Озмуни ҷумҳуриявии аксбардорӣ таҳти унвони "Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон – бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон", ки бо ташаббуси Сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии "Ховар" роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Мақсад ва талаботи ин озмун нишон додани зебогиҳои бинои Парлумон ва щукумати кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз зеботарин биноҳо дар Осиёи Миёна аст.
Ғолиби асосии ин озмун Дидор Саъдуллоев, яке аз аккосони маъруфи Тоҷикистон, дониста шуд. Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ин чорабинӣ дар бинои сафорати Чин дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он намояндагони расмии ҳар ду ҷониб, иштирокчиёни ин озмун ва расонаҳо ширкат варзиданд.
Озмун ба ифтихори рӯйдоди муҳими таърихӣ — ифтитоҳи маҷмааи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯмаки бебозгашти Чин бунёд гардиданд, бахшида шуда буд.
Мавзӯъҳои аксҳо зебоии меъмории навбунёд, тағйироти фаслҳо, эҳсосоти мардум ва равобити дӯстонаи миёни ду кишварро фаро мегирифтанд.
Ҳамаи иштирокчиён ба ин озмун 1 ё то 5 аксҳои худро бо сифати баланд (на камтар аз 300 dpi) пешниҳод намуданд. Танҳо аксҳое қабул шуданд, ки аслӣ ва бе истифода аз зеҳни сунъӣ буданд. Баъди санҷиш ғолибон муайян ва тӯҳфаҳо ба онҳо супорида шуд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои зерин қадрдонӣ шуданд:
Ҷойи якум (1 нафар) – диплом ва 10 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм (3 нафар) – диплом ва 5 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм (6 нафар) – диплом ва 3 000 сомонӣ
Мукофоти фахрӣ (20 нафар) – диплом ва армуғонҳои миллӣ аз Чин
Ҳамчунин, ҳамаи иштирокчиёни озмун бо шаҳодатномаҳои Сафорати Чин дар Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста