Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе эълон кард, ки дар ин ниҳод хидматрасонии пешниҳоди маълумотномаи доғи судӣ оғоз ёфтааст.
Ин ниҳод имрӯз, 13-уми сентябр, гуфт, акнун сокинони пойтахт метавонанд, аз рӯзи душанбе то шанбе, аз соати 08:00 то 16:00 барои гирифтани ин санад ба РВКД дар Душанбе муроҷиат кунанд.
Қаблан маълумотномаи доғи судиро танҳо аз воҳидҳои маркази иттилоотии ВКД гирифтан имкон дошт.
Дар Тоҷикистон як шарти қабул ба кор пешниҳоди маълумотнома дар бораи доғи судӣ аст. Дар ин санади навишта мешавад, ки фард ҷинояте кардааст, ё не. Нархи он аз 30 сомонӣ (дар муҳлати 10 рӯзи корӣ додан) то 50 сомонӣ (дар муҳлати 7 рӯзи корӣ додан) аст.
Барои гирифтани маълумотномаи доғӣ судӣ чунин ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд (барои ноболиғон);
- маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи ангушт) (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд);
- пешниҳоди расиди пардохти хидматрасонӣ.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста