Имрӯз, 4-уми октябр, дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ ва 90-солагии забоншиноси шинохтаву зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов, конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ ба мавзуи ”Масъалаҳои мубрами медиалингвистика ва услубшиносӣ дар замони муосир” бахшида шуда, пажуҳишгарони услуби забонро ба ҳам овард.
Дар ҷараёни чорабинӣ, маърӯзачиён нақши бузурги шодравон профессор Баҳриддин Камолиддиновро дар шаклгирӣ ва рушди услубшиносии тоҷик ва медиалингвистика ишора карда, шогирдону фарзандон аз шахсияту хислатҳои неки ӯ ҳамчун падар, устод, олим ва роҳнамо ёдовар шуданд.

Баҳриддин Камолиддинов доктори илмҳои филология, профессори соҳибмактаб, яке аз бунёдгузорони услубшиносии тоҷик буда, оид ба самтҳои гуногуни забоншиносии тоҷик асарҳои бунёдии илмиву таҳқиқотӣ навиштааст.
Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи филологияи ДМТ-ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори ДМТ ва аз соли 1994 то охири умр дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика ҳамчун мудир ва муаллим кор кардааст. Баҳриддин Камолиддинов муаллифи наздики 20 асари илмӣ ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ аст. Маъруфтарин асарҳои ӯ “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” ва “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” мебошанд.
Агар умр вафо мекард, имсол устод Баҳриддин Камолиддинов 90 сола мешуд. Ӯ 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид.




Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2025
“Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 5 сол гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста