Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоише дар Тошканд пешниҳод кард, ки Маркази байналмилалии инноватсия ва маориф дар Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ дар Душанбе таъсис дода шаванд. Инчунин ӯ гуфт, барои рушди тиҷорати электронӣ дар минтақа платформаи ягонаи рақамӣ таҳия гардад.
Ӯ ин пешниҳодотро дар вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 16-уми ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор гардид, манзур кард.
Дар ин мулоқот, ки ба ҷуз аз раҳбарони 5 кишвари минтақа, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ҳам ширкат дошт, масъалаи рушди робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.
Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа гуфтааст, ки Осиёи марказӣ “бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҷиҳати рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ кардани нақлиёти ҳавоӣ иқдомҳои муштарак заруранд. Ӯ гуфтааст, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бурдани равандҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф ва фарҳанг яаз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад.
Ҳамчунин, ӯ пешниҳод кардааст, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад. Дар хусуси ин марказ шарҳи бештар дода нашудааст.
Раисҷумҳури кишвар инчунин, ба таъсиси Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ дар шаҳри Душанбе таъкид карда гуфтааст, ки “вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи ҳуши маснӯӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд”.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои рушди тиҷорати электрониро муҳим ҳисобидааст.
“Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус на танҳо ҳамгироии иқтисодиро тақвият медиҳад, балки ба афзоиши фаъолияти тиҷоратӣ ва гуногунсозии ҷараёнҳои тиҷорат дар минтақа мусоидат хоҳад кард”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Раисҷумҳури кишвар нигоҳдории амнияти минтақавии устуворро аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ номида гуфтааст, ки таҳдидҳои терроризму экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир нигаронкунда мебошад.
Ӯ ба зарурати рушди ҳамкорӣ ҷиҳати омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният таъкид карда гуфтааст, ки ин роҳ аз унсурҳои муҳими муқовимат бо таҳдидҳои нав мебошад.
“Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид”, -навиштааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон, ки 15-уми ноябр барои иштирок дар ин вохӯрӣ ба Тошканд рафт, дар ҳошияи он бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон мулоқот кардааст.

Дар ин дидор, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ ва аз рушди муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат кардаанд.
“Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид”, - навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Дар идомаи гуфтугӯи худ ҷонибҳо “таъмини амнияти минтақаӣ ва муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир”-ро муҳокима кардаанд.
Ҳамчунин, дар доираи ин ҳамоиш, раисҷумҳури Тоҷикистон якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳои иштирокчӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид кардааст.
Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст. Бино бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ - Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.
Дар намоишгоҳи марказ, ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногун ва китобхона бо 100 ҳазор дастнавис гирдоварда шудааст.
Ҳамзамон дар инҷо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” ширкат кардааст.
Озмуни мазкур аз соли 2025 дар бахшҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ва шоири халқии Тоҷикистон дар номинаи мероси фарҳангӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардидааст.




