Беш аз як ҳафта аз бозгашти таҳримҳои Шурои амнияти СММ алайҳи Эрон пушти сар шуд. Ин таҳримҳо, ки соли 2015, баъди музокироти Эрон бо панҷ қудрати ҷаҳон боздошта шуда буд, дубора ва бо хосту талоши Амрикову чанд кишвари Аврупо бозгардонида шуд. Пешниҳоди Чину Русия барои ба таъхир андохтани он дар Шурои амнияти СММ ҷонибдории кофӣ наёфт.

Ин чӣ таҳримҳо аст ва таъсири он ба иқтисоду тасмимгириҳои Эрон чӣ гуна хоҳад буд? Таҳримҳои бозгашта ба равобити тиҷоратии Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар чанд соли охир рӯ ба афзоиш аст, чӣ таъсир метавонад гузорад?

Ба ин суолҳо Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик талош кард, посух гӯяд.

Қосими Бекмуҳаммад
Asia-Plus

 

Ин чӣ таҳримҳо аст?

Имрӯз аз бозгашти таҳримҳо даҳ рӯз гузашт, аммо сухан гуфтан аз паёмадҳои воқеии ин иқдом барои Эрон каме зуд аст, зеро осори бахши зиёде аз таҳримҳо бо гузашти моҳҳову солҳо намоён мешавад. Ин бор таҳримҳо дар ҳоле бозгардонда шудаанд, ки Эрон дар камтар аз чор моҳи пеш бо Исроилу ИМА даргирии мустақими низомӣ доштаву такрори он аз эҳтимол дур нахоҳад буд.

Пас аз 10 сол қатъномаҳои 1696 (манъи ғанисозии уран), 1737 (манъи фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаӣ ва интиқоли фанноварӣ), 1747 (тақвияти таҳримҳо, маҳдудиятҳои молиявӣ ва таслиҳотӣ), 1803 (маҳдудиятҳои бонкӣ, бозрасии борҳо, мамнуъияти бештари сафарҳои хориҷии ашхоси мансабдор), 1835 (тасдиқи таъаҳҳудоти Эрон ва такрори талаботи қаблӣ) ва 1929 (таҳрими ҳамаҷонибаи таслиҳотӣ, маҳдудиятҳои бонкӣ ва киштиронӣ) дубора фаъол карда шуданд.

Ҳамон гуна ки мушоҳида мегардад, қатъномаҳои зикршуда асосан афрод ва ширкатҳои дорои иртибот бо барномаи ҳастаӣ ва мушакии Эронро ҳадаф қарор дода, равобити тиҷории хориҷ аз ин чорчӯб таҳти таҳримҳо қарор намегирад.

Аз ҷумла, содироти нафт, ки яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодии Эрон мебошад, ба сурати мустақим таҳрим нашудааст, аммо маҳдудиятҳои бонкӣ ва киштиронӣ метавонанд боиси эҷоди мушкилот гардад. Ба ҳар ҳол, Эрон дар соли гузашта ба миқдори 67 миллиард доллар нафт содир кардааст, ки болотарин рақам дар даҳ соли ахир мебошад. Чин, ки мухолифи бозгашти таҳримҳои СММ аст, бузургтарин харидори нафти Эрон буда, ҳамкориҳои худро бо Теҳрон идома хоҳад дод. Илова бар он, кишварҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки алоқаманди ҳифзи муносиботи нафтии худ бо Эрон ҳастанд.

Майдони Озодӣ дар Теҳрон
Акс аз сомонаи fotolia.com

 

Таъсири таҳримҳо ва иқдомоти Эрон

Бозгашти таҳримҳои СММ мумкин аст дастрасии Эрон ба бозорҳои ҷаҳонӣ, системаи бонкии байналмиллалӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, содироти нафт ва воридоти бархе аз колоҳоро маҳдудтар кунад, ки бар асари он коҳиши арзиши пули милли Эрон “риёл” низ аз эҳтимол дур нахоҳад буд.

Маълум аст, ки омилҳои ёдшуда бар шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии Эрон таъсир мегузорад  ва ҳукумат ба хотири коҳиши осебпазирии гурӯҳҳои камдаромади ҷомеа ба онҳо ёронаҳо (субсидияҳо) ва бастаҳои ҳимоятӣ вогузор мекунад.

Бояд зикр кард, ки Эрон ҳудуди панҷ даҳа аст, бо таҳримҳои байналмиллалӣ зиндагӣ кардаву барои муқобила бо онҳо таҷрибаи арзишманде андухтааст. Чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар сатҳи бахши хусусӣ роҳкорҳое андешида шудааст, ки асари таҳримҳоро маҳдуд мекунад. Аз ҷумлаи чунин роҳкорҳо ҳамкорӣ бо кишварҳоест, ки ин таҳримҳоро ғайриодилона медонанд.

Фарқи шароити кунунӣ бо як даҳаи пеш дар он аст, ки ин бор Русияву Чин ба унвони ду шарики роҳбурдии Эрон алайҳи қатъномаи СММ овоз доданд, ки метавонад маънои пойбанд набудан ба онро дошта бошад. Бархе аз кишварҳои дигар ҳам ба Теҳрон паём додаанд, ки омодаи идомаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ҳастанд.

Эрон маъмулан дар шароити таҳримҳо бар рушди тиҷорати хурду миёна ва афзоиши тавлидоти ҷойгузини колоҳои воридотӣ тамаркуз мекунад. Неруи инсонии ҷавону таҳсилкарда ва бахусус фаъолияти он дар арсаҳои навоварӣ ва фанноварӣ ба муваффақияти ин раванд кумак мекунад.

Гузашта аз он, Эрон дорои манобеъи табиъии бисёр зиёдест, ки истифодаи дуруст аз онҳо шароитро тағйир хоҳад дод. Худи аҳолии беш аз 80 миллионнафарии ин кишвар бозори бузурге барои тавлидкунандагони дохилист. Хулоса, бо истифода аз зарфиятҳои дохиливу хориҷӣ Эрон метавонад таъсири манфии таҳримҳоро коҳиш диҳад.

Акс аз сомонаи eurasiatoday.ru

Масалан, Эрон дар соли 2012 дар авҷи таҳримҳои хориҷӣ 32,5 миллиард доллар содироти ғайринафтӣ дошт, ки онро дар соли 2018 бо вуҷуди таҳримҳои иқтисодии шадиди ИМА ба 44 миллиард доллар расонд. Ин рақам дар соли 2024 то 57,8 миллиард доллар афзоиш ёфт ва дар маҷмуъ тиҷорати хориҷии ғайринафтии Эрон 130,2 миллиард долларро ташкил дод.

Ин бадон маъност, ки агар ҳам фурӯши нафти Эрон маҳдуд шавад (бо ҳифзи сатҳи кунунии ҳамкориҳои энержии Теҳрону Пекин ин иттифоқ нахоҳад афтод: танҳо дар соли гузашта ба Чин ба маблағи 67 миллиард доллар нафт содир шудааст), бо тадбирҳое, ки барои ҷойгузинии нафт бо колоҳои ғайринафтӣ андешида шудааст, интизороти ИМА ва Ғарб аз варшикастагии иқтисодии Эрон рух нахоҳад дод.

Ишора ба як нукта низ вазъияти воқеиро бештар рушан мекунад. Дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорати миёни Эрон ва Иттиҳоди Аврупо 4,5 миллиард евроро ташкил додааст, ки камтар аз Русия (4.8 миллиард доллар) буда, аслан бо тиҷорати миёни Эрону Чин қобили қиёс ҳам нест (фақат тиҷорати ғайринафтии Теҳрону Пекин ҳудуди 36 миллиард доллар аст).

Бинобар ин, ҳатто қатъ шудани муносибатҳои тиҷории Теҳрон бо Аврупо ба иқтисоди Эрон осеби ҷиддӣ нахоҳад зад.

 

Бозигарони калидӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муносибат бо Эрон мавқеи ду шарики роҳбурдӣ - Русияву Чин, ки бо қатъномаи СММ барои бозгардонии таҳримҳо мухолифат карданд, аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Бинобар ин, мумкин аст кишварҳои минтақа зимни ҳифзи “бетарафии фаъол” ба ҳамкориҳои тиҷорӣ ва транзитӣ бо Эрон идома диҳанд, бавижа агар Теҳрон вогузории имтиёзотеро дар назар гирад.

Ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон бо Эрон бештар дар заминаҳое анҷом мешавад, ки асосан дар доираи таҳримҳои СММ, ИМА в Иттиҳоди Аврупо қарор намегиранд. Ин таъсири ҷиддии таҳримҳо бар муносибатҳои дуҷониба бо Теҳронро коҳиш медиҳад. Гузашта аз он, ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай метавонанд муносибатҳои тиҷории худро бо истифода аз пулҳои миллиашон ё ба сурати мубодилаи коло (монанди Русияву Чин) идома диҳанд.

Аз ин лиҳоз, шояд мубодилаи тиҷории миёни Тоҷикистону Эрон, ки дар соли 2024 ба 378 миллион доллар расид, аз бозгашти таҳримҳои СММ осеби камтаре бинад. Мушкилоте, ки мумкин аст пеш ояд, бештар ба масъалаҳое монанди замонатҳои бонкӣ, интиқоли пул,  бимаи коло ва монанди инҳо иртибот дорад. Вале бо таваҷҷуҳ ба ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ва Эрон то соли 2015 ва таҷрибаи дар ин замина андӯхтаи онҳо, пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкили эҳтимолӣ низ имконпазир хоҳад буд.

Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

 

Бандари Чобаҳор

ИМА ахиран бандари Чобаҳори Эронро низ, ки ба сурати асосӣ Ҳинд дар он сармоягузорӣ мекунад ва омили муҳим дар сиёсати минтақавии Деҳлии нав дар робита ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ мебошад, таҳрим кард. Ин бандари уқёнусӣ дар оянда барои дастёбии кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Марказӣ ба обҳои озод ва содироту воридоти коло бо харҷи камтару замони кутоҳтар аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор мешавад. Тоҷикистон низ ду сол пеш бо Эрон бораи интиқоли байналмилалии бор ва транзит тавассути ин бандар тавофуқ ҳосил карда буд. Аммо ин бандар ҳоло ба таври комил фаъол нест ва дар тиҷорату интиқоли бор нақши муассире надорад.

Дар ҳоли ҳозир кишварҳои минтақаи мо бештар аз Бандар Аббос, ки як қутби ҳамлунақлии калидӣ бо зерсохтҳои комилу густарда аст, истифода мекунанд. Яъне метавон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир таҳрим шудани Чобаҳор ба содироту воридоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи Эрон таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт.

 

Чаро таҳримҳо бозгаштанд?

Омили аслии бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон барномаи ҳастаии ин кишвар аст. Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ хостори қатъи густариши барномаи ҳастаии Эрон дар ҳар шакл ҳастанд. Аммо Эрон ба идомаи рушди барномаи ҳастаии сулҳомези худ пофишорӣ дорад.

Яке аз пурсишҳои асосӣ дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ин аст, ки чаро ин кишвар бо вуҷуди имзои Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва ҳамкории мустақим бо Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ мавриди беэътимодӣ қарор мегирад, дар ҳоле ки бархе аз кишварҳо, монанди Исроил, бо доштани силоҳи ҳастаӣ ва сарпечӣ аз имзои Паймони ёдшуда, бо Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ низ ҳеч гуна ҳамкорӣ намекунад?

Мухолифати Исроил бо боздиди бозрасони Ожонс аз таъсисоти ҳастаияш ба ин далел сурат мегирад, ки узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ нест. Вуҷуди чунин нигоҳи дугона ба истифода аз энержии ҳастаӣ ба яке аз баҳсбарангезтарин масъалаҳои сиёсати байналмиллалӣ имрӯз табдил ёфтаву тафовути нигоҳи Ғарб ба Исроил ва Эронро нишон медиҳад. Ба иборати дигар, силоҳи ҳастаии Исроил “омили боздорондагӣ” дар баробари таҳдиди беруна аст, аммо эҳтимоли дастёбии Эрон ба чунин силоҳ “хатар барои амнияти байналмиллалӣ” дониста мешавад.

Акс аз ruskompromat.info

Пас оё хуруҷи Эрон аз ин Паймон метавонад боиси коҳиши фишорҳо ба ин кишвар шавад? Маълум аст, ки ҳаргиз! Аммо Кореяи Шимолӣ чунин кореро анҷом дод. Ин кишвар дар соли 2003 узвияти худро дар ин Паймон қатъ кард, бо таҳримҳои фалаҷкунандаи СММ рӯбарӯ шуд ва дар соли 2006 нахустин озмоиши ҳастаиро анҷом дод. Ҳоло он аз силоҳи ҳастаӣ ба унвони омили боздорандагӣ истифода мекунад, ҳарчанд ин иқдом боиси баставу мунзавӣ ва аз назари равобити иқтисодӣ маҳдуд шудани ин кишвар гардидааст.

Нигаронӣ аз он аст, ки фишорҳои беш аз пеши Ғарб Эронро вориди ин масир кунад (чизе ки бархе аз сиёсатмадорони эронӣ хоҳони онанд), агарчӣ то ҳол ҳеч далели қотеъе дар мавриди рӯйкарди ғайрисулҳомези барномаи ҳастаии он матраҳ нашудааст.

Маълум аст, ки дар сурати интихоби масири Кореяи Шимолӣ сарнавишти Эрон бо ин кишвар мутафовиттар хоҳад буд, зеро он дар қалби Ховари Миёна қарор доштаву дастрасиаш ба силоҳи ҳастаӣ муъодилоти геополитикии ин минтақаи ҳассоси ҷаҳониро тағйир хоҳад дод. Ин чизест, ки на танҳо ИМА ва Аврупо, балки қудратҳову кишварҳои дигар низ аз он бим доранд.

Дар ҳар сурат барандаи мутлақу ниҳойии ин “бозӣ” кист?

Бидуни шак чунин барандае вуҷуд надорад. Эрон бо ин ки зери фишори таҳримҳо бештар худкифову тобовар мешавад, аммо аз маҳдудияти иртиботу ҳамкорӣ бо хориҷ осебҳое низ мебинад. ИМА ва Аврупо ҳам бо муқобила бо Эрон маҷбуранд барои ҳифзи нуфузи худ дар Ховари Миёна ҳазинаҳои геополитикӣ, амниятӣ ва иқтисодиашонро афзоиш диҳанд. Яъне аз идомаи ин вазъият ҳар ду тараф зиён мебинанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.