Имрӯз, 10-уми декабр Гули Зард (Гулӣ Зардова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки шоми дирӯз, 9-уми декабр дар 62-солагӣ даргузашт, ба хок месупоранд. Ӯ солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд.
Маросими хайрбод бо Гули Зард соати 10-и имрӯз дар назди хонааш дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ (назди мағозаи “Абдулло” ва бозори “Корвон”) оғоз шуд. Баъди ин, намози ҷанозааш, баъди зуҳр хонда мешаваду ӯ дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супорида мешавад.
Номи аслии ӯ, Гулӣ Зардова буда, бо тахаллуси Гули Зард эҷод мекард. Мавзӯи аслии эҷодиёти ӯ, иҷтимоиёт, масоили хонаводагӣ, қисмати занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо буд.
Ӯ 27-уми феврали соли 1963 дар шаҳри Қурғонтеппа зода шуда, шуъбаи филологияи руси факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор оғоз шуда, баъдан дар шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Чанд соли охир ҳамчун хабарнигори мустақил фаъолият дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳояшро нашр мекард.
Соли 2018 Гули Зард барои муҳтавои китобаш - “Бодоми шириндона” ба далели тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” ва “коҳиши завқи эстетикиву этикии хонандагон” аз сафи Иттифоқи нависандагон хориҷ карда шуд.
Шӯрои наср ва нақди адабии Иттифоқ асарҳои ӯро “хилофи қонун ва арзишҳои ҷомеаи суннатӣ” унвон дода буданд.
Аммо худи Гули Зард иддао карда буд, ки сабаби ихроҷаш интиқод аз роҳбарият ИН ва талаби истеъфои он будааст.
Гули Зард бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод ва таълиф кардааст. Аз ҷумла, “Дард”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Модаргург” аз ҷумлаи таълифоти Гули Зард мебошанд. Ӯ муаллифи чандин шеърҳо низ аст.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста