Калиди омӯзиши забони англисӣ, истифода аз барномаи “Вожаомӯз”, бартарӣ ва вижагиҳои барнома ва имкони омӯзиши забони англисӣ барои донандагони забони тоҷикӣ. Пиромуни ин масоил бо Саъдӣ Тоирзода, устоди забони англисӣ, блогер ва мудири ин барнома суҳбат кардем.
Саъдӣ Тоирзода, ки дар пойгоҳи "YouTube" ва шабакаи иҷтимоии "Instagram" саҳифаи худро пеш мебарад, тақрибан се сол пеш барномаи “Вожаомӯз”-ро бо кумаки Мирқурбон Наимов, барномасоз таъсис дод, ки ҳоло беш аз 55 ҳазор корбар дорад. Ҳамчунин, дар саҳифаҳои худ дар "YouTube" ва "Instagram" бо номи “Забономӯз” дарсҳои онлайн пахш мекунад.
Ӯ, ки худро муаллими забони англисӣ ва фаъоли ҷомеа медонад, “блогер”-иро василаи ҷалби шогирдон мегӯяд. Ба гуфтаи вай, ба воситаи дарсҳои онлайнӣ ва барнома метавон шахсони зиёдро, ки мехоҳанд забони англисӣ омӯзанд, ба омӯзиш фаро гирифт.
Ин муаллими забони англисӣ мегӯяд, ғояи таъсиси саҳифаи омӯзиши забони англисӣ бо забони тоҷикӣ ҳанӯз замони донишҷӯияш пайдо шуда буд. Ба гуфтаи номбурда, ҳангоме дар факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳсил мекард, барои омӯзиши забони англисӣ аз китобҳои бо забони русӣ таҳияшуда истифода мекарданд.
“Масалан, китобҳои Аракинро, ки аз нигоҳи забони русӣ ва барои донишҷӯёни рус омода шудаанд, истифода мекардем. Барои бо он забон омӯхтан, бояд грамматикаи забони русиро хуб донӣ, зеро таҳлилу муқоиса ва дигар тавзеҳот бо забони русӣ омода шудааст. Ва ин барои як ҷавони тоҷик, албатта мушкил аст”, - мегӯяд Тоирзода.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, азбаски ӯ забони русиро хуб медонист, мушкиле пеш намеомад, аммо ҳамкурсонаш бо мушкил дучор меомаданд.

“Ҳамон вақт ғояе пайдо шуд, ки агар оянда барои омӯзиши забони англисӣ иқдоме роҳандозӣ кунам, ҳатман бо забони содаи тоҷикӣ ба роҳ хоҳам монд, то барои тамоми мардум, махсусан нафароне, ки забони русиро намедонанд, кумак кунад”, - мегӯяд ӯ.
Ҳамин тавр, вақте баъди хатми донишгоҳ ба Маркази амрикоӣ ба кор медарояд, авввалин наворашро бо забони тоҷикӣ сабт ва пахш мекунад.
“Вожаомӯз” чӣ гуна пайдо шуд?
Ба гуфтаи Саъдӣ Тоирзода, барномаи “Вожаомӯз” каме дертар, баъди нашри китоби “1001 калимаи зарурӣ”, ки бо ҳамдастии Шерзод Тағоймуродов таълиф карда буд, сохта шуд. Вақте ин китоб маъмул мешавад, аксарият, махсусан, шахсоне, ки берун аз кишвар қарор доштанд, хоҳиш мекунанд, ки шакли электронии китобро дошта бошанд.
Баъди ин, бо Мирқурбон Наимов, барномасоз ин масъаларо пеш мегузорад ва Мирқурбон Наимов низ, ки аз соли 2018 ҷамъоварии маводро барои таъсиси барномаи омӯзиши забони англисӣ бо забони тоҷикӣ оғоз карда буд, таҳияи барномаи алоҳидаро пешниҳод мекунад.
Ба андешаи Саъдӣ Тоирзода, азбар кардани вожаҳои англисӣ, нисбат ба тамаркуз ба грамматика, манфиатовар ва ҳам мувофиқтар аст.
“Дилхоҳ забон аз калима иборат аст ва асоси забон калима аст. Агар шумо танҳо грамматика омӯзеду калима надонед, ҳарф зада наметавонед. Иштибоҳи аксрияти мо ин аст, ки ба омӯзиши грамматика зиёд тамаркуз мекунем, аммо давом дода наметонанд. Зеро грамматика беканор буда, қоидаҳои зиёд дорад ва талаба ҳангоми гап задан фикр мекунад, ки кадомашро истифода кунад. Ин тарси талабаро барои гап задан зиёдтар мекунад”, - шарҳ медиҳад андешаи худро ҳамсуҳбати мо.
Чӣ гуна “Вожаомӯз”-ро боргирӣ ва истифода кард?
Боргирии барнома дар пойгоҳҳои Google Play ва App Store барои дастгоҳҳои мобилӣ ройгон дастрас аст. Аз барнома метавон ҳам ройгон ва ҳам пулакӣ истифода кард. Албатта, шакли пулакии он имконоти бештар дорад.
Тартиби сабтином ва истифода аз барнома чунин аст:
Шакли ройгони барнома аз 7 бахш иборат буда, беш аз 1500 калимаро дар шакли ройгон пешниҳод мекунад.
Беш аз 18 ҳазор калима
Барномаи “Вожаомӯз” шакли пулакӣ ҳам дорад, ки солона 399 сомонӣ пардохт бояд кард. Шакли пулакии барнома имконоти бештар дошта, 18 ҳазор калимаи англисиро бо акс, тарзи талаффуз, овоз ва тарҷумаи тоҷикиву русӣ пешниҳод мекунад. Дар он 8 навъи машқи калима мавҷуд буда, 4 маҳорати донистани забони англисӣ – ҳарф задан, шунидан, хондан ва навиштанро бо тарзҳои гуногун меомӯзад.
Ҳамчунин, метавон дар шакли пулакии барнома бозиҳо ташкил ва ё дар бозиҳои калимадонӣ иштирок кард.
Инчунин, дар ин шакли барнома имкони ҷамъоварии тангаҳо мавҷуд аст, ки дар охир метавон тангаҳоро ба худи китоби “1001 калимаи зарурӣ” иваз кард ва соҳиби китоб шуд.
Ба гуфтаи мудир ва созандаи барнома, бо вуҷуди он ки аллакай бо забони тоҷикӣ чанд барнома ташкил шудаанд, аммо танҳо ҳамчун луғат истифода мешаванд ва “Вожаомӯз” имрӯз дар кишвар ягона барномаест, ки функсияҳои зиёд дошта, забони англисӣ, махсусан, вожаҳоро дар чанд шаклу тарз меомӯзад.





Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста