард. Ҳоло бознишаста аст.
Соли 2021 – Маҳмадсаид Аҳмадов, маъруф ба Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ, овозхони маъруф, наътсаро дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 14 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии донори хун ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Карл Ландштайнер табиб ва иммунологи австриягӣ, барандаи ҷоизаи Нобел, ки гурӯҳҳои хуни инсонро кашф намудааст, рост меояд. Ин рӯз барои арҷгузорӣ ба донорҳо ва тарғиби фоидаи донор будан барои саломатии инсон таҷлил мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии блогнависон аст. Ин ташаббус соли 2004 ба вуҷуд омад, вақте 500 блогнавис аз 40 кишвари дунё муттаҳид шуда, қарор карданд, ки рӯзи махсусеро ҳамчун рамзи дӯстии блогерони ҷаҳон таъсис диҳанд.

Дар Амрико 14 июн Рӯзи парчам таҷлил мегардад. Парчами ситорадор ва рахдори ИМА соли 1777 дар давраи ҷанги истиқлолият ҳамчун парчами расмии иёлатҳои озод қабул шудааст. 50 ситора дар парчам рамзи 50 иёлат ва 13 рах рамзи 13 колонияи аслии кишвар мебошад.

14 июни соли 1834 дар ИМА Айзек Фишер қоғази сунбодаро (наждачная бумага) патент кард. Дар он карбиди хамирӣ ва оксиди алюминӣ ҳамчун моддаҳои суфтакунанда истифода мешуданд. Соли 1902 панҷ амрикоӣ қоғази сунбодаи обногузар ихтироъ карда, ба таъсиси ширкати бузурги саноатии 3M асос гузоштанд. Соли 1916 онҳо қоғази нави обногузар бо номи Woterdry сохтанд, ки барои сайқал додани рӯи мошинҳо истифода бурда мешуд.

Дар ҳамин рӯзи соли 1951, дар Вашингтон аввалин компютери "UNIVAC 1" муаррифӣ шуд. Он оғози давраи навро дар таърихи инсоният гузошт. Вазни он 12 тонна буд ва нархи ибтидоияш 159 ҳазор доллар арзёбӣ мешуд, вале баъдан ба 1,5 миллион доллар расид. Дар маҷмӯъ 46-то чунин компютер фурӯхта шуд.

Имрӯзро бархе ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳаммом таҷлил мекунанд. Ин ҷашн ба талоши коргарону бинокорони ҳаммомҳо барои таъсиси иди касбии худ иртибот дорад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 24+29º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Тарси ҷанг ва эҳсоси бегонагӣ. Чаро шарҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 июли соли 2025
Орди камғизо ва камхунии занон. Ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот чӣ тадбир меандешад?
Идомаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд. Президент дар Деваштич кадом иншоотро ба истифода дод?
Ёдгориҳои “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор мегардад
196 ё 72? Дар ҷанги Украина чанд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд?
Ҷаримаи роҳбари ошхонаи “Кабир”-и пойтахт барои “дӯздӣ”-и барқ
Пешакӣ огоҳ кунед. Муҳоҷирони тоҷик барои сафар ба Русия чӣ гуна бояд омодагӣ гиранд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 июли соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста