Имрӯз, 20-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар дар шаҳри Душанбе бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city), як кӯдакистони хусусӣ ва маркази ташхису табобатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард. Инчунин, бо кори гармхонаи “Донаҳои Умед” дар ноҳияи ноҳияи Сино шинос гардид.
Бинои “Шаҳри ҳушманд ки аз таҳхона ва 4 ошёна иборат аст, дорои 94 ҳуҷраи корӣ, 4 маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, Маркази коркарди маълумот, Маркази назоратӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ, Маркази коркарди маълумот қобилияти нигоҳдории ҳаҷми иттилооти зиёдро доро буда, он бо насли нави технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
“Барои нигоҳдории маълумот дар он зиёда аз 120 пойгоҳи ҳифзи иттилоот васлу насб карда мешавад”, - гуфта шудааст дар хабари расмӣ.
Дар Маркази назоратӣ 35 оператор, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт, Раёсати БДА ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода шабонарӯзӣ фаъолият карда, амнияти шаҳрвандон ва назорати фаъолияти инфрасохтори шаҳри Душанберо таъмин мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба роҳбарияти корхона дастур додааст, ки ба хотири амалишавии лоиҳаҳои ҳушманд ва ба шаҳри инноватсионӣ табдил додани Душанбе, ҷалби шарикони рушд ва сармояи дохилиро ба роҳ монанд.
Таъкид шудааст, ки беш аз 200 нафар дар ин бино бо кор таъмин мегарданд.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навишт, ки кӯдакистони хусусии “Дурахшон”, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ карданд, 300 кӯдакро ба таҳсил фаро гирифта, бо харҷи 20 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Неъматулло Ҳаитов сохта шудааст.
Бинои кӯдакистон 4-ошёнагӣ буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассиса 45 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Дар Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки имрӯз боз шуд, дар як вақт 300 кас ба ташхису табобат фаро гирифта мешаванд.
Марказ дорои маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ташхиси рентгенӣ, томаграфияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултурасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо мебошад.
Дар идома, раиси ҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд шудааст, боздид карданд.
Дар гармхона 10 нафар бо кор таъмин гардида, ҳоло ба парвариши бодиринг ва дигар навъи сабзавот машғул ҳастанд.
“Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад”,- омадааст дар хабари расмӣ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба роҳбарияти гармхона барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ кардани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ кардани масоҳати гармхона ва таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тоза тавсияҳо додааст.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста