ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 12 ОКТЯБР
Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ёдбуди Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, шоири бузурги форсу тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори ЮНЕСКО ин сана ба рӯйхати байналмилалии санаҳои фарҳангӣ ворид шудааст. Осори Ҳофиз, ки бо сабку мазмунҳои пурҳикмат, ирфонӣ ва ишқӣ маъруф аст, ҷилои афкори маънавии ҷаҳони форсизабонон мебошад.
Шеъри ӯ саршор аз рамзҳо, фалсафа ва ирфон буда, садсолаҳо инҷониб илҳомбахши адабиёти башарӣ аст.

Соли 1933 – Боғи ботаникии пойтахти Тоҷикистон ва ё Боғи Ирам ифтитоҳ шудааст.
Соли 2004 – Дар пойтахт нахустин фестивали байналмилалии синамо бо номи “Дидор” баргузор гардид.
Соли 2009 – Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ шуд. Дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шоҳзода Карим Оғохони IV иштирок карданд. Ин панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон ва нахустин марказ дар Осиёи Марказӣ аст.

Соли 2010 – Саидмукаррам Абдуқодирзода раиси нави Шӯрои уламои Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 2011 – Маҷлиси намояндагон ба Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он роҳбарони идораҳои давлатӣ дигар ҳақ надоранд хешовандони худро ба кор қабул кунанд.
Соли 2015 – Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд Созишномаи “Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000”-ро ба имзо расонид.
Соли 2018 – Дар Бӯстонсарои ҳукуматии “Кохи Сомон” дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1922 – Мавлуди Ҳамид Гадоев, таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1936 – Зодрӯзи Ҳаким Абдулмаҷид, шоири тоҷик.
Соли 1939 – Мавлуди Шафеъии Кадканӣ, шоир, нависанда ва муҳаққиқи маъруфи эронӣ.
Соли 1953 – Зодрӯзи Талабхӯҷа Сатторов, оҳангсози тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва раиси нахустини Консерваторияи миллӣ.

Талабхӯҷа Сатторов, бастакори машҳури тоҷик хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский буда, фаъолияти эҷодияшро аз муҳарририи шӯъбаи мусиқии Вазорати фарҳанг оғоз кардааст. Дар вазифаҳои муҳими илмӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла ҳамчун декан, ректор ва раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то поёни умр ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.
Сатторов дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ – симфонӣ, кантата, баллада, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнавӣ асарҳои мондагор офаридааст. Операи “Рустам ва Суҳроб”, кантатаҳои “Арсаи ваҳдат”, “Ҷаҳони тоҷикон” ва сурудҳои “Таронаи Ватан”, “Ҷавонӣ” ва “Мо олами меҳрем” аз асарҳои намоёни ӯянд.
Соли 1954 – Мавлуди Искандари Хатлонӣ, шоир, рӯзноманигор ва мутарҷими тоҷик.
Соли 1957 – Зодрӯзи Набиҷон Раҳимов, муаррих ва бостоншиноси тоҷик.
Соли 1961 – Мавлуди Рустам Шукуров, таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1992 – Фатҳиддин Тешаев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар синни 31 даргузашт.
Соли 2011 – Юсуф Акобиров, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар синни 74 даргузашт.

Юсуф Акобиров зодаи деҳаи Соктареи Бухоро буда, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили илм кардааст. Баъдан дар курси олии филмноманависон дар Маскав низ омӯзиш гирифтааст.
Ӯ солҳо дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, моҳномаи “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ва муддате дар Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Баъдан қариб даҳ сол дар Афғонистон ба тарҷумонӣ машғул буд.
Ӯ муаллифи романҳои “Замини падарон”, “Норак”, “Водии муҳаббат”, “Дунё ба умед”, қиссаҳои “Вақте ки осиё бозмонд”, “Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам”, “Мунира”, “Балоғат”, очерку ҳикояҳои “Қандак гул кард”, “Осмони соф”, “Садриддин Айнӣ” аст.
Драмаи ӯ – “Рӯдакӣ” аз ҷониби Театри давлатии Хуҷанд ва драмаи “Лайлатулқадр” дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуда, дар заминаи “Вақте ки осиё бозмонд” ва “Балоғат” филмҳои бадеӣ офарида шудаанд
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 12-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси созмонҳои тиббӣ ва ҷамъиятҳои беморон барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ин бемории паҳншуда ҷорӣ шудааст.

Артрит илтиҳоби буғумҳо ё чанд буғум аст, ки дар сурати табобат нагирифтан метавонад боиси дард, маҳдуд шудани ҳаракат, деформатсия ва ҳатто маъюбӣ гардад.
Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), тақрибан ҳар даҳумин сокини сайёра аз артрит ранҷ мебарад. Аз ин рӯ, ин рӯз аҳамияти иҷтимоӣ ва тиббии хеле калон дорад.
12-уми октябри соли 1492 экспедитсияи Христофор Колумб, маллоҳи испанӣ пас аз сафари тӯлонӣ ба ҷазираи Сан-Салвадор расид. Ин сана дар таърих ҳамчун рӯзи кашфи Амрико сабт гардидааст.

Гарчанде олимон то имрӯз дар мавриди “аввалин кашфкунанда”-и қитъаи нав баҳс мекунанд, аммо маҳз экспедитсияи Колумб аввалин маротиба ба он заминҳои нав расидааст.
Дар ҳамин рӯзи соли 1957 нахустнамоиши яке аз машҳуртарин филмҳои синамои шӯравӣ – “Турнаҳо парвоз мекунанд” бо коргардонии Михаил Калатозов баргузор гардид. Ин драмаи ҷангӣ саргузашти ишқи поку фоҷиавии ду ҷавон, Борис ва Вероникаро нақл мекунад, ки ҷанг онҳоро аз ҳам ҷудо месозад. Филм пур аз эҳсос ва андешаҳои инсонӣ аст.
Соли 1958 филм дар фестивали байналмилалии Канн ҷоизаи асосиро соҳиб гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 12 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 21+23º гарм.




Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2025
“Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 5 сол гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста