ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 18 ОКТЯБР

– Дар Тоҷикистон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” идома дорад. Дар баргаҳои мо бубинед, ки имрӯз кадом филм дар куҷо намоиш дода мешавад:

1/2

– Имрӯз аз соати 9:00 то 17:00 дар бинои "IT Park" дар шаҳри Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон таҳти унвони "Зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқи инсон" ҳамоиш доир мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ОКТЯБР

Соли 2010 – Дар Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ бекор карда шуда, таътили зимистона то як моҳ дароз шуд.

Соли 2011 – Тоҷикистон, Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Молдова Шартнома оид ба савдои озод дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд

Соли 2013 – Вакилони парлумон тағйирот ба Қонун “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”-ро тасдиқ карданд, ки мувофиқи он тамоми муассисаҳои тиббии кишвар бояд ҳатман аккредитатсия (тасдиқи расмӣ)-ро гузаранд.

Соли 2015 – Дар ноҳияи Айнӣ Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғрал ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 – Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2017 – Дар маркази шаҳри Душанбе ба кӯчонидани хонаҳои ба истилоҳ равоқдор ё худ пештоқдор, ки солҳои 50-уми асри гузашта дар хиёбони Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) сохта шуда буданд, оғоз карданд.

Соли 2018 – Дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурундӣ Баёнияи муштарак ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Мавлуди Аслам Адҳам, адиб ва тарҷумони тоҷик.

Аслам Адҳам дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили илм карда, солҳо дар нашриёти “Ирфон”, рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Пионери Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Радиои тоҷик, Хонаи эҷодиёти халқ фаъолият кардааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ асосан аз тарҷумонӣ иборат буда, зиёда аз 50 асари манзуму мансур ва драмавии адибони ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. “Ёдгорӣ”-и Пушкин, “Палангинапӯш”-и Шота Руставели, эпоси қирғизии “Манас”, “Гуфтор аз полки Игор”, “Эдипшоҳ”-и Софокл, “Абри шалворпӯш”-и В.Маяковский, “Роҳзанон”-и Шиллер аз беҳтарин тарҷумаҳои ӯ мебошанд. Ӯ ҳамчунин муаллифи либреттои операи “Ғуломон” аст.

Аслам Адҳам 1-уми июни соли 2000 дар синни 61 даргузашт.

Соли 1962 – Абдуфаттоҳи Ғоиб, собиқ директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ва сардори пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб солҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор карда, соли 2018 баъди барканориаш аз вазифаи сардори Хадамоти гумрук дигар маълум нест, ки ба кадом вазифа таъин гардид, ҳол он ки сабаби барканориаш “гузаштан ба кори дигар” гуфта мешуд.

Ӯ қабл аз сардори Хададмоти гумрук будан, моҳи июни соли 2009 директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2015 дар ин мақом буд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб қаблан дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2004 то соли 2009 сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияташро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ намуда буд.

Соли 2021 – Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шоир, драманавис, ва адабиётшинос дар синни 78 даргузашт.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ адиб ва донишманди шинохтаи тоҷик ва ҳомии забону адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон буда, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” буда, соли 2000-ум барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич сазовор гардидааст.

Намунаҳои ашъори ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар драманависӣ ҳам дасти қавӣ дошта, чанд драмаи манзум офаридааст, ки “Меҳри пирӯз ё зодаи нур” ва “Дарди рӯзгори Одам”, ки ду намоишнома – “Бародаркуш” ва “Фаромӯшӣ”-ро дар бар мегирад, аз он ҷумлаанд.

Яке аз бузургтарин хидматҳои Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ таълифи тазкираи “Сипеҳри орзу” дониста мешавад, ки фарогири рӯзгор ва осори адибони охири асри XIX то ба имрӯз аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

18-уми октябри соли 1867 Русия расман Аляска ва ҷазираҳои Алеутиро ба Амрико фурӯхт. Аляска, ки соли 1732 аз ҷониби экспедитсияи русҳо таҳти роҳбарии М. Гвоздев ва И. Фёдоров кашф шуда буд, ягона қаламрави Русия дар қораи Амрикои Шимолӣ ба шумор мерафт.


То миёнаи асри XIX дар ин минтақа ҳамагӣ 2,5 ҳазор русҳо ва тақрибан 60 ҳазор сокини маҳаллӣ, чун ҳиндуҳо ва эскимосҳо зиндагӣ мекарданд. Даромади асосии Аляска аз тиҷорати пӯсту шикор ба даст меомад, аммо нигоҳдории қаламрави дурдаст, сардии иқлим ва набудани роҳҳои иртибот барои Русия гарон меафтод.

Бинобар ин, император Александр II қарор дод, ки Аляскаро фурӯшад. Созишномаи фурӯш 30 марти соли 1867 имзо шуд ва 18-уми октябри ҳамон сол маросими расмии супоридани он баргузор гардид. Амрико ба Русия барои ин заминҳо 7,2 миллион доллар пардохт кард. Аз он рӯз инҷониб 18-уми октябр дар Аляска ҳамчун Рӯзи Аляска таҷлил мегардад.

18-уми октябр Рӯзи шаҳри Самарқанд таҷлил мешавад. Он аз соли 1996 ҷашн гирифта мешавад.


Самарқанд таърихи беш аз се ҳазорсоларо дорад ва яке аз марказҳои бузурги тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб меравад. Он дар тӯли асрҳо маркази илм, ҳунар, меъморӣ ва савдо буд. Ҳофизи Шерозӣ Самарқандро “марвориди рӯи замин” номида буд.

Ҳамасола 18-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи гарданбанд (галстук) таҷлил мешавад. Ин унсури мӯд таърихи чандсола дорад. Боварҳо ҳаст, ки гарданбанд бори аввал дар асри XVII дар давраи подшоҳи фаронсавӣ Людовик XIII мавриди истифода қарор гирифт. Хизматчиёни хорватии подшоҳ рӯймолҳои сафед ба гардан мебастанд ва тавассути он услуби нави либос дар Фаронса мӯд шуд.


Аз ҳама гаронбаҳотарин гарданбанд дар ҷаҳон, ки маҳсули дасти як тарроҳи ҳиндӣ аст, 250 ҳазор доллар арзиш дорад ва бо алмос оро дода шудааст. Соли 2014 дар Хорватия гарданбанде ихтироъ шуд, ки ранги худро вобаста ба рӯшноӣ ё ҳарорат тағйир медиҳад.

Ҳар сол 18-уми октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шоколад ҷашн гирифта мешавад. Мегӯянд, ки аввалин навъи шоколад ҳанӯз дар давраи Мисри Қадим ба вуҷуд омадааст. Он замон баъзе маҳсулот, мисли чормағз, асал ва меваҳои хушк ҳангоми рехтан ва омехта шудан ба як навъи ширинии нав табдил ёфтанд. Ин воқеа тасодуфӣ буд, вале аз ҳамон вақт таъми ширинӣ маъмул гардид.

Дар асрҳои миёна дорусозон маҳсулоти ширинро барои беҳсозии табъи беморон истифода мебурданд. Имрӯз ширинӣ манбаи лаззати инсонҳо буда, ба исботи олимон, ҳангоми истеъмоли он дар бадан серотонин ва эндорфин - моддаҳои беҳсозандаи рӯҳия ҳосил мешаванд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 18 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.