Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ + Русия” ва нишасти сарони ИДМ бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Содир Жапаров ва Сардор Бердимуҳамадов, раисҷумҳурони Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Душанбе мулоқот кардааст.

 

Дидор бо раисҷумҳури Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот Содир Жапаров гуфтааст, ки "бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо дар муносибатҳои дуҷониба ҳал намоем”.

Ӯ таъкид кардааст, ки амалисозии тавофуқоти қаблан ба дастомада зарур буда, “мо бояд доираи муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитариро васеъ созем”.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Дар ин мулоқот ба истифодаи самараноки имконоти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба татбиқи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шудааст.

Ҳамчунин, атрофи таҳкими ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вокуниш ба таҳдиду хатарҳо, ба гуфтаи манбаъ, “гуфтугӯйи судманд” сурат гирифтааст.

 

Дидор бо раисҷумҳури Қазоқистон

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо Қосим-Жомарт Тоқаев масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, фарҳанг, энергетика, саноат, сармоягузорӣ, фанновариҳои нав, аз ҷумла дар самти “сабз”-ро баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон Қазоқистонро “аз шарикони муҳими Тоҷикистон” дониста, гуфтааст, Тоҷикистон “алоқаманди рушди шарикии стратегиву ҳампаймонӣ” бо ин давлат аст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Тоқаев
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Ба иттилои расмӣ, дар нима якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни ду кишвар ба 670 миллион сомонӣ расидааст. Дар хабари расмӣ гуфта шудааст, ки барои рушди тиҷорати дуҷониба, зиёд кардани номгӯи маҳсулоти содиротиву воридотӣ ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақаиву байналмилалиро низ муҳокима кардаанд.

 

Дидор бо раисҷумҳури Туркманистон

Дар мулоқот бо Сардор Бердимуҳамадов “масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ”-ро баррасӣ шудааст

Дар вохӯрӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаст, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад”.

Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” баён кардаанд", - гуфта мешавад дар хабарномаи Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикитсон.

Ҳамзамон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зарур шумурда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор Бердимуҳамадов
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ зоҳир гардидааст.

Густариши равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар чорабиниҳои муштарак муҳим арзёбӣ гардидааст.

 

Дидор бо раисҷумҳури Ӯзбекистон​​​​​​​

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом дода, гуфтааст, ки “вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд, то масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд”.

Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори омодагӣ кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Акс аз хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

“Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид гардид”, - омадааст дар хабари расмӣ.

Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани фанновариҳои нав, аз ҷумла “сабз” ибрози омодагӣ карда шудааст.

Сарони ду давлат аз рушди мусбати робитаҳои байниминтақавӣ ва ҷоннок гардидани робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ - Русия” ва нишасти сарони ИДМ ба Тоҷикистон омаданд. Он имрӯз ва пагоҳ дар Душанбе мегузарад.

Бояд гуфт, ки дирӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ барои анҷоми сафари давлатӣ ва ширкат дар ин ҳамоишҳо ба Тоҷикистон омад. Ӯ имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, байни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳо байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣмасҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.