ЧОРАБИНИҲОИ 15 ИЮН
- Дар Амфитеатри шаҳри Душанбе ҷашнвораи “Корея-2025” идома дорад. Дар ҷашнвора рақсу сурудҳо намоиш дода шуда, гӯшаҳои намоишӣ, дарси маҳорат ва озмунҳо ташкил мешаванд. Ин чорабинӣ 12-уми июн оғоз ёфт ва имрӯз ба анҷом мерасад. Вуруд ба он озод аст.
- Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши театрии “Кулбаи афсонавӣ” (Теремок) баргузор мегардад. Пеш аз намоиш дар ошёнаи якум “шоу-консерти лӯхтакҳо” баргузор мешавад.
- Имрӯз соати 11:00 дар меҳмонхонаи “Серена” бо рассом Фаррух Неъматзода дарси маҳорат баргузор мегардад. Шумораи ҷойҳо маҳдуд буда, сабти ном тариқи рақами 901000831 имконпазир аст. Пардохти маблағ барои иштирок дар ин дарси маҳорат 250 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ИЮН
Соли 1996 – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Он баъдтар, 6-уми август расман сабт шуд .
Соли 2011 – Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид.
Соли 2015 – Бо миёнаравии Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, 4 сарбози тоҷик аз асорати “Толибон” раҳо шуданд.
Соли 2015 – Дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бинобар боришоти зиёд сел фаромад, ки дар пайи он 82 оилаи деҳаи Барсем осеб диданд. Барои онҳо шаҳраки нав бо номи Раҳмонобод (ба номи Эмомалӣ Раҳмон) бунёд шуд.
Соли 2018 – Маркази омӯзиши ситораҳои Лондон хабар дод, ки яке аз ситораҳо ба номи шоираи тоҷик Зулфия Атоӣ гузошта шуд.
Соли 2019 – Эмине Эрдоған, ҳамсари президенти Туркия дар Душанбе Маркази тавонбахшии маъюбонро ифтитоҳ намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Мавлуди Фазлиддин Муҳаммадиев, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Фазлиддин Муҳаммадиев яке аз нависандагони саршиноси адабиёти даврони шӯравии тоҷик аст.
Ӯ фаъолияти кориашро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Газетаи муаллимон”, “Занони Тоҷикистон”, “Шарқи Сурх” дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Муҳаммадиев як муддат узви коллегияи сенариянависони Киностудияи “Тоҷикфилм” буд ва баъдан дар нашриёти “Ирфон”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии Тоҷикистон, Кумитаи давлатӣ оид ба синамо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.
Фазлиддин Муҳаммадиев 16-уми октябри соли 1986 бар асари кордзании чанд тан авбош ҷон бохт.
Ӯ муаллифи очерку қиссаву романҳои “Муҳоҷирон”, “Таркише, ки ба амал наомад”, “Одамони куҳна”, “Дар он дунё”, “Палатаи кунҷакӣ”, “Варта”, “Сози Мунаввар” аст.
“Тоҷикфилм” аз рӯи филмномаҳои ӯ филмҳои “Задухӯрд”, “Субҳи ватани ман”, “Вохӯрӣ дар дараи марг”-ро рӯйи саҳна овардааст.
Драмаи “Арӯси охирини амиралмуъминин”-и ӯ дар Театри академии драмавии Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст. Қиссаву романҳои Ч. Айтматов – “Ҷамила”, “Дуроҳаи бӯронӣ” ва “Алвидоъ, Гулсарӣ!”, романи А. Қаҳҳор “Модарони меҳрубони ман” ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Соли 1928 – Зодрӯзи Раҳим Додихудоев, эронишинос ва помиршиноси тоҷик, доктори илми филология.
Соли 1928 – Мавлуди Аъзам Пӯлодов, доктори илмҳои тиб.
Соли 1933 – Зодрӯзи Шариф Баротов, доктори илмҳои биология.
Соли 1946 – Мавлуди Саидмуъмин Раҳимов, варзишгар, куштигири номдори тоҷик, Қаҳрамони самбои ҷаҳон, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ.
Соли 1947 – Зодрӯзи Ҳомиддин Шарифов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ҳомиддин Шарифов хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияташро чун муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз намуд ва баъдан сармуфаттиши ин мақомот таъин шуд. Баъдан раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон интихоб гардид ва қариб ду даҳсола дар вазифаҳои гуногуни ин мақомот кор кард.
Ҳомиддин Шарифов соли 1996 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2006 – 10 сол дар ин мақом кор кард. Баъдан вакили парлумон интихоб гардид.
30 августи соли 2007 дар 60-солагӣ аз олам чашм баст.
Пиромуни корномаи ӯ дар матлаби "Порае аз китоби рӯзгори Ҳомиддин Шарипов" бихонед.
Соли 1949 – Мавлуди Ӯктамҷон Воҳидов, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Соли 1952 – Зодрӯзи Наим Маҳкамов, сароянда ва оҳангсози тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1954 – Мавлуди Зулфия Атоӣ, шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Зулфия Атоӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз қаламкашони шинохтаи тоҷик буда, ин шоири шаҳиру рӯзноманигори маъруф аз занони муборизи замони хеш маҳсуб меёбад, ки дидгоҳи вижаи худро дорад. Ӯ факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм карда, пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назми Институти адабии ба номи Максим Горкий таҳсилро идома дод.
Ӯ бештар аз 40-соли умри хешро ба матбуот бахшидааст. Соли 1977 барои кор ба “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) рафт ва бештар аз 6 сол дар ин даргоҳ фаъолияти рӯзноманигорӣ кард.
Аввалин маҷмааи ашъорашро бо номи “Ҷиҳоз” дар соли 1977 ба чоп расонид ва ҳамин тавр пас аз ду соли фаъолияи эҷодӣ дар соли 1979 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Минбаъд ашъори худро дар маҷмааҳои “Дидор”, “Меваи сабр”, “Зочаи хушрӯи ман”, “Духтари дарё”, “Ишқи як зан”, “Ситораи ваҳшӣ”, “Ситораи Муштарӣ”, “Зан агар ошиқ шавад”, “Зулфи парешон”, “Сояи зулф”, “Бе ситора нестам…” ва ғайра ба чоп расидаанд.
Соле пеш ин шоири тоҷик 70-сола шуд ва "Азия-Плюс" бо ӯ мусоҳиба ороста буд, ки бо унвони “Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд мутолиа кунед.
Соли 1965 – Зодрӯзи Шоҳиён Нуралӣ, ректори пешини Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара.

Шоҳиён Нуралӣ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, то вазифаҳои баланди роҳбарӣ дар соҳаи маориф расидааст. Оғози фаъолияти худ дар Озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии Украина оид ба ташкил ва иқтисодиёт дар сохтмон ва Донишкадаи политехникии Тоҷикистон кор карда, баъдан чанд муддат дар Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар вазифаи ҷонишини ректор ва диар вазифаҳо кор кардааст.
Солҳои 2008-2016 ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва солҳои 2016-2023 ректори Донишгоҳи давлатии Данғара буд.
Соли 1971 – Мавлуди Ҷамшед Ҷӯразода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ҳоло муовини раиси вилояти Суғд.
Соли 2009 – Усмон Шарифзода, шоири тоҷик дар 64-солагиаш дунёро падруд гуфт.
Соли 2020 – Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик дар 91-солагиаш аз олам даргузашт.

Алиризо Раҳмонқулов дар аввал саркоргардони Театри мусиқӣ-мазҳакаи Хоруғ, коргардони ансамбли тарона ва рақси “Помир”, саркоргардон ва директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, коргардони студияи Телевизиони тоҷик буд.
Ӯ солҳои 1967-1972 директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва солҳои 1972-1979 директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Баъдан муовини директори Хонаи эҷодиёти халқи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, муовини директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Номбурда бо иҷрои нақшҳои барҷаста дар саҳнаи театр низ симои худро дар ин соҳа абадӣ сохтааст. Ҳамчунин муаллиф ва мураттиби китобҳои “Расму оинҳои нави тоҷикӣ”, “Сурудҳои дилнишин”, “Либосҳои миллии ҳаваскорони санъат” аст.
Алиризо Раҳмонқулов 15-уми июни соли 2020 дар 91-солагӣ дар ноҳияи Шуғнон аз олам даргузашт
Соли 2021 – Салимшо Ҳалимшо, шоири шинохтаи тоҷик дар 85-солагӣ даргузашт.

Салимшо Ҳалимшо аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.
Солҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, “Адабиёт ва санъат”, “Пайванд” ҳамчун мудири шуъба ва муовини сармуҳаррир фаъолият бурда, муддате мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Салимшо Ҳалимшо нимаи дуюми солҳои 60-ум ба майдони адабиёт ворид гардида, ашъораш писанди хонандагон гардидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Оинаи виҷдон”, “Бурҷи Инсон”, “Хонаи Офтоб”, “Зодагони ҳафт тӯфон” ва драмаи “Кабутарони сафед” аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии шамол таҷлил мегардад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи нерӯи шамол ва нақши он дар рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист аст. Рӯзи байналмилалии шамол бори аввал соли 2007 дар Аврупо таҷлил шуда, соли 2009 ба рӯзномаи байналмилалӣ дохил гардидааст ва дар кишварҳои гуногун таҷлил мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мубориза бо зӯроварӣ нисбат ба пиронсолон аст. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ҷорӣ шудааст, то ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ ва бепарвоӣ нисбат ба пиронсолон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Дар ин рӯз даъват мешавад, ки ба пиронсолон эҳтиром ва ғамхории бештар зоҳир карда шавад, то онҳо худро танҳо ва фаромӯшшуда эҳсос накунанд.

15 июни 1667 аввалин амали муваффақонаи хунгузаронӣ ба инсон анҷом дода шудааст. Табиби фаронсавӣ Жан-Батист Дени ба ҷавоне хуни барра гузаронд ва ин амал дар таърихи тиб ҳамчун оғози таҷрибаҳои хунгузаронӣ сабт гардид.

15 июни 1896 дар Ҷопон заминларзаи шадид ба амал омад, ки дар натиҷаи он ва сунамии баъдӣ тақрибан 27 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Ин яке аз фоҷиаҳои бузурги табиии он замон буд.

15 июни 1916 аввалин парвози ҳавопаймои сохтаи Уилям Эдвард Боинг сурат гирифт. Ин ҳавопаймо оғози фаъолияти ширкати "Боинг" гардид, ки дар оянда ба яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони ҳавопаймо дар ҷаҳон мубаддал шуд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста