Шоҳин Самадӣ, ки чанд соли охир ба ҳайси сухангӯй ё сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард, муовини дабири кулли котиботи қолаби “Осиёи Миёна-Чин” таъин шудааст.
Ин қолаб моҳи майи соли равон таъсис ёфт ва ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ниҳод аст.
Ба ҷои Самадӣ, бо фармони вазири корҳои хориҷӣ, ба курсии сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Суҳроб Нуралӣ, ки то ин дам намояндаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Теҳрон фаъолият менамуд, такя зад.
Шоҳин Самадӣ, ки 3 соли охир сардори ин раёсати муҳими ВКХ буд, яке аз сухангӯйҳои нисбатан дастрас барои рӯзноманигорон буд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Академияи дипломатии ВКХ Русия ва Академияи хидмати давлатии Тоҷикистон мебошад.
Номбурда қаблан, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскав, Минск кор кардааст. То таъин шудан ба ҳайси сардори раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, дар котиботи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) фаъолият дошт.
Суҳроб Нуралӣ хатмкунандаи Донишкадаи давлатии забонҳо Тоҷикистон мебошад. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Руссия кор кардааст.




Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста