ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 8 ОКТЯБР
- Имрӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин сафар, ӯ бо роҳбарияти олии Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, дар натиҷаи он имзои созишномаҳо ҳам дар назар аст.
Владимир Путин ҳамчунин, дар доираи сафари худ дар ҷаласаи сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Русия ширкат мекунад.
Барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ ки рӯзи 10-уми октябр дар Душанбе доир мешавад, раҳбарони қариб 10 давлат ба Тоҷикистон меоянд.
Дар остонаи баргузории чорабиниҳио байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣ, масҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе шуруъ аз имрӯз то 6 рӯз баста мешаванд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 ОКТЯБР
Соли 1920 – Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро таъсис ёфт ва баъд аз гузаронидани тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар Осиёи Миёна дар соли 1924 барҳам хурд.
Соли 2002 – Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи стратегии пешгирии паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)-ро дар кишвар тасдиқ кард.
Соли 2013 – Дар маркази ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи “Авесто Арена” ба истифода дода шуд.
Соли 2014 – Дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии “Фалак” баргузор гардид.
Соли 2017 – Комроншоҳ Устопирён, варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо медали тилло ба даст овард.
Соли 2023 – Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд мактаби миёна, марҳилаи 5” созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Зодрӯзи Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои филология.

Баҳриддин Камолиддинов аз сарҳангони илми забоншиносӣ дар кишвар буда, ҳамкасбонаш аз ӯ чун олими пурмаҳсул ва дорои мактаби хос ном мебаранд. Саҳми ӯ, ки ҳамеша барои покизагии забони тоҷикӣ кӯшидааст, дар рушди забоншиносии тоҷик бориз арзёбӣ мешавад.
Баҳриддин Камолиддинов, ки фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, баъди итмом дар ин факулта ба фаъолият пардохта, муддате муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим ва солҳои 1994-2011 мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ будааст.
Ӯ муаллифи як қатор асарҳои боарзиш дар риштаи забону забоншиносӣ аст. Асарҳои илмии “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён”, “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ”, “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”, “Забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ”, “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” аз боарзиштарин таълифоти Баҳриддин Камолиддинов ба ҳисоб мераванд.
Баҳриддин Камолиддинов 13-уми майи соли 2020 дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Андешаи забоншиносони тоҷикро пиромуни корнома ва шахсияти донишманди тоҷик дар матлаби “Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов” мутолиа кунед.
Соли 1954 – Мавлуди Давлаталӣ Убайдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Давлаталӣ Убайдуллоев ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик буда, дар таҳияи чанд намошнома низ ҳамчун коргардон саҳм доштааст. Ӯ солҳо дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ, Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва театри “Аҳорун” ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ аз ҷумла дар намоишҳои “Вақте ки шаҳр хуфта буд”, “Бозиҳои бераҳмона”, “Юсуфи гумгашта…” нақш бозида, ҷоизадори ҷашнвораҳои байналмилалӣ низ ҳаст.
Ҳамчун коргардон намоишҳои “Мири Кабир”, “Паёми Зардушт”, “Дон Жуан”-ро рӯйи саҳна оварда, дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода аз маҳорати актёрӣ дарс мегӯяд.
Соли 1966 – Зодрӯзи Наргис Бандишоева, овозхони тоҷик.
Ин овозхони ҷавонмарги тоҷик дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва Бунафша Бекова таваллуд шудааст. Ӯ дар байни мардум зуд шӯҳрат пайдо кард ва сурудҳояш то ҳол маҳбуби халқ аст.
Ӯ дар маҳбубтарин фестивали байналмилалии он замон – “Овози Осиё”, ки дар Олмотӣ баргузор шуда буд, ғолиб омад.
Рӯзи 21-уми сентябри соли 1991 дар роҳи бозгашт аз ноҳияи Варзоб мошини онҳо бо автобусе, ки аз пеш меомад, бармехӯрад. Наргис ва як дӯсташ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Соли 1981 – Мавлуди Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар.

Мавсума Муинӣ яке аз кадрҳое гуфта мешавад, ки дар синни ҷавонӣ ва як муддати кӯтоҳ ба вазифаҳои баланди давлатӣ расид. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос буда, чанд сол дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат кор кард. Баъдан соли 2009 бо қарори ҳукумати кишвар аввал муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва баъдан муовини аввали раиси ин ниҳод таъин шуд.
Муинӣ, ки солҳои 2017-2022 муовини раиси шаҳри Душанбе буд, соли 2022 раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид ва то соли 2023 дар ин курсӣ кор кард.
Соли 2023 номзадии ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 ба ҷои Галбаҳор Назирӣ, ки муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида буд, пешниҳод шуд ва ҳамин тариқ, вакили парлумон интихоб шуд. Моҳи феврали соли 2024 муовини раиси палати поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб гардид. Дар инхоботи парлумонии соли равон ҳам дигарбору вакил интихоб шуд ва курсии муовини расиро дар ин ниҳоди қонунгузор ҳифз карад.
Соли 2020 – Муҳаммадқул Ҳазратқулов, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа дар синни 75 даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
8-уми октябри соли 1906 Лев Толстой, нависандаи бузурги рус аз гирифтани Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт даст кашид. Академияи илмҳои Русия Толстойро ба ин ҷоиза номзад кард, аммо нависанда аз он сарпечӣ кард ва дар номае ба нависандаи финнӣ Арвид Ярнефелт чунин навишт:
“Ба ҳар роҳе бошад, кӯшиш кунед, то ин ҷоиза ба ман дода нашавад. Агар чунин шавад, рад кардани он барои ман бисёр ногувор хоҳад буд”.

Ярнефелт ин дархостро иҷро кард ва натиҷа ин шуд, ки ҷоиза ба шоири итолиёвӣ Ҷозуэ Кардуччи ном нависандаи итолиёвӣ дода шуд.
8-уми октябри соли 1945, Персӣ Спенсер, муҳандиси амрикоӣ печи хӯрокгармкунӣ (микроволновка)-ро ихтироъ кард ва иҷозатнома гирифт.
Гуфта мешавад, идеяи ин ихтироъ ба ӯ замони таҷриба бо лампаи электронӣ, ки мавҷи гармиро тавлид мекунад, пайдо шудааст. Печҳои нахустин, ки “СВЧ-печ” ном доштанд, хеле бузург буда, 175 сантиметр баландӣ ва 340 кило вазн доштанд.

Танҳо аз соли 1955 истеҳсоли намунаҳои хурди хонагӣ оғоз ёфт ва соли 1962 аввалин печи хӯрокгармкунб ба бозор баромад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11 гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 18+20º гарм.




“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста