Мавсими муодираи маводҳои тарфгарӣ ё ба иcтилоҳи маъмул "шикори хлопушка" дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ оғоз шудааст. Пулиси Душанбе аллакай аз боздошти як ҷавони гумонбар ба фурӯши маводи тарфгарӣ хабар дода, ба сокинон ҳушдор дод, ки муомилот ва паҳнсозии маводҳои оташзо (пиратехникӣ) ҷиноят аст.
Ин ниҳод рӯзи 5-уми декабр, гуфт, Тошматов Д, сокини 34-солаи шаҳри Бохтарро ҳангоми ба фурӯш гузоштани маводҳои оташзо дастгир ва аз ӯ 188 ҳазору 400 дона маводҳои тарфгарии “Трения” дарёфту мусодира кардааст.
Назари боздоштшуда дар робита ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест.
Алайҳи ин ҷавон бо итиҳоми “муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ” (моддаи 199 иловаи 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 7500 сомонӣ ҷарима то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, пулиси Душанбе ба сокинон ҳушдор додааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ манъ ва ҷиноят аст ва афроде, ки ба фурӯши чунин маводҳо машғуланд ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мешаванд.
Ҳамчунин, пулиси Душанбе аз сокинон даъват кардааст, ки барои пешгирии истифодаи маводҳои оташзо дар арафаи Соли нави мелодӣ, ба мақомот мусоидат кунанд.
“Зеро истифодаи бемаврид ва садои баланду гушхароши он оромии шаҳрвандонро халалдор сохта, метавонад ба беморон таъсири манфӣ расонад”, - гуфтааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки бо наздик шудани ҷашни Соли нав садои “хлопушка”-ву “салют”-ҳо фазои ороми атрофро халадор мекунанд. Алоқамандони чунин амалҳо бештар кӯдакону наврасонанд, ки аз “таркиш”-и чунин мавод “илҳом” мегиранд ва хурсандӣ мекунанд. Барои бархеҳо садои ин “таркишҳо” писанд несту шикоят мекунанд, аммо бархеи дигар инро мояи хушиву хурсандии кӯдакон медонанд.
Дар гузашта мақомот дар мавриди паёмадҳои таркиши маводҳои тарфгарӣ, ба мисли сӯхтор ва захмӣ шудан одамон хабар дода буданд. Мақомот мегӯянд, маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки воридот ва истифодаи онро дар кишвар манъ кунанд.
Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Дар асоси моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар ҳудуди кишвар аз 7 ҳазору 500 то 37 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳарчанд дар қонунгузорӣ мафҳуми машаххасе бо номи “хлопушка” ва “салют” нест, вале мақомот мегӯянд, дар инҷо калимаи оташфаввора – “салют” ва қурс (капсула) “хлопушка” мебошад.
Барои истифода чӣ?
Ба ҷуз аз Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ ворид кардан ва фурӯши маводи тарфгарӣ, инчунин дар бораи харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва истифодаи маводи тарфгарӣ муқаррарот пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи моддаи 467, қисми 2-и Кодекси мазкур, барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон харидан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ то 20 дона “салют” ва то 50 дона “хлопушка” ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба маблағи аз 20 то 30 (аз 1500 то 2250 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 3750 то 7500 сомонӣ) бо мусодираи маводҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Аз ин бармеояд, ки барои истифодаи ҳаато 1 дона маводи оташзо ё, ба истилоҳи маъмул, “хлопушка” ва “салют”-ҳо метавонанд шаҳрвандонро ба маблағи то 2250 сомонӣ ҷарима кунанд.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста