ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 10 ОКТЯБР

- Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиш (Саммит)-и роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ роҳбарони ҳудуди 10 кишвар иштирок мекунанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, густариши гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди алоқаҳои гуманитарию фарҳангӣ дар доираи ИДМ муҳокима карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҳамоиш санадҳои муҳим имзо мешаванд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва мутақобилан судманд равона карда шудаанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 10 ОКТЯБР

Дар Тоҷикистон 10-уми октябр “Рӯзи фалак” таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 2007 эътироф шуда, ҳар сол он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.


Фалак мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик буда, бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст. Ҳунармандони маъруфе, чун Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин жанранд.

Соли 1948 – Дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аввалин Спартакиадаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2000 – Созмони иқтисодии авруосиёӣ (ЕврАзЭС) таъсис ёфт.

Соли 2005 – Дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Порис) Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардид.

Соли 2013 – Дар шаҳри Хоруғ бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.

Соли 2017 – Дар Тоҷикистон бонки нав - “Коммерсбонк Тоҷикистон” таъсис ёфт.

Соли 2018 – Дар Душанбе нахустин форуми сеҷонибаи тиҷоратӣ байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Саидалӣ Вализода, шоир, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Саидалӣ Вализода

Саидалӣ Вализода асосан дар такя ба рӯйдодҳои замони зиндагиаш эҷод кардааст.

Аксари шеърҳои дар замони ҶБВ навиштааш барои баланд кардани рӯҳияи халқ ва бар зидди фашизм навишта шудаанд. Минбаъд, замони осоиштагӣ дар мадҳи тинҷии замон ва корнамоии шахсиятҳои давр навиштаҳо дорад.

Ӯ моҳи декабри соли 1971 дар 71 солагӣ даргузашт.

Ҳоло дар Кӯлоб Осорхонаи ба номи Саидали Вализода фаъолият дорад.

Соли 1894 – Мавлуди Ҳикмат Ризо, ҳофиз ва шоири халқӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1921 – Зодрӯзи Рауф Баротов, геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик.

Соли 1932 – Мавлуди Абдуҳамид Ҷӯраев, риёзидон, доктори илмҳои физика ва математика..

Соли 1939 – Зодрӯзи Мастибек Паллаев, овозхон ва ширинкори тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони шуравӣ.

Мастибек Паллаев

Мастибек Паллаев дар ҳамкорӣ бо Устоқадам Машрабов саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд.

Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои “Усто ва Масто" буда, ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд.

Мутаассифона, баъди фавти фоҷиаомези ин ду санъаткор дигар амалан касе равиши ҳунарашонро пайгирӣ накардааст.

Соли 1939 – Мавлуди Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва коргардони барҷастаи театру синамои тоҷик.

Маҳмудҷон Воҳидов

Маҳмудҷон Воҳидов 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” то ба ҳол шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд.

Дар ин радиф, намоишномаҳои “Қисмати шоир”, “Ромео ва Ҷулйетта”, “Муфаттиш”, филмҳои ҳунарии “Зумрад”, “Ҳасани аробакаш” ва “Достони Рустам ва Сӯҳроб”-и ӯ дар хотираи миллат нақш бастаанд.

Маҳмуд Воҳидов дар айни камолот - 38-солагӣ дар сафари эҷодие дар шаҳри Бағдод вафот кард. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябри соли 1977 аз шаҳри Бағдод ба Душанбе омад ва ба хок супорида шуд. Бо гузашти беш аз 45 сол марги ӯ мармуз боқӣ монда, воқеият то ҳол ошкор нашудааст.

Дар бораи марги Мавмудҷон Воҳидов дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Марги печидаву мармуз”. Пас аз 45 сол касе воқеияти вафоти Маҳмудҷон Воҳидовро ошкор намекунад

Соли 1946 – Зодрӯзи Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон.

Аскар Ҳаким

Аскар Ҳаким, ки замоне раиси Иттифоқи нависандагони тоҷик буд, хатмкардаи факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияти худро аз Кумитаи телевизион ва радио оғоз намуда, сипас дар нашрияҳои”Садои Шарқ” ва “Маданияти Тоҷикистон” (ҳозира “Адабиёт ва санъат”) фаъолият доштааст.

Шоир аз соли 1991 то марти соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар эҷоди шеър низ дасти қавӣ дошта, дорандаи унвони Шоири халқии Тоҷикистон аст.

Ашъори дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи кутуби “Раҳнавард”, “Тарозуи Офтоб”, “Шаҳри меҳолуд”, “Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким”, “Ашъори мунтахаб нашр гардидаанд.

Аскар Ҳаким инчунин ба тарҷумаи асарҳои бузургони адабиёт пардохта, “Дӯзах”-и Данте, “Сотников”-и В. Быков ва осори М. Лермонтов, Г. Эминро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Соли 1960 – Мавлуди Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Хосияти Зарафшонӣ шохаю бахшҳои ҷудогонаи “Шашмақом”-ро бо лаҳни хос иҷро намуда, дар тарғибу тарвиҷи ин шоҳкории мусиқӣ нақши босазо гузоштааст. Ӯ худ мусаннифи оҳангҳои зиёд буда, ҳамчунин сурудҳои оҳангсозони тоҷик ва таронаҳои мардумиро иҷро намудааст.

Ӯ солҳо дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуда, беш аз 60 суруд мураттаб намудааст. 

“Ҳасрати зулф”, “Соқиё”, “Гуфтем”, “Ҳикоят мекунад”, “Гӯё кун забонамро”, “Рӯзгори баргашта”, “Хорам макун”, “Ташнаи ёди Зарафшон”, “Нигина ёр”, “Майда-майда хол дорӣ”, “Ёд аз мани ошиқ кунед”, “Падарам”, “Мард агар ошиқ шавад”, “Ханда кун”, “Дар банди хаёли ту” аз беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1970 – Мавлуди Фарангис Шарифзода, забоншиноси тоҷик, роҳбари Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ.

Фарангис Шарифзода

Фарангис Шарифзода нахустин занест, ки ба ҳайси директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ таъйин гардидааст. Ӯ дар оилаи адабиётшиноси маъруф, Худоӣ Шарифзода ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон аст ва муддатҳо дар симмати сардори департаменти Донишгоҳи Гуманитарии Байналмилалӣ фаъолият кардааст.

Ӯ соли 2022 директори Институти забон ва адабиёт таъин гардид ва то ҳол ин вазифаро ба уҳда дорад.

“Азия-Плюс” замони нав ба ин вазифа таъин шудани забоншинос бо ӯ мусоҳиба анҷом дода буд, ки дар ин матлаб мутолиа кунед: Фарангис Шарифзода: Забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ таҳқиқ мешаванд

Соли 1974 – Мавлуди  Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.

Соли 1977 – Зодрӯзи Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Соли 1989 – Раҳим Ҷалил, нависанда, тарҷумон ва драманависи тоҷик дар 80-солагӣ даргузашт.

Раҳим Ҷалил

Раҳим Ҷалил аз нависандагони забардасти роману ҳикоянигор эътироф шудааст. Ӯ аввал дар мактаби куҳна, баъди Инқилоби Октябр дар мактаби шӯроӣ таҳсил гирифта, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст.

Ӯ ба саҳнаи адабиёт бо шеърнависӣ ворид шуда, баъдан асосан осори мансур офаридааст. Маъруфтарин романҳои ӯ “Одамони ҷовид” ва “Шӯроб” мебошанд, ки номи нависанда ба василаи эҷоди ин романҳо ҷовидона гардидааст.

Ӯ ҳамчунин як қатор осори саҳнавӣ ҳам офаридааст, ки аз рӯйи навиштаҳояш намоишномаҳои “Фарҳоду Ширин”, “Санавбар”, “Зани 96-ум”, “Ду вохӯрӣ”, “Дили шоир” рӯйи саҳна омадаанд.

Раҳим Ҷалил 10-уми октябри соли 1989 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1995 – Лутфӣ Зоҳидова, аввалин раққосаи балети Тоҷикистон дар синни 69 даргузашт.

Лутфӣ Зоҳидова

Лутфӣ Зоҳидова аввалин раққосаи балет дар Тоҷикистони шуравӣ буда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намудааст.

Ӯ бори аввал дар балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки соли 1947 дар саҳнаи ин театр гузошта шуд, ҳунарнамоӣ карда, барои иҷрои нақши Лайлӣ бо ҷоизаи "Сталин" сарфароз гардидааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 10-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии саломатии равонӣ таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1992 бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии саломатии рӯҳӣ таъсис ёфта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи аҳамияти нигоҳубини равонӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои рӯҳӣ мебошад.


Ба иттилои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), тақрибан 1 миллиард нафар дар ҷаҳон аз бемориҳои равонӣ ранҷ мекашанд.

10-уми октябр ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ҷазои қатл шинохта шудааст. Ин рӯз аз соли 2003 бо ташаббуси Эътилофи ҷаҳонии манъи ҷазои қатл таҷлил мешавад. Ҳадафи он коҳиши ҳукмҳои қатл ва пурра аз байн бурдани он дар ҷаҳон аст.


Имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон ин навъи ҷазоро бекор ё мутаваққиф кардаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол дар беш аз 60 давлат, аз ҷумла дар беш аз 30 иёлати Амрико ҷазои қатл амал мекунад.

10-уми октябри соли 1976 Димитрион Йорданидис ном сокини 100-солаи юнонӣ дар мусобиқаи дав пирӯз омад. Ӯ масофаи марафониро, ки беш аз 42 км буд, дар 7 соату 33 дақиқа тай кард.


Ин сабқат ӯро ба китоби рекордҳои ғайрирасмии ҷаҳон ворид намуд. Баъдтар ин рекордро Бастер Мартин, сокини 101-солаи англис нав кард.

10 -уми октябри соли 2006, шабакаи иҷтимоии маъруфи “ВКонтакте” фаъолияти худро оғоз намуд. Муаллиф ва таъсисдиҳандаи он Павел Дуров, барномасози ҷавон  буд, ки мехост платформаеро барои муоширати донишҷӯён офарад.


Аввал лоиҳа номи Studlist.ru дошт, вале баъдан ба “ВКонтакте” иваз шуд. 10-уми октябр ҳамчун рӯзи ихтирои расмии он пазируфта шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Павел Дуров чанд функсияи аввалини сомонаро ба кор даровард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º хунук, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.