Махсуд Саидаминов ва Фаррух Шарофов, ду олими кимиёшиноси тоҷик ба рӯйхати “Беҳтарин 2% олимони ҷаҳон”, ки аз ҷониби Донишгоҳи бонуфузи Стенфорд ҳамасола таҳия ва нашр мешавад, шомил гардидаанд.

Ин феҳрист яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва бонуфузи арзёбии фаъолияти илмӣ ба ҳисоб рафта, дар кишварҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон ҳамчун меъёри эътироф ва эътибори байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Ба иттилои Академияи илмҳои Тоҷикистон, ин феҳрист бо такя ба маълумоти пойгоҳи Scopus (Elsevier) тартиб дода мешавад ва барои таҳияи он аз сафҳаи корбарии ҳар як муҳаққиқ маълумоти илмӣ, аз ҷумла шумораи мақолаҳо, ҳаммуаллифон, иқтибосҳо ва солҳои нашр то санаи 1-уми августи соли 2025 ҷамъоварӣ мегардад.

Муаллифи ин рейтинг профессор Ҷон П. А. Иоаннидис шуруъ аз соли 2019 ҳар сол нишондиҳандаҳои илмсанҷии олимонро таҳлил карда, номи олимоне, ки соҳаи худ аз ҳама бештар иқтибос мешаванд муайян мекунад. 

 

Махсуд Саидаминов ва Фаррух Шарофов чӣ корнома доранд?

Махсуд Саидаминов устоди кафедраи кимиёи Донишгоҳи Викторияи Канада буда, роҳбари илмии "Canada Research Chair Tier II" дар самти маводи функсионалии пешрафта мебошад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus, ин кимиёшиноси тоҷик муаллифи 170 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 24 ҳазору 886 маротиба иқтибос шудаанд. Шохиси Ҳиршаш ба 69 баробар аст.

Саидаминов яке аз муваффақтарин олимон дар соҳаи афзоиши амалкарди панелҳои офтобӣ аст. Ӯ хосиятҳои нодири перовскитҳо - минералеро, ки дар сохтани батареяҳои офтобӣ истифода мешавад кашф кардаст. Ҳоло дар Канада зиндагӣ ва фаъолият мекунад.

Махсуд Саидаминов
Акс аз саҳифаи фейсбуки Махсуд Саидаминов

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав буда, солҳо устоди Донишгоҳи Торонто низ будааст.

Ба иттилои манбаъ, Махсуд Саидаминов борҳо аз ҷониби "Clarivate Analytics" ҳамчун олими сериқтибостарин ва аз тарафи "Research.com" ситораи тулӯъкунандаи илм эътироф гаштааст.

Саидаминов дар раддабандии Донишгоҳи бонуфузи Стенфорд ҳанӯз соли 2020 ворид шуда буд. Ин феҳрист исми 100 ҳазор донишманди ҷаҳонро фаро мегирад ва дар як сол як маротиба дар моҳи сентябр нашр мешавад.

Фаррух Шарофов корманди Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон аст. Ӯ чанде пеш - аввали моҳи октябри имсол дар мавзуи “Омӯзиши химиявии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои равғаниатридор тавассути усули хроматографияи газӣ - масс спектрометрӣ” рисолаи докторӣ низ ҳимоя кард.

Шарофов хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси кимиёгар-муҳандис буда, солҳо дар Институти химияи Академияи миллии илмҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштааст.

Фаррух Шарофов
Акс аз саҳифаи фейсбуки Фаррух Шаропов

Баъдан муддате дар кафедраи технологияи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, соли 2019 ходими калони илмии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулотҳои табий”-и Академияи миллии илмҳо таъин гардид ва то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.

Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus Фаррух Шарофов муаллифи 105 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 6881 маротиба иқтибос шудаанд. Шохиси Ҳиршаш ба 40 баробар аст.

Ӯ ба рейтинги Донишгоҳи бонуфузи Стенфорд соли 2021 ворид шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.