Созмони ҷамъиятии "Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун" барандагони ҷоизаҳояш дар самти ҳуқуқи инсонро дар соли 2025 эълон кард. Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррир ва рӯзноманигори бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” дар бахши “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” ғолиб дониста шуд.
Ҷоиза рӯзи 9-уми декабр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) аз сӯи Татяна Туркан, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ба муҳаррири мо супорида шуд.
Мазҳаб Ҷумъа таҷрибаи 15 соли кор дар рӯзноманигориро дошта, аз соли 2021 дар “Азия-Плюс” фаъолият мекунад. Ӯ як сол пеш муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” таъин гардид.
Ӯ дар гузашта ҳамчун рӯзноманигор дар нашрияи “Самак”-у” Фараж” (“Фараҳ”) – и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андози Тоҷикистон кор кардааст.
Дар соли 2021 тадқиқоти рӯзноманигории ҳаммуаллифии ӯ бо номи “Марг дар соли 2020 афзоиш ёфт. 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтиданд?” дар озмуни рӯзноманигорони минтақаи “Осиёи Марказӣ” – “Ҷоизаи MediaCAMP – 2021“ сазовори ҷойи аввал гардида буд.
Мазҳаб Ҷумъа соли 2021 ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи Ҷумъабой Толибовро соҳиб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Таҳмина Ҳайдарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Шабакаи заноне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд”, “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2025” дониста шуд.
Дар бахши “Барои саҳми махсуси созмони иҷтимоӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон” ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” ғолиб эълон шуд.
Бояд гуфт, ки “Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун” аз соли 2009 инҷониб ҷоизаҳои худро дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон эҳдо мекунад. Ҷоизаҳо ҳар сол ба донишмандон, фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақдим мегардад.
Маросими ҷоизасупорӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон бо ширкати сафирони Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон баргузор шуд.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста