Иттиҳоди Аврупо бори дигар аз Тоҷикистон хостааст, рӯзноманигорони зиндониро “фавран ва бидуни ҳеҷ шарт” озод кунад ва дар ин робита феҳристи мушаххас ҳам ба намояндагони Тоҷикистон додааст.
Ин гуфтугӯ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Брюссел, пойтахти Белгия баргузор гардидааст. Ин ҷаласа, ки панзодаҳумин мулоқоти расмии тарафайн дар ин самт аст, дигар масъалаҳои ҷиддӣ ва мубрамро фаро гирифтааст.
“Бидуни шарт озод кунед”
Дар ин гуфтугӯ намояндагони Иттиҳоди Аврупо рӯйхати мушаххаси шахсони зиндонишударо пешниҳод намудаанд. Дар ин рӯйхат номи ҳомиёни ҳуқуқ, вадилони дифоъ ва рӯзноманигороне ворид шудааст, ки “бо сабаби фаъолияти худ” дар паси панҷараҳо қарор доранд.
Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 21 октябр нашр шуд, Брюссел аз Душанбе озодии чанд тан аз рӯзноманигорону блогнависони зиндонии тоҷикро хостааст. Аммо номи ҳеҷ як аз рӯзноманигорону блогнависони зиндонии тоҷикро зикр накардааст.
Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон чандин рӯзноманигору блогнавис бо иттиҳоми гуногун паси панҷара рафтанд. Аз ҷумла, Абдулло Ғурбатӣ – 7 сол, Завқибек Саидаминӣ – 7 сол, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – 7,5 сол, Хуршед Фозилов – 7,5 сол, Далери Имомалӣ – 10 сол, Аҳмади Иброҳим – 10,5 сол ва Рухшона Ҳакимова – 8 сол равонаи зиндон шудаанд.

Ин иттиҳод аз шароити кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон “нигаронии ҷиддӣ” изҳор дошта, таъкид кардааст, ки “фазои озоди рӯзноманигорӣ ба таври ҷиддӣ маҳдуд шудааст”.
Ва дигар масоили баррасишуда
Масъалаи шиканҷа ва муомилаи бад дар зиндонҳо низ мавриди баррасии ИА ва Тоҷикистон шудааст ва тарафҳо дар бораи зарурати “эҷоди низоми мустақили мониторинг ва назорати самараноки додгоҳӣ” барои пешгирии шиканҷа суҳбат карданд.
Нигаронии дигари ИА вазъияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст. ИА аз мақомот хостааст, ки барои сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъияте, ки “иҷборан аз кор монданд, имкон фароҳам орад”.
Дар ин гуфтугӯ масъалаи ҳуқуқи занон, хушунат ва манъи табъиз низ матраҳ гардидааст.
Назари ҷониби Тоҷикистон ба ин дархостҳои ИА маълум нест.
Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бори чандум аст, ки аз Тоҷикистон озодии рӯзноманигорону вакилонро талаб мекунад, вале то ҳол ин хостаҳо бароварда нашудаанд. Тоҷикистон то кунун ба ин изҳороту баёнияҳо расман вокуниш накардааст.
Илова ба ин, чандин созмони мудофеъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён низ аз Тоҷикистон озодии рӯзноманигорон ва блогнависонро талаб кардаанд, аммо ҳеҷ яке аз ин даъватҳо натиҷае надодааст.





Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста