ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дуюмин ПЛАС-Форуми Байналмилалии “Digital Tajikistan”-ро баргузор менамояд. 

Форум фурсати муносиб барои коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон, донишҷӯён ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ буда, тавассути он бо ҳамдигар мулоқот мекунанд ва дар бунёди ояндаи рақамӣ саҳм мегузоранд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2009 – БДА “Амонатбонк” ва Бонки давлатии Чин Созишнома дар бораи истифодаи пули чинӣ дар ҳамкории молиявиро ба имзо расониданд.

Соли 2011 – Дар ҳавопаймои Ту-154-и ширкати “Tajik Air”, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард, писарча таваллуд шуд.

 

ШАХСИЯТҲО 

Соли 1910 – Мавлуди Мирбобо Зиёев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1947 – Мавлуди Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Парда Қосим аз овозхонҳои саршиноси тоҷик буда, бо сурудаҳои марғубаш дар дили ҳаводорон ҷо гирифтааст. Ӯ беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ”-и ноҳияи Панҷ ва аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии “Лола” буд.

Парда Қосим осори шуарои классик ва муосири тоҷикро оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш “Бародарам”, “Тоҷикистон аз манӣ”, “Ман масту ту девона”, “Эй ошиқон”, “Юсуфи гумгашта”, “Сурӯши Сталинград”, “Доғи ғурбат”, “Наврӯзи оворагӣ”, “Бӯса ба дарё задам” ва ғайра мебошанд.

Ӯ соле пеш дар 76-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо ҳунарпешаро дар гузориши “Азия-Плюс” бо номи  “Ҳастиаш ҳунар буд". Парда Қосимро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд” тамошо кунед.

Соли 1958 – Мавлуди Абдуқодири Рустам, нависанда, тарҷумон ва адабиётшиноси тоҷик.

Абдуқодири Рустам

Абдуқодири Рустам нависанда, тарҷумон, мунаққид ва пажӯҳишгари тоҷик буда, моҳи феврали соли 2024 ба 4,5 сол зиндон маҳкум шуд. Номи Абдуқодири Рустам дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-и Абдухалил Холиқзода зикр шуда, муаллиф ба ӯ изҳори сипос кардааст. Додситони кулли кишвар ӯро барои “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” (моддаи 189 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) муттаҳам намуд.

Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, соли 1981 дар нашриёти “Ирфон” аввал чун мусаҳҳеҳ ба кор оғоз кард, баъд муҳаррири хурд ва муҳаррир шуд.

Нахустин китобаш бо номи “Бурси дуреша” соли 1986 дар нашриёти “Ирфон” чоп шуд, ки маҷмуъаи насри бадеии адиби ҷавон ба шумор мерафт.

Ҷанги дохилӣ ӯро низ ба гирдоби муҳоҷирати иҷборӣ ҳаво дод ва чанд сол дар Қазоқистон зист. Соли 2003 дар Алмато китоби ӯ бо номи “Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар” чоп шуд. Дар Алмато, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорӣ ба пажӯҳиш машғул шуд. Баъдан китоби “Чойхонаи “Роҳат”, романи “Пойҳо ва рӯйҳо” ба табъ расид. 

Соли 2020 – Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори тоҷик дар Хуҷанд дар синни 57 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ 

Ҳамасола 13-уми октябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) соли 1989 бо қарори Маҷмааи умумӣ таъсис ёфтааст, то кишварҳо ва ҷомеаҳо ба зарурати кам кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.


 

Мақсади асосӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи он аст, ки чӣ гуна метавон хатари заминларза, обхезӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табииро коҳиш дод.

Ҳамасола 13-уми октябр дар ҷаҳон Рӯзи мубориза бо тромбоз ҷашн гирифта мешавад. Тромбоз ин бемориест, ки дар он хун дар дохили рагҳо (яъне найчаҳое, ки хун аз дил ба узвҳо меравад ва бармегардад) лахта мешавад. Он метавонад ҷараёни муқаррарии хунро бандад. Агар ин лахта дар рагҳои дил пайдо шавад, метавонад сактаи дил оварад. Агар ба рагҳои шуш гузарад, метавонад басташавии рагҳои шуш (эмболияи шуш) ба амал ояд, ки хеле хатарнок аст. Дар умум, агар ин беморӣ саривақт ошкор ва табобат нашавад, метавонад боиси марг гардад.


 

Ин рӯзро соли 2014 Ҷамъияти байналмилалӣ оид ба тромбоз ва гемостаз (ISTH) таъсис додааст. Сана ба рӯзи таваллуди олими олмонӣ Рудолф Вирхов, яке аз аввалин олимоне, ки сабабҳои басташавии хунро омӯхтааст, рост меояд.

13-уми октябри соли 1792, санги аввали Кохи Сафед (White House) дар Амрико гузошта шуд. Меъмори он Ҷеймс Хобан, зодаи Ирландия буд, ки пас аз пирӯзӣ дар озмун барои сохтмони қароргоҳи президент ин лоиҳаро амалӣ кард.


 

Соли 1800, ҳашт сол пас аз оғози сохтмон, Ҷон Адамс президенти дуюми Амрико ва ҳамсараш аввалин сокинони Кохи Сафед шуданд. Аз соли 1902 ин бино расман номи “White House”-ро гирифт ва имрӯз қароргоҳи доимии президенти Амрико аст.

Кохи Сафед дар маркази Вашингтон, дар кӯчаи Пенсилвания ҷойгир аст. Он аз 6 ошёна ва 132 утоқ иборат аст.

Ҳамасола 13-уми октябр дӯстдорони услуби классикӣ Рӯзи байналмилалии костюм (International Suit Up Day)-ро таҷлил мекунанд. Ин рӯз аз силсилафилми машҳури амрикоӣ “How I Met Your Mother” маншаъ гирифтааст. 


 

Дар ин филми комедӣ қаҳрамоне бо номи Барнӣ Стинсон (Barney Stinson) ҳамеша бо костюми расмӣ мегардад ва шиори дӯстдоштааш чунин аст: “Suit up!”, яъне “Костюм бипӯш!”. Барнӣ дар ҳар қисм дӯстонашро ташвиқ мекунад, ки ҳатто барои корҳои оддӣ, мисли рафтан ба қаҳвахона ё вохӯрӣ бо дӯстон костюм пӯшанд.

Ҳамчунин 13-уми октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии скептикҳо таҷлил мешавад. Скептик шахсе аст, ки ҳеҷ чизро бе далел қабул намекунад. Яъне ӯ шубҳа мекунад, фикр мекунад, мепурсад, таҳлил мекунад ва танҳо баъди дидани далел ё мантиқи қавӣ, ба воқеъияти чизе бовар мекунад.

Ин рӯз ба хотири тарғиби тафаккури интиқодӣ ва таҳлилӣ таъсис ёфтааст Скептисизм таъкид мекунад, ки инсон бояд ба ҳар маълумот бо шубҳа ва таҳлил муносибат кунад. Ин равиш муҳаққиқонро водор месозад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи донишҳои нав бошанд ва озодона фикр кунанд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм,  рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 27+29º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 30+32º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.