"Somon.tj" - онлайн платформаи бузургтарини Тоҷикистон, аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо ҷанговари машҳури UFC Лоиқ Раҷабов хабар медиҳад. Тибқи ин созишнома варзишгар мақоми расмии Амбассадори самти амволи ғайриманқулро дар "Somon.tj" гирифта, бо қувва ва шуҳрати худ имиҷи брендро қавитар кард.

Ин ҳамкорӣ рамзи иттиҳоди қувва, устуворӣ ва касбият аст - сифатҳое, ки варзишгари муваффақ ва бренди пешсафи тоҷикро муттаҳид мекунанд.

Лоиқ Раҷабов - яке аз ҷанговарони муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон аст, ки таҳти сарпарастии UFC баромад мекунад. Номи ӯ кайҳост бо ирода, устуворӣ ва муборизаи ростқавлона пайваст аст.

Ҳамкории мазкур қадами нав дар пешравии бренд дар бозори амволи ғайриманқул мешавад, ки арзишҳои асосии он - боварӣ, обрӯ ва шинохташавандагӣ мебошад. Дар доираи ин ҳамкорӣ ширкат кӯшиш мекунад, ки қувваҳои асосии платформаи "Somon.tj"-ро дар самти амволи ғайриманқул пеш барад ва нишон диҳад, ки ин платформаи муосири IT мебошад, ки фаъолона рушд карда, ба истифодабарандагон роҳҳои рақамии қулай барои ҷустуҷӯ, харид ё иҷораи манзил дар тамоми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

"Somon.tj" технология, таҷриба ва фаҳмиши ниёзҳои одамонро муттаҳид карда, кӯшиш мекунад, ки ба мардум дарёфти манзилро зуд, боэътимод ва бо роҳати бештар таъмин намояд.

"Барои мо ин танҳо як шартномаи таблиғотӣ нест. Ин ҳамкорӣ бо шахсе аст, ки миллионҳо одамонро илҳом мебахшад, ва қувваи рӯҳӣ ва энергияаш бо фалсафаи Somon.tj мувофиқат мекунад. Мо боварӣ дорем, ки ин ҳамкорӣ имиҷи бренди моро боз ҳам мустаҳкамтар месозад ва мавқеи онро дар бозори амволи ғайриманқул қавитар мегардонад", — гуфт Мугминат Авезова, директори генералии "Somon.tj".

Ташаббусҳои муштарак дар доираи ин ҳамкорӣ ба пешбурди имиҷи мусбати Тоҷикистон ва рушди фарҳанги бозори муосир равона мешаванд.

Ин ҳамкорӣ намунаи он мешавад, ки чӣ гуна брендҳои миллӣ ва шахсиятҳои таъсиргузор якҷоя метавонанд боиси афзудани эътимод ва илҳомбахшии ҷомеа гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.