ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 5 ОКТЯБР

– Дар шаҳри Лимаи кишвари Перу мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон оғоз гардида, то 7-уми октябр идома мекунад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 4 паҳлавон намояндагӣ мекунанд: Икром Шамсов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг, Эҳсон Сафарзода дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг.

– Соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Шуча” (як навъи моҳӣ) ба саҳна гузошта мешавад. Он аз рӯйи песаи Владимир Маслов таҳия шуда, ба афсонаи маъруфи “Шалғам” монанд аст. Аммо фарқияти асосӣ ин ҷост, ки дар ин намоиш худи тамошобинони хурдсол низ дар саҳна иштирок мекунанд.

Арзиши чипта 20 сомонӣ аст.

 


ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 ОКТЯБР

Соли 2001 –  Тамғаи савдои “MLT – Хатҳои мобилии Тоҷикистон”, ки баъдан ба “МегаФон Тоҷикистон” табдил ёфт, ба қайд гирифта шуд.

Соли 2004 – Тоҷикистон ба созмони байналмилалии Интерпол шомил шуд.

Соли 2005 – Додгоҳ Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократии Тоҷикистонро барои ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи “Тоҷикгаз”, ҳифзу нигаҳдории силоҳ айбдор ва ба 23 сол зиндон маҳкум кард. Искандаров ҳукмро ва қазияро сиёсӣ хонданд.

Соли 2007 – Дар Душанбе се нишасти сатҳи олӣ ҳамзамон баргузор гардид: нишасти сарони давлатҳои ИДМ, сарони ҳукуматҳои ЕврАзЭС ва сарони давлатҳои узви СААД.

Соли 2009 – Ба сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи исломии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд. Калонтарин масҷиди Тоҷикистонро 8-уми июни соли 2023 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ карданд. Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа бошад 21-уми августи имсол ба истифода дода шуд.

Соли 2009 – Қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Аз соли 2009 то имрӯз ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад.

 


Забони тоҷикӣ бори аввал 22-юми июли соли 1989 бо талабу гирдиҳамоиҳои зиёиёни тоҷик мақоми давлатӣ гирифт ва то соли 2009 ин ҷашн 22-юми июл таҷлил мешуд.

Чӣ гуна аз 22-юми июл ба 5 –уми октябр гузаштани Рӯзи забон ва дар ин замина, тағйирот дар забонро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Аз 22-юми июл ба 5-уми октябр. “Кӯчбандӣ” мушкилоти забонро ҳал кард?

Соли 2012 – Дар Душанбе Протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои СААД оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот тасдиқ гардид.

Соли 2016 – Дар шаҳри Кӯлоб Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон расман ифтитоҳ шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1900 – Мавлуди Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

 

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода дар хонадони шоири номӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ беш аз 30 сол ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият карда, солҳои охири ҳаёташ муҳарририи Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Суҳайлӣ Ҷавҳаризода муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Фатҳнома”, “Тӯҳфа”, “Гулдаста”, “Бӯстон”, “Баҳори Ватан”, “Қисмати Карим”, драмаи “Пионер Содиқ”, достони “Қувваи дӯстӣ” ва дигар китобҳо аст.

Номбурда шеъру достонҳои алоҳидаи А. Пушкин, М. Лермонтов, Н. Некрасов, И. Крилов, К. Чуковскийро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Соли 1908 – Мавлуди Раҳим Ҳошим, адабиётшинос, мунаққид, мутарҷим ва нависандаи тоҷик.

Раҳим Ҳошим дар мактаби ибтидоии усули ҷадид ва мактаби навташкиле, ки устод Айнӣ дарс мегуфт таҳсил карда, баъдан дар Дорулмуаллимини Самарқанд таълимро идома додааст.

Ӯ солҳо фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта, дар рӯзномаи “Зарафшон”, маҷаллаи “Маориф ва ӯқитувчи”, “Раҳбари дониш”, Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.

Раҳим Ҳошим соли 1930 ба Тоҷикистон омад ва дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Аммо соли 1944 ба Сибир бадарға шуда, 10 сол – то соли 1954 онҷо буд. Соли 1955 ба Тоҷикистон баргашт ва то охири умр Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо фаъолият кард. Номбурда 24-уми октябри соли 1993 дар синни 85 даргузашт.

 

Раҳим Ҳошим

Фаъолияти илмии Раҳим Ҳошим аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъи масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” нашр шудаанд. Муаллифи рисолаҳои “Пире, ки ҷавон шудааст” (дар бораи Устод Айнӣ), “Ҳайкали бузурги назм” (дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), “Ибни Сино”, “Абӯрайҳони Берунӣ” мебошад. Соли 1971 китоби ёддоштҳояш “Сухан аз устодон ва дӯстон” ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон таҷассум ёфтаанд.

Ӯ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дошта, романи “Модар” ва ҳикояҳои Максим Горкий, “Шоҳу гадо”-и Марк Твен, “Анна Каренина”, “Чингизхон”-и В. Ян, “Чаманоро”-и Рашид Нурӣ, “Робинзон Крузо”-и Даниел Дефо ва дигар асарҳои ҷаҳониро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Инчунин дар таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғати русӣ-тоҷикӣ” саҳм доштааст.

Соли 1911 – Мавлуди Наъимҷон Ғиёсов, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Наъимҷон Ғиёсов яке аз чеҳраҳои намоёни ҳунар дар замони шӯравӣ дар саҳнаи театри тоҷик буд. Ӯ фаъолияти худро гарчанде аз омӯзгорӣ оғоз намуд, аммо баъд то вопасин лаҳзаи ҳаёт дар театр ҳунарнамоӣ кардааст.

Ӯ солҳо ҳамчун инструктор ва мудири шуъбаи маориф дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон хидмат карда, аз соли 1934 то охири умр ҳунарпешаи Театри давлатии Лоҳутӣ буд.

Наъимҷон Ғиёсов давоми 34 соли фаъолияти эҷодиаш дар саҳнаи ин театр  беш аз 100 нақш офаридааст, ки Соҳибдодхоҳ дар “Калтакдорони сурх”, раис Наъимов дар “Саодат”, Дож дар “Отелло”, Ҷалолуддин дар “А. Навоӣ”, вазир дар “Афсонаи ишқ”, оқсаққол дар “Дохунда”, Наср дар “Рӯдакӣ”, Муров дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, доктор Силвио дар “Хизматгори ду хоҷа” аз ин зумраанд. Ӯ дар синамо низ нақшҳои ҷолиб офаридааст.

Соли 1930 – Зодрӯзи Раҳмон Набиев, ходими сиёсӣ ва ҳизбӣ, аввалин президенти Тоҷикистони мустақил.

 

Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон буда, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои зиёд раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1946 ба ҳайси муҳосиб дар колхоз шурӯъ карда, баъди хатми техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (Хуҷанд) ва Институти ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд, солҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор кардааст.

Раҳмон Набиев аз соли 1961 ба кори ҳизбӣ гузашта, солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои 1982-1986 Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон буд. Ӯ инчунин дар чанд навбат вакили Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

24-уми ноябри соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо касби 56 дарсади овозҳо ғолиб дониста шуд. Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва 7-уми сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро ба истеъфо аз мансаби президентӣ маҷбур карданд. Раҳмон Набиев 11-уми апрели соли 1993 дар синни 62 дар Хуҷанд даргузашт.

Соли 1935 – Мавлуди Амонуллоҳ Неъматзода, рӯҳонии тоҷик, собиқ муфтии Тоҷикистон.

 

Амонуллоҳ Неъматзода

Амонуллоҳ Неъматзода яке аз руҳониёни шинохта дар Тоҷикистон буд. Ӯ то соли 1983 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Баъди ин, фаъолияти расмии ӯ дар сафи рӯҳониён оғоз ёфт. Нахуст имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин шуд. Аз соли 1989 то 1993 ба ҳайси имоми панҷвақтаи масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Соли 1993 ба мақоми хатиби ҳамин масҷид расид ва то соли 1996 он ҷо буд.

Соли 1996 ба вазифаи муфтии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин мақом то соли 1997 фаъолият намуда, пас аз он раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон интихоб гардид. То охири умр, яъне то соли 2010, ӯ дар ҳамин мақом фаъолият бурд.

Амонуллоҳ Неъматзода 6-уми сентябри соли 2010 дар синни 75-солагӣ бар асари бемории саратон даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Юсуф Нуралиев, дорушинос, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1946 – Мавлуди Сулаймон Анварӣ, забоншинос ва адиби тоҷик.

Соли 1949 –  Зодрӯзи Қурбоналӣ Ёқубов, мутриб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1952 – Мавлуди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон.

 

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 1969 ҳамчун устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ кардааст. Баъди се соли хидмати ҳарбӣ дар Флоти уқёнуси Ором, соли 1974 ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1976-1987 дар Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор карда, муддате раисӣ кардааст. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти давлатӣ соли 1990, замоне ки ӯ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, шурӯъ шуд. Соли 1992 бошад, аввал раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб ва сипас раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 1994 дар интихоботи президенти пирӯз эълон шуд. Ҳамин тавр ӯ дар 4 интихоботи баъдӣ низ пирӯз эълон шуд ва то имрӯз дар ин мақом фаъолият дорад.

Соли 1953 – Мавлуди Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Саидқул Билолов

Саидқул Билолов яке аз сарояндагони шинохтаи кишвар буда, аксар суруду таронаҳои ӯ дар пояи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ оҳанг баста шудааст. Ӯ аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова буда, ба ҷодаи ҳунар ҳанӯз дар 12-солагӣ қадам ниҳодааст.

Саидқул Билолов то имрӯз дар дастаҳои гуногуни ҳунарӣ фаъолият карда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ низ буд. Аз ҷумла, як муддат роҳбари бадеии Ансамбли “Дарё” ва директори маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ буда, солҳои 2000-2005 вакили парлумони Тоҷикистон низ буд.

Ӯ давоми фаъолияти ҳунарии худ беш аз 300 суруду тарона эҷод наудааст. Таронаҳои “Ватан”, “Хайр, то рӯзи дигар”, “Зиндагӣ дарёст”, “Бибор, эй барф”, “Бӯса ба дунё задам”, “Эй сорбон, оҳиста рон!”, “Синафигор”, “Дилхунук”, “Бинол, эй най”, “Хами абрӯ”, “Суруди садоқат”, “Тоҷикистон - ҷону ҷонон”, “Дар дили ман монд”, “Чанори садсола”, “Дарахти дӯстӣ”, “Тоҷикистон”, “Олучаи латтадор”, “Аз хуни Сиёвушем” аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд. Ӯ дар эҷоди хеш ба шеърҳои Бозор Собир таваҷҷуҳи вижа дорад.

Соли 1955 – Зодрӯзи Анушервон Бекасиён, ҳайкалтарош, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Махсум Олимӣ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Соли 1967 – Мавлуди Фурқат Саид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Фурқат Саид

Фурқати Саид хатмкардаи факултаи мусиқии тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, фаъолияти ҳунариашро соли 1992 дар ансамбли “Ҷаҳоноро” оғоз намудааст. Солҳои баъди дар ансамбли “Дарё” ҳунарнамоӣ карда, муддате сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.

Фурқати Саид соли 2007 роҳбари бадеии ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов таъин гардид ва то кунун дар ин вазифа кор мекунад.

Ӯ дар иҷрои сурудҳои классикӣ ва халқӣ маҳорати хоса дошта, “Ушшоқи Ҳисор”, “Талқинчаи Сабо”, “Мустазоди Рок”, “Ушшоқи Хуқанд”, “Савти Чоргоҳ” барин шохаҳои овозии “Шашмақом”-ро бо сабки хос сурудааст.

Таронаҳои “Зиндагӣ”, “Эй Ватан”, “Соҳибдилон”, “Риштаи умр”, “Эй ёраки ҷон”, “Ёди ту кунам”, “Бекасӣ”, “Дил меравад”, “Риштаи ҷон” аз беҳтарин сурудҳои эҷодкардааш мебошанд.

Маҷмӯъаи чанде аз оҳангҳояш бо номҳои “Мутриби ишқ” ва “Навои андалеб” ба нашр расидааст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Зайналобуддин Боқизода, арбоби давлатӣ, муовини пешини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.

Соли 2021 – Амонқул Холиқназаров, роҳбари ансамбли “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар синни 79 даргузашт.

Соли 2023 – Муртазо Зайниддинов, адабиётшиноси тоҷик, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сини 65 даргузашт.

САНАҲОИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор таҷлил мешавад. Имсол ин рӯз ба 5-уми октябр мувофиқ меояд. Он ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон таҷлил карда мешавад.

 


То солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи омӯзгорон 1-уми октябр таҷлил мегардид. Пас аз соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ санаи таҷлили он тағйир дода шуда, ба якшанбеи аввали моҳи октябр интиқол ёфт.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон буда, ҳамасола дар беш аз сад кишвари ҷаҳон ҷашн мегиранд.

Сарманшаи ин ҷашн ба 5-уми октябри соли 1966 бармегардад, ки дар шаҳри Париж Конфронси махсуси байниҳукуматӣ оид ба мақоми омӯзгорон баргузор шуда буд. Дар анҷоми ин ҳамоиш ҳуҷҷати муҳиме бо номи “Тавсияҳо дар бораи мақоми омӯзгорон” қабул гардид, ки нахустин санади байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқ, масъулият ва нақши омӯзгорон ба шумор меравад.

Аз соли 1994, бо ташаббуси ЮНЕСКО 5-уми октябр расман ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор пазируфта шуд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе кишварҳо санаи таҷлили он бо анъанаҳои миллӣ фарқ мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мешавад.

Имрӯз Рӯзи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) аст. Он яке аз муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист буда, ҳадафи асосии он ҳифзи гуногунии биологӣ, нигоҳдории захираҳои табиӣ ва пешгирии нестшавии намудҳои ҳайвонот ва наботот аст.

 


Созмон бо ҷамъоварии маълумоти илмӣ, гузаронидани тадқиқотҳо ва ташкили конгрессҳо дар кишварҳои мухталиф, ҷомеаро ба масъулияти экологӣ ҷалб мекунад.

Маҳз ҳамин иттиҳод соли 1963 ибтикор гирифт, ки “Китоби Сурх”- феҳристи байналмилалии намудҳои ҳайвонот ва набототе, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, таъсис дода шавад. Ин рӯйхат то имрӯз яке аз муҳимтарин аснод дар соҳаи ҳифзи табиат ба ҳисоб меравад ва мунтазам нав карда мешавад.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 10+15º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назаар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.