ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 АВГУСТ

Соли 1937 – Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таъсис ёфт.

Соли 2006 – Сокини 7 миллионуми Тоҷикистон, Фаридун Мусоев ба дунё омад.

Соли 2013 – Дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ бо навтарин технологияи аврупоӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2019 – Хӯҷа Каримов (Хӯҷа командир), фармондеҳи пешини Фронти халқӣ бо дархости Душанбе аз сӯи пулиси байналмилалӣ (Интерпол) дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Дертар, ӯ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аввал ба 14 соли зиндон ва баъдтар 7 соли дигар илова шуда, дар маҷмуъ 21 сол равонаи зиндон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1899 – Мавлуди Бобоқул Файзуллоев, овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Бобоқул Файзуллоев

Бобоқул Файзуллоев ба олами мусиқӣ хеле барвақт ворид шуда, аллакай то 14-солагӣ санъати навозандагию сарояндагиро фаро гирифт ва аллакай дар синни 20 баъзе шохаҳои “Шашмақом”-ро дар ҳамнавоии танбӯр иҷро мекард. Соли 1936 бори аввал порчаҳои ҷудогонаи “Шашмақом”-ро тариқи Радиои Умумииттифоқ манзури шунавандагон гардонид.

Ӯ як муддат дар дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият карда, шохаҳои муҳими мақомҳоро дар ҳамовозии танбӯр барои хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон сабт намудааст.

Мавсуф 4-уми августи соли 2014 дар синни 114 сол даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Ҷӯрабой Охунов, оҳангсози шинохтаи тоҷик.

Ҷӯрабой Охунов

Ҷӯрабой Охунов аз оҳангсозони маъруфи тоҷик буда, дар рушди мусиқии муосири тоҷик, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва густариши мактабҳои мусиқӣ саҳми бузург дорад.

Ӯ солҳо дар соҳаи мусиқӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда низ фаъолият дошта, дар жанрҳои кантата, оратория, асарҳои симфонӣ ва мусиқии халқӣ оҳангҳо эҷод кардааст.

Номбурда солҳо дар вазифаҳои директори Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, дирижёри оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радио ва муҳаррири нашриётҳои “Ирфон”, “Маориф”, “Адиб” фаъолият дошт.

Моҳи октябри соли 2016 Ҷӯрабой Охунов дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 1963 – Зодрӯзи Озарахш (Толиб Каримов), Шоири халқии Тоҷикистон.

Озарахш

Толиб Каримов, мутахаллис ба Озарахш яке аз шоирони мумтози имрӯзини кишвар на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои форсизабон аст. Шеъри ӯ ба далели содаву равон ва муассиру мардумӣ буданаш дили ҳазорон шеърдӯстонро тасхир намудааст. Махсусан, ҳофизон аз сурудаҳои ӯ фаровон истифода мекунанд ва василаи дигари оммавӣ гардидани шеъри ӯ маҳз ин аст.

Озарахш баъди хатми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон солҳо дар ин бахш фаъолият намуд. Аввал ба Кумитаи телевизион ва радио ба кор омада, сониян директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии “Союзтеатр” дар вилояти Суғд таъин гардид. Беш аз 10 сол, солҳои 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоятӣ буд.

Баъдан дар ҳафтаномаҳои “Нақлиёт”, “Адабиёт ва санъат” кор када, соли 2015 сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” таъин шуд ва то имрӯз дар ин мақом ифои вазифа мекунад.

Сурудаҳои Озарахш дар маҷмуаҳои “Аз чашмасор омадам”, “Чархболи Офтоб”, “Намози мусофир”, “Девони ишқ”, “Ояндаҳо” мунташир шудаанд. Ахиран китоби ӯ бо унвони “Гавҳари ишқ” ба нашр расида, дар Эрон низ ба хати форсӣ мунташир шуд.

Дар ин росто, ӯ чанд намоишнома низ навиштааст, ки беш аз 10-тои онҳо, чун “Сафедор”, “Равзанаи умед”, “Афсона ё ҳақиқат”, “Чашмаи Пардӯш”, “Гулҳо намемиранд”, “Ҳазордастон”, “Нақши Рӯдакӣ” аз ҷониби театрҳои кишвар саҳнагузорӣ шуда, манзури ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд.

Озарахш бо ҳамсараш Фарзонаи Хуҷандӣ, ки низ Шоири халқии Тоҷикистон аст, ба хотири фарзанди бафанопайвастаашон – Ҳумоюн маҳфилеро бо ин ном роҳандозӣ кардаанд, ки аксаран дар навоҳии Суғд бо иштироки шоирон баргузор мешавад. Имсол ин маҳфил дар Теҳрон ва ахиран дар Душанбе низ доир гардид.

Гузориши "Азия-Плюс"-ро аз ин маҳфил дар матлаби “Корвонкашони шеъри муосир” ва “мусофирони навандеш дар адабиёт”. Маҳфили Озарахшу Фарзона дар Душанбе чӣ гуна гузашт? мутолиа кунед.

Соли 1963 – Мавлуди Лайлӣ Бобоева, доктори илми фалсафа.

Соли 2020 – Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи  Cуруди миллии Тоҷикистон дар синни 75 аз олам чашм баст.

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ва яке аз шоирони саршиноси Тоҷикистон буда, дар рушди шеъри бачагонаи кишвар саҳми назаррас дорад. Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд.

Ӯ фориғуттаҳсили факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар риштаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият кардааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз шуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Пайванд”, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаи “Ваҳдат” фаъолият дошт. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат кардааст.

Шоири тоҷик солҳои 2005-2010 вакили парлумони Тоҷикистон буд. Баъдан як муддат ҳамчун раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кард.

Шеърҳои аввалини Гулназар Келдӣ замони мактабхониаш ба табъ расида, маҷмӯаи нахустинаш соли 1969 бо унвони “Расми сарбозӣ” интишор ёфтааст. Ӯ муаллифи беш аз 40 маҷмӯаи ашъор, аз ҷумла, “Фасли оғоз”, “Тулӯи беборӣ”, “Оинаи ташна”, “Туву хубиву раъноӣ”, “Сафина”, “Шоиру шеъре агар ҳаст…”, “Оғӯши саршор”, “Девори сабз”, “Дарёи кӯча” аст.

Гулназар Келдӣ соли 1995 барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи “Се кулчаи танӯрӣ” ба Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардидааст.

Ӯ ҳамчунин дар навиштани филмнома ҳам маҳорат дошт ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми силсилафилми “Дар орзуи падар” аст. Мавсуф муаллифи “Суруди миллии Тоҷикистон” аст, ки соли 1994 пазируфта шудааст.

Ӯ дар 75-солагӣ бо гумони гирифторӣ ба коронавируси нав дар беморхона бистарӣ шуд ва баъди чанде, 13-уми августи соли 2020 даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.

Соли 2021 – Ҷумъабой Азизқулов, пажӯҳишгар, тарҷумон ва донишноманависи тоҷик дар синни 87 даргузашт.

Ҷумъабой Азизқулов

Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан ходими илмии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррири илмӣ, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик буд.

Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст.

«Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд.

Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

13-уми август Рӯзи ҷаҳонии чапдастон таҷдид мешавад. Ин рӯзро бори аввал 13-уми августи соли 1992 бо ташаббуси Клуби чапдастони Британия, ки соли 1990 таъсис ёфта буд, ҷашн гирифтанд. Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоту хусусиятҳои зиндагии одамони чапдаст аст.


Рӯзи13-уми августи соли 1961 сохтмони Девори Берлин оғоз шуд. Он бо мақсади пешгирӣ аз фирори аҳолӣ аз Ҷумҳурии Демократии Олмон ба Берлини Ғарбӣ бунёд гардид. То он вақт ба Ғарб тақрибан ду миллион нафар гурехта буданд.


Девор 45 километр дар дохили шаҳр ва 120 километр дар атрофи Берлини Ғарбӣ тӯл мекашид. 9-уми ноябри соли 1989, пас аз суқути режими коммунистӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон, хароб кардани девор оғоз ёфт ва ба зудӣ он пурра барҳам дода шуд.

13-уми августи соли 1928 нахустин маротиба телевизиони ранга пахш шудааст. Дар Лондон тавассути радиостансияи ширкати саҳҳомии аврупоӣ, ки онро ихтироъкор ва олими шотландӣ Ҷон Лоуги Бэрд таъсис дода буд, нахустин пахши телевизиони ранга сурат гирифт.

Бартарии низоми ӯ дар он буд, ки тасвири телевизионӣ бо вуҷуди сифати паст тавассути системаи маъмулии радиопахши миёна интиқол меёфт. Бэрд тавонист ин тасвирро тавассути шабакаи BBC низ пахш намояд.


Аввалин тасвир андозаи тақрибан маркаи почтавӣ дошта, суст ва ларзон буд ва танҳо сояи чеҳраҳоро нишон медод. Гарчанде соли 1926 кӯшиши аввалин ноком монд, аммо тамошобинон аз он шигифтзада шуданд.

Ду сол баъд, соли 1928, ӯ аввалин намунаи амалкунандаи телевизиони рангаи ҷаҳонро сохт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, рӯзона 32+37º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23 гарм, рӯзона 36+38º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.