Бо гузашти як моҳ аз ҳодисаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дод, модари ӯ Нилуфар Сафоева талош дорад “захми ҷонкоҳ”-ро шифо бахшад ва барои фарзанди дигараш, ба зиндагии маъмулӣ баргардад. Фарзанди дигари ӯ, яъне додари Қобилҷон таҳсилро дар яке аз литсейҳои пойтахт идома медиҳад.
Як манбаи огоҳ аз ҳодиса гуфт, ки ҳоло вазъи модару писар хуб буда, тасмим доранд, ба хонае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар дар пойтахт тӯҳфа шуда буд, кӯчанд.
“Хонаро пурра ба номаш карда, ҳуҷҷатҳоро дуруст карданд ва ҷои корашон ҳам маълум аст. Танҳо каме дигар ҳолашон хуб шавад, ба хонаи нав мекӯчанд”,-гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, яке аз соҳибкорони кишвар масъул шудааст, ки модари Қобилҷон Алиевро бо ҷойи кор ва маоши баробар ба 1000 доллари амрикоӣ таъмин кунад.
Худи Нилуфар Сафоева то ҳол аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунад.
Мактабе, ки додари Қобиҷон таҳсилашро идома медиҳад, барои “Азия-Плюс” маълум аст, аммо ба хотири халалдор накардани осоиши ӯ, мо аз ифшои он худдорӣ мекунем.
Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Пеш аз куштори Қобилҷон Алиев, ҳамлагар як муҳофизи мактабро ҳам захмӣ кардааст. Муҳофиз ҷон ба саломат бурд, аммо Қобилҷон Алиев аз ҷароҳати бардошта ҷон бохт.
Ва ҳамаи ин ҷиноятро ҳамлавар мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кард.
Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Пас аз куштор, ҳавлавар дар ҳамон мактаб аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ӯ ҳоло барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия навишт, ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".
Ҷасади навраси тоҷикро 18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.
Ба куштори Қобилҷон Алиев мақомоти тоҷик зуд вокуниш карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо даъват карда, нота супорид. Роҳбарони мақомоти тафтишотиву интиқзомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам ба ҳамтоёни руси худ тамос гирифта ё мактуб навишта, нигаронии худро иброз доштанд ва тафтиши беғари онро талаб карданд.
Пас аз як ҳафтаи куштор, рӯзи 22-юми декабр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷиноятро “амали террористӣ” номида, ба оила ва пайвандони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ кард ва ваъдаи таҳқиқи беғарази куштори ин навраси 10-солаи тоҷикро дод.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба зарурати тафтиши воқеӣ ва беғаразонаи куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола ва ба ҷавобгарии ҷиноии сангин кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид кард.
Бояд зикр кард, ки куштори Қобилҷон Алиев мушкили доғи Русия – миллатгароӣ ва нафрати миллиро, ки солҳои охир аз сӯйи теъдоде аз миёсатмадорону фаъолони ҷомеаи ин кишвар густурда тарғиб мешавад, ошкор кард. Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд. Зери таъсири ин ғоя дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.
Ҳамакнун, бо гузашти як соҳ аз ин ҷинояти мудҳиш, ҷомеа интизори оғози мурофидаи додгоҳии муттаҳами боздоштшуда аст.





Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста