ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ИЮН

Соли 2004 – Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ барои нашр ва паҳн намудани ахбор аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

Соли 2005 – Тоҷикистон аввалин кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид, ки шабакаи 3G (сеюмин насл) бо стандарти UMTS (системаи универсалии мобилии телекоммуникатсионӣ)-ро ба истифода дод.

Соли 2009 – Парлумони кишвар лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба Қонун “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ”-ро, ки дар бораи системаи пулакии истифодаи роҳҳои автомобилгард дар кишвар буд, тасдиқ кард.

Соли 2010 – Охирин пайкараи бузурги доҳии пролетариат - Ленин, ки дар майдони Ваҳдат, дар рӯбарӯи бинои ҳукумати Хоруғ қомат афрохта буд, барканда шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1946 – Мавлуди Ҷӯрабек Назриев, донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик.

Ҷӯрабек Назриев

Ҷӯрабек Назрӣ яке аз донишмандони соҳаи адабиёт аст, ки дар баробари корҳои илмиву таҳқиқӣ ӯро даст дод, ки ҳамчун овозхони соҳибистеъдод шинохта шавад. Ба қавли ҳунарманди шинохта Ҷӯрабеки Мурод, “дар як китфаш ҳунар ва дар китфи дигараш илм ҷавонмардона ва тоҷикона илму ҳунарро пеш мебурд”.

Ҷӯрабек Назрӣ баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чандин сол раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Се соли охири зиндагиаш мудири Маркази мероси хаттӣ буд.

Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст.

Ҷӯрабек Назрӣ 24-уми майи соли 2020 дар 74-солагӣ даргузашт.

Соли 1949 – Зодрӯзи Ҳабибулло Ёров, рӯзноманигор ва фелетоннависи тоҷик, аввалин сармуҳаррири “Чархи гардун”.

Ҳабибулло Ёров

Ҳабибулло Ёров аз фелетоннависҳои маъруфи тоҷик аст, ки беш аз 100 фелетон навиштааст. Ӯ 20 сол, аз соли 1971 то 1991 дар нашрияи “Тоҷикистони советӣ”, ки имрӯз “Ҷумҳурият” унвон дорад, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Соли 1991 ҳамчун муовини сардори Раёсати кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати маданият ба фаъолият пардохт. Ҳабибулло Ёров аввалин сармуҳаррири нашрияи “Чархи гардун” буд, ки то соли 2007 ин масъулиятро ба зимма дошт. Баъдана сармуҳаррири нашрия ва маҷаллаҳои “Тоҷикматлубот” буд.

Ӯ муаллифи чандин китобҳо аст.

Соли 1953 – Мавлуди Рашид Олимов, дипломат, ходими давлатӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Рашид Қутбуддинович Олимов дар ин рӯзи соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1990) мебошад.

Ӯ солҳои зиёд дар вазифаву мақомҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, бештар ба масоили тарғиботиву ташвиқотӣ машғул буд.

Соли 1986 Рашид Олимов котиби якуми КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, бузургтарин нерӯи муттаҳид пас аз ҲК роҳбар интихоб мешавад ва то соли 1988 ифои вазифа мекунад. Дар ин муддат ӯ узви Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон низ буд.

Рашид Олимов

Солҳои 1988 - 1989 - котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, солҳои 1989 - 1990 - котиби дуюми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, солҳои 1990 - 1991 - раиси Кумитаи Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон, солҳои 1991 - 1992 - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то соли 2015 ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият кардааст.

Соли 2016 Рашид Олимов ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шуд ва то соли 2018 дар ин мақом кор кард.

Дороии рутбаи дипломатии Сафири фавқулода ва мухтор мебошад.

Муаллифи 13 монография ва беш аз 50 мақола оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар нашрияҳои илмии Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон ва Русия ба нашр расидаанд.

Бо орденҳои давлатӣ — “Дӯстии халқҳо” ва “Шараф” сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Соли 1968 – Зодрӯзи Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси пешини “Амонатбонк”.

Руҳуллоҳ Ҳакимзода

Руҳуллоҳ Ҳакимзода аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон буд, ки солиёни дароз дар мақомҳои роҳбарӣ дар вилояти Хатлон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ кор кардааст. Ӯ аз соли 2015 то аввали 2019 роҳбарии калонтарин бонки давлатии кишвар - “Амонатбонк”-ро ба уҳда дошт. Номбурда 11 майи соли 2020 чанд соат баъди марги писараш, Кароматуллоҳ Руҳуллозодаи 25-сола даргузашт.

Соли 1982 – Анвар Ғуломов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 23-юми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мешавад. Ин сана ба эҳёи ҳаракати олимпӣ дар шакли муосири он бахшида шудааст.

 


Сабаби интихоби ин рӯз дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1894 дар шаҳри Париж зимни Конгресси байналмилалии атлетикӣ, Пьер де Кубертен асосҳои ташкилии Бозиҳои олимпиро пешниҳод кард ва он аз ҷониби иштирокчиён қабул гардид.

Аз соли 2011 инҷониб 23-юми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии занҳои танҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти занону кӯдакони бе саробон таъсис ёфтааст.


Ба маълумоти СММ, дар ҷаҳон беш аз 258 миллион занони танҳо умр ба сар мебаранд ва ҳар даҳумашон дар шароити камбизоатии шадид зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар кишварҳои ҷангзада зиндагӣ доранд, ки дар шароити душвор кӯдаконашонро ба танҳоӣ тарбия менамоянд. Дар баробари мушкилоти иқтисодӣ, онҳо аксар вақт бо табъиз ва беэътиноӣ низ рӯбарӯ мешаванд. Ин рӯз имконият фароҳам меорад, то ҷомеа ва давлатҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии ин қишри осебпазир тадбирҳои мушаххас андешанд.

23 июн ҳамчунин Рӯзи хидмати давлатӣ аст, ки онро Созмони Милали Муттаҳид таъсис додааст. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани нуфуз ва қадршиносии хиздматчиёни давлатӣ мебошад.

23 июни соли 1998 табибони Маркази тиббии Донишгоҳи Питтсбург (ИМА) аввалин маротиба ба як шахс ҳуҷайраҳои сунъии мағзи сар пайваст карданд. Бемор парастори солхӯрдае бо номи Альма Серазини буд, ки пас аз сактаи мағзӣ аз фалаҷи нисфи рости бадан ва аз даст рафтани қобилияти гуфтор ранҷ мебурд.


Ин амалиёт дар таърихи тиб ҳамчун қадами нав ба сӯи барқарорсозии функсияҳои мағзи сар шинохта шуд. Пас аз ҷарроҳӣ ҳолати бемор беҳтар гардид ва ӯ тавонист боз 9 сол умр ба сар барад.

Дар ҳамин рӯз ба аввалин навъи мошини чопӣ патент дода шуд. Мошини чопӣ, ки ширкати Remington онро такмил дод, заминагузори мошинҳои чопии муосир гардид.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии хабаррасонҳо таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҷалби таваҷҷуҳ ба нақши хабаррасонҳо дар ошкорсозии фасод ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ таъсис ёфтааст. Мақсади ин рӯз ҳимояи ҳуқуқи хабаррасонҳо ва таъмини амнияти онҳо мебошад, зеро хабаррасонон дар бисёре аз кишварҳо бо хатар ва таъқиб рӯбарӯ мебошанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ИЮН СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 35+37º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 38+40º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.