“Азия – Плюс ” тасмим гирифт, тағйири намои чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти кишвар - Душанберо бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ барои солҳои 2010 – 2025 нишон диҳад.
Хиёбони Рӯдакӣ
Маркази шаҳр, майдони Дӯстӣ, атрофи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ” куллан тағйир ёфтааст. Давоми 15 сол дар минтақаҳои холӣ ва ба ҷои биноҳои кӯҳна биноҳои баландошёна қомат афрохта, чанд боғ бунёд шуд. Мисол, дар аксҳо дидан мумкин аст, ки давоми ин солҳо дар ин минтақа майдони “Нишони давлатӣ” , боғи “Парчами миллӣ” , биноҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумон пайдо шудаанд.
Хиёбони Саъдии Шерозӣ
Дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ, атрофи Сирки давлатӣ тағйироти чашмрас ин аст, ки дар қади роҳи асосии хиёбон сол аз сол биноҳои баландошёна зиёд мешаванд. Дар аксҳои моҳвораӣ ҳатто таъмири роҳҳоро низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ
Дар атрофи Театри давлатии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ мушоҳида кардан мумкин аст, сол аз сол роҳҳо васеъ гардида, дарахтон кам шудаанд. Биноҳои кӯҳна тахриб шуда сохтмони биноҳои нави баландошёна идома доранд.
Майдони Истиқлол ва Озодӣ ва чойхонаи "Роҳат"
Тағйироти чашмрас дар хиёбони Рӯдакӣ бунёди майдони Истиқлол ва Озодӣ, ҳамчунин биноҳои баландошёна аст. Тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки соли 2025 дигар дар аксҳои моҳвораи наафтидааст.
Бозори Корвон
Таъмиру азнавсозии Бозори “Корвон” ва бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматиро дар аксҳои моҳвораи метавон мушоҳида кард.
Кӯчаи Айнӣ
Дар кӯчаи Айнӣ ва атрофи он ба ҷои хонаҳои заминӣ биноҳои баландошёна зиёд шудаанд. Дар аксҳо тахриби Бозори “Шоҳмансур” (Зелёный) низ ба назар мерасад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста