Мақомоти Тоҷикистон аз омилҳои ном бурданд, ки дар як давраи панҷсолаи барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар дар солҳои 2021-2025 монеа шудаанд.
Дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, ки Вазорати иқтисод ва савдои кишвар 10-уми январ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки “бо вуҷуди дастовардҳои ноилгардида дар барномаи пешина (аз соли 2021-2025) то ҳол имкониятҳои истифоданашуда ва монеаҳои маъмурӣ барои боз ҳам беҳтар кардани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мавҷуд мебошанд”.
Дар гузориш аз монеаҳо ба таври мисол, аз “норасоии неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, нокифоя будани маблағгузорӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳо, мушкилоти суръат ва фарогирии интернет, ҷараёни сусти рақамигардонӣ ва истифодаи маҳдуди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, норасогии инфрасохтори муосири авиатсионӣ, куҳнаю фарсуда гардидани як қисми инфрасохтори ирригатсионӣ” ном бурда шудааст.
Инчунин, дар гузориш чанд мушкили асосии дигар “мутобиқ набудани сифати таҳсилот ва баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ба талаботи замон, норасоии мутахассисони баландихтисос, инчунин сатҳи пасти ҳамгироии илм ва истеҳсолот” зикр гардидааст.
Дар санад зикр мешавад, ки дар замони иҷрои "Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025" истифода нашудани имкониятҳои мавҷудаи кишвар, ба мисоли сатҳи нокифояи коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пахта, алюминий, маъданҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои ашёи хом боиси нигаронӣ аст.
Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки дар "Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар то соли 2030" ин камбудиҳоро бартараф намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" қабул шуд.
Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ гуфта мешавад. Ин санад аз се барномаи миёнамуҳлат (солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030) иборат аст.
Мувофиқи стратегия Тоҷикистон бояд то соли 2030 ба амнияти энергетикӣ расад, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳида, ба кишвари транзитӣ табдил ёбад, аҳолиро бо ғизои хушсифат таъмин кунад ва ба кишвари саноатӣ табдил ёфта, ба аҳолӣ шуғли пурмаҳсул фароҳам орад.





Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста