ЧОРАБИНИҲОИ 16 ИЮН
- Имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин оғоз мегардад ва ду рӯз давом хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва раиси ҷумҳурҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ИЮН
Соли 2004 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ”-ро қабул кард.
Соли 2011 – Прокуратураи Хатлон нисбати 5 ташкилкунандаи бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Кӯлоб бо моддаи “авбошӣ” парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуд.
Соли 2014 – Александр Содиқов, унвонҷӯи тоҷиктабори Донишгоҳи Торонтои Канада, ки бо масъалаҳои низоъшиносӣ дар минтақа машғул буд, ҳангоми мусоҳиба бо раиси созмони вилоятии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Алим Шерзамонов дар Хоруғ боздошт шуд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон Содиқовро ба ҷосусӣ айбдор карданд. Дертар ӯро барои тарк накардани ҷои зист озод карданд. Билохира, ӯ ба Канада баргашт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1944 – Мавлуди Аскаралӣ Раҷабов, муаррихи фарҳанги мусиқӣ, доктори илми таърих.

Аскаралӣ Раҷабзода аз муҳаққиқони сермаҳсули таъриху назарияи мусиқии тоҷик ва дигар халқҳои эронинажод, инчунин мардуми Шарқ ба шумор меравад. Хидматаш бахусус дар таҳқиқу баррасии ҳаёту эҷодиёти поягузори мусиқии форс-тоҷик Борбад хеле калон аст.
Ӯ ташкилкунанда ва раиси Бунёди байналмилалии Борбад ва Маркази байналмилалии таҳқиқи мусиқии мардуми Ховар мебошад.
Ба қаламаш зиёда аз 15 китобу рисола, қариб 550 мақолаи илмию оммавӣ, тақризу китобиёт мутааллиқанд. Вай мураттиб ва муҳаррири чандин китобу рисола ва маҷмӯъаи илмӣ, аз ҷумла “Донишномаи Шашмақом”, “Очеркҳои таърих ва назарияи маданияти халқи тоҷик” аст.
Соли 1981 – Зодрӯзи Алишер Примқулов, аксбардор ва танзимгар.
Соли 2016 – Шарифи Мисайзод, рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои радиоӣ дар 50-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 16-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии интиқоли пулҳои оилавӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз аз соли 2015 бо ташаббуси Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), ки як сохтори махсус дар назди Созмони Милали Муттаҳид аст, таъсис ёфтааст.

Ҳадафи таҷлили ин рӯз баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар бораи аҳамияти маблағҳое мебошад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба оилаҳои худ мефиристанд.
16-уми июн бо ташаббуси СММ ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакони Африқо ё Рӯзи ҳифзи кӯдакони Африқо ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба ёди воқеаҳои хунини 16-уми июни соли 1976 дар маҳаллаи Соуэтои канори Йоханнесбурги Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шудааст.

Он рӯз ҳазорҳо хонандагони сиёҳпӯст ба кӯчаҳо баромада, барои беҳтар шудани сифати таҳсил ва ҳуқуқи таҳсил бо забони модарии худ талош карданд. Аммо нерӯҳои ҳукуматӣ тазоҳуротро бо зурӣ пароканда карданд. Садҳо кӯдак кушта, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ ва ҳазорон кас боздошт гардиданд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз 16-уми июн то 28-уми феврали 1977 дар натиҷаи саркӯбиҳо 575 нафар кушта ва тақрибан 6 ҳазор нафар зиндонӣ шуданд.
16-уми июни соли 1963 Валентина Терешкова, нахустин зан дар ҷаҳон ба кайҳон парвоз анҷом дод. Ӯ шашумин кайҳоннаварди шӯравӣ буд.

Ӯ тавонист 48 давр дар мадори Замин анҷом диҳад ва тақрибан се шабонарӯз дар кайҳон монад. Дар ин муддат ӯ дафтари кайҳонӣ пеш бурда, акси уфуқро гирифт, ки барои омӯзиши атмосфера истифода шуд. Пас аз Терешкова танҳо баъд аз 19 сол зани дигар – Светлана Савитская ба кайҳон парвоз кард.
16-уми июни соли 1903 рӯзи таъсиси ширкати мошинсозии “Форд Мотор” аст. Дар аввал ширкат бо муҳаррикҳои ду, чор ва баъдтар шаш силиндр мошинҳо истеҳсол мекард. Дар умум 7 навъи мошин истеҳсол шуд.

Имрӯз ширкати “Форд” аз рӯи ҳаҷми истеҳсол дар ҷаҳон дар мақоми чорум ва дар Аврупо пас аз “Фолксваген” дар мақоми дувум қарор дорад.
16-уми июни соли 1903 тамғаи тиҷоратии “Пепси-Кола” ба қайд гирифта шуд. Ихтироъкори он Калеб Брэдҳэм буд, ки соли 1893 як омехтаи газдорро барои беҳтар кардани ҳазм ихтироъ намуд. Панҷ сол пас аз ихтироъаш ӯ ба он номи “Пепси-Кола” дод ва ширкати “The Pepsi Cola Company”-ро таъсис дод.
Соли 1923 ширкат бинобар болоравии нархи шакар муфлис шуд ва Брэдҳэм маҷбур шуд таркиби махфии нӯшокиро ошкор намояд. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон “Пепси-Кола” ба нӯшокии рақами 2 баъд аз “Кока-Кола” табдил ёфт ва то ҳол ин ду ширкат барои мавқеи аввал дар ҷаҳон рақобат доранд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Худкушии қариб 50 нафар дар ним сол дар вилояти Хатлон
Корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон то 357 адад афзуд
Як созмони байналмилалӣ пешгӯи мекунад, ки интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад
Вазири энергетика фаъолияти нимсолаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро ғайриқаноатбахш хондааст
Чаро шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Вокуниши Омбудсмен ба қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад чор кӯдакашро ба дарё андохтааст
Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон мавсими навро дар “Сипоҳон”-и Эрон оғоз мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аннабагардан, қисми 3
Пешсаф шуд. Чин бори аввал ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт
Муҳоҷиронро ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста