Изҳороти ҷавонони тоҷик, чун “Изҳороти миллии ҷавонон оид ба иқлим” ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР UNFCCC), ки имсол дар Бразилия ҷараён дорад, фиристода шуд. Ин бори аввал аст, ки муроҷиатномаи ҷавонон аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ ва дар СОР30 муаррифӣ мешавад. Дар ихҳороти ҷавонони тоҷик чӣ пешниҳодҳо зикр шудааст?
Бояд зикр кард, ки изҳороти ҷавонони тоҷик ҳам ба ҳукумати кишвар ва ҳам ба иштирокчиённи Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим фиристода шудааст. Ин конфронс аз 6 то 20-уми ноябр дар шаҳри Белеми Бразилия мегузарад.
Ҳафт пешниҳод ба ҳукумати кишвар
Ҷавонони тоҷик дар изҳороти худ ба ҳукумати кишвар ҳафт самти осебпазиро номбар кардааанд, ки ҳар чӣ зуддтар бояд тағйирот ворид карда шавад. Пеш аз ҳама пешниҳод кардааст, ки муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ ба иқлим мутобиқ карда шавад ва шароити муносиб барои таҳсили сифатнок фароҳам шавад.
Барои дастгирии фаъолияти ҷавонон дар самти иқлим пешниҳод кардаанд, ки таҳти назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Шӯрои ҷавонон оид ба иқлим бо назардошти таъмини иштироки баробари ҷавонон аз минтақаҳои кишвар ва иртиботи расмӣ бо мақомоти дахлдор таъсис дода шавад. Ҳамзамон барои таъмини фаъолияти ҷамъиятии онҳо “Фонди миллии ҷавонон барои иқлим” таъсис дода шавад ва лоиҳаҳо бо роҳбарии ҷавонон бо назардошти интихоби шаффоф ва таъмини мушовир дастгирӣ шавад.

Дар изҳорот ҳамчунин пешниҳодҳои зерин зикр шудааст:
- Дар сатҳи ҷумҳурӣ системаи огоҳкунии пешакӣ аз офатҳои табиӣ ва хатарҳои иқлимӣ бо истифода аз симкортҳои дохилӣ ва дар ҳамкорӣ бо браузерҳои ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шавад, ҳамчунин паноҳгоҳҳои ҷамъиятии бехатар ва дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ таъмин шавад;
- Истифодаи энергияи барқароршаванда (аз нав тавлидшаванда) дар муассисаҳои ҷамъиятӣ, минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст тақвият дода шавад. Сӯзишворӣ, амсоли ангишт ва ҳезум барои хонаводаҳои бо даромади паст бо дигар навъи гармидиҳии сифатнок иваз карда шавад;
- Ҳисобкунакҳо дар шабакаҳои обии шаҳрӣ таъмир ва насб карда шавад. Партоби обҳои ифлоси заводу корхонаҳо ба дарё ва каналҳо манъ карда шавад. Иттилои дақиқ ва саривақтӣ оид ба таъмини об ва шабакаҳои обёрӣ дастрас шаванд;
- Қоидаҳо оид ба партоб ва меёъри чанг дар минтақаи сохтмон муайян шуда, барои заводу фабрикаҳо дар партови газҳо маҳдудият ҷорӣ карда шавад. Барои саркашӣ аз иҷрои ин меъёр ҷарима муайян карда шавад;
- Платформаи ҷамъиятӣ барои пайгирии иттило оид ба иҷроиши ӯҳдадориҳо дар самтҳои калидии иқлимӣ бо риояи вақти муайян ва ҳуҷҷатҳои дахлдор фаъол карда шавад.
Паём ба СОР30
Бояд гуфт, изҳороти ҷавонони тоҷик ба “Изҳороти ҷаҳонии ҷавонон” ҳамроҳ ва дар назди иштирокчиёни СОР30 рӯнамоӣ мешавад.
Дар изҳороти ҷавонони тоҷик ба СОР30 панҷ нукта зикр шудааст:
- Андешидани чораҳои мутобиқшавӣ дар самти обшавии прияхҳо ва офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ чун самти афзалиятнок;
- Бо таваҷҷуҳ ба ҳадафи ҳафтуми Барномаи рушди устувори СММ, ба таъмини энергияи дастрас, боэътимод, тоза ва самаранок барои муассисаҳои иҷтимоӣ ва хонаводаҳои камдаромад дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ афзалият дода шавад;
- Вақти тасдиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0) қадамҳои минбаъда барои коҳиши чангу ғубор ва партобҳои зараровар (аз ҷумла олудакунандаҳои кӯтоҳмуддат) муайян ва риоя карда шавад. Иттилоъ оид ба сифати ҳаво ва чораҳои ҳифзи саломатӣ дар шаҳрҳо густариш дода шавад;
- Сармоягузории бештар барои сохтан ва барқарор кардани шабакаҳои таъминоти оби ошомиданӣ ва санитарӣ;
- Вақти таҳияи Саҳми муайяншудаи миллӣ ҷавонон ва кӯдакон дар мадди назар бошанд.
Саҳми муайяншудаи миллӣ (NDC 3.0)санадест, ки дар доираи созишномаи Париж таҳия шуда, дар асоси он ҳар як кишвар барои кам кардани партобҳои газҳои гулхонаӣ дар роҳи мубориза бо тағйирёбии иқлим як қатор ӯҳдадориҳоро қабул мекунад ва ҳамасола дар асоси ин созишнома кишварҳо ӯҳдадоранд, ки дар СОР оиди фаъолияти яксола дар самти коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ҳисобот диҳанд.
Конфронси миллии ҷавонон оиди ба иқлим (LKOY) чӣ чорабинист ва чӣ ҳадаф дорад?
Изҳороти мазкур зимни “Конфронси миллии ҷавонон оид ба иқлим” (LCOY), ки 30-31-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, аз ҷониби Шабакаи ҷавонон барои об ва иқлим таҳия ва баъдан барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуд. Ҳукумати кишвар онро тасдиқ кард.
Ин соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон чунин чорабинӣ баргузор мешавад, аммо бори аввал изҳороти ҷавонони тоҷик ба “Изҳороти ҷаҳонии ҷавонон” ҳамроҳ шуд.
Конференсияи миллии ҷавонон (LCOY) - ин конфронси сатҳи миллӣ аст, ки аз ҷониби худи ҷавонон ташкил карда мешавад. Барои ташкили ин чорабинӣ YOUNGO (Намояндагии ҷавонон ва кӯдакон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим) иҷозатномаи расмӣ медиҳад.
Чорабинӣ дар се сатҳ баргузор мешавад: аввал дар сатҳи миллӣ изҳороти ҷавонон таҳия мешавад (LCOY), дуввум, дар Конфронси ҷаҳонии ҷавонон (COY), ки чанд рӯз пеш аз оғози СОР доир мешавад, изҳороти ҷавонони ҳамаи кишварҳо гирдоварӣ ва чун “Изҳороти ҷаҳонӣ ҷавонон оид ба иқлим” (GYS) таҳия мешавад ва севвум, он дар назди иштирокчиёни СОР рӯнамоӣ мешавад.
Аз рӯи пешниҳод ва талаботи ҷавонони ҷаҳон кишварҳо бархе аз пешниҳоди онҳоро ҳамчун ӯҳдадорӣ дар сатҳи миллӣ қабул менамояд.



Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста