Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, бо ишора ба маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар, ба мардум муроҷиат кард ва гуфт, ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.
“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ таъкид кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар ин нерӯгоҳ 18 ҳазору 600 коргар дорад машғули сохтмон ҳаст ва зиёда аз 3 ҳазору 900 техника истифода мешавад.
“То имрӯз 60 дарсади корҳо, ки аз ҳама корҳои вазнину душвор ва серхароҷот буданд, иҷро шудаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки НБО Роғун дар маҷмуъ 6 чарха хоҳад дошт. Иқтидори ҳар кадоми ин чархаҳо 600 МВт мебошад.
Чархаи аввали ин нерӯгоҳ соли 2018 ба истифода дода шуд ва дар назар аст, ки чархаи охирини он соли 2029 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.




Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста