Абдуқодири Раҳим, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик имрӯз, 12-уми сентябр дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора ҳамкоронаш аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ӯ чанд рӯзи охир бемор ва дар Беморхонаи марказии тиббии рақами №1, маъруф ба “Якум советский” бистарӣ буд.
Маросими видоъ пагоҳ, 13-уми сентябр, дар назди хонааш – кӯчаи Ҳувайдуллоев (канори фурӯшгоҳи асосии “Ёвар”) баргузор гашта, намози ҷанозаи марҳум соати 09:00 дар масҷиди воқеъ дар пушти бинои Додситонии кулли Тоҷикистон хонда мешавад.
Абдуқодири Раҳимов 17-уми январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омада буд. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯдакӣ (1979) ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984) аст.
Ӯ солҳои 1984 - 1985 дар телевизиони тоҷик кор карда, солҳои 1985-87 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (Ҷалолиддни Балхии ҳозира) буд.
Солҳои 1987-1990 хабарнигор ва котиби масъули рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, солҳои 1990-1993 муҳаррири калон ва мудири шуъбаи маҷаллаи “Фарҳанг” ва солҳои 1993-1999 мухбири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд. Аз соли 1999 то имрӯз ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият мекард.

Марҳум дар баробари рӯзноманигорӣ, инчунин ба шоириву нависандагӣ рағбат дошт ва аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури “Дурӯғи шабнам” (1993), “Чароғи ошноӣ” (1997), “Ҷилваи як нола” (1998), “Нусхаи парешонӣ” (2000), “Рӯшноӣ” (2003), “Фиреби меҳр” (2003), “Хилвати Ойина” (2005), “Духтари афсонаҳо” (2006) гирд омадаанд.
Мавзӯи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан, инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғайра буданд.
Абдуқодири Раҳим аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2018 Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистонро соҳиб шуда буд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони Абдуқодири Раҳим изҳор ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил металабанд!




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста