ЧОРАБИНИҲОИ 4 АВГУСТ

Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (соати 09:00), Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (соати 10:00), Хадамоти зиддиинҳисорӣ (соати 11:00), Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (соати 14:00) дар толори  IT Park Dushanbe, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ (соати 08:00) ва шаҳри Ваҳдат (соати 09:00).

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 АВГУСТ

Соли 2009 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса барои сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе созишнома ба имзо расид.

Соли 2011 – Дар шаҳри Истаравшан дар ҶСП “Оби Зулол” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2019 – Дар деҳаи Фахрободи Тоҷикистон тайёраи Ан-2 суқут кард, ки дар натиҷа халабон ба ҳалокат расид.

Соли 2020 – Тоҷикистон парвозҳои мунтазамро бо шаҳри Дубай аз нав барқарор кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Зодрӯзи Оиша Ҳаётова, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Соли 1940 – Мавлуди Ҷамшед Каримов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.

 

Ҷамшед Каримов

Ҷамшед Каримов хатмкардаи Институти саноати сабуки Маскав бо ихтисоси информатика буда, дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият кардааст.

Ӯ солҳо муовини директор ва баъдан директори Институти илмию тадқиқотии иқтисодиёти Госплани Тоҷикистони шӯравӣ буд. Солҳои 1981-1988 муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистони шӯравӣ буд. Як муддат котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи ҲК Тоҷикистон ва баъдан муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон буд.

Ҷамшед Каримов сипас ноиби сарвазири Тоҷикистон таъин гардида, солҳои 1991-1993 намояндаи фавқулоддаи Тоҷикистон дар Русия буд.

Номбурда соли 1994 сарвазири Тоҷикистон таъин гардида, то соли 1996 дар ин мансаб буд. Солҳои 1997-2003 ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Чин ифои вазифа кард. Ӯ ҳамчунин вакили халқии ИҶШС буд.

Соли 1953 – Зодрӯзи Бурҳониддин Баҳоваддинов, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1954 – Мавлуди Акрам Акобиров, собиқ мушовири ВКХ Тоҷикистон.

Соли 1954 – Зодрӯзи Матлуба Ғаффорова, олим, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1981 – Зодрӯзи Алишер Додов, футболбози тоҷик, дарвозабон.

Соли 2014 – Аврод Бурҳонов, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар синни 79 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

4-уми августи соли 1668 Рӯзи пайдоиши шампан, яке аз нӯшокии машҳур аст. Дар ин рӯз дар вилояти Шампани Фаронса Дом Перинон ном шахс бори нахуст дар ҷараёни таҷрибаҳои худ шароби газнокеро омода кард, ки баъдан бо номи шампан маъруф гардид.

 


Фаронсиҳо бар онанд, ки танҳо онҳо ҳақ доранд ин нӯшокиро “шампан” номанд. Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, танҳо нӯшокиҳое, ки дар минтақаи Шампани Фаронса истеҳсол мешаванд, метавонанд чунин унвон дошта бошанд. Маҳз аз ҳамин рӯ, шампан яке аз рамзҳои ифтихори миллии Фаронса ба ҳисоб меравад.

Ҳамасола 4-уми август дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи занони коргари танҳо таҷлил мегардад. Ин рӯз ба саҳми ин гурӯҳи занон дар рушди ҷомеа бахшида шудааст. Онҳо нафаронеанд, ки бо вуҷуди танҳо будан, мустақилона зиндагӣ, таҳсил, кор мекунанд ва нақши муҳим дар ҷомеа доранд.

Дар бисёре аз кишварҳо то ҳол стереотипҳои қадимӣ боқӣ мондаанд. Баъзе афрод бар инанд, ки вазифаи асосии зан нигоҳубини хона ва оила аст. Заноне, ки роҳи дигарро интихоб мекунанд, яъне кор мекунанд, касб меомӯзанд ва мустақилона зиндагӣ мекунанд — бо хушунат ва муносибати нобаробар рӯ ба рӯ мешаванд.

Барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳуқуқ ва нақши чунин занон дар ҷомеа, соли 2006 Барбара Пейн ном амрикоӣ ин ҷашнро пешниҳод кард. Аз ҳамон сол инҷониб, 4-уми август ҳамчун рӯзи ғайрирасмии пуштибонии занони танҳо ва фаъоли коргар таҷлил мешавад ва ба ҷомеа ёдрас мекунад, ки ҳар зан ҳақ дорад роҳи зиндагии худро озодона интихоб кунад.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.