Дар пайи фарорасии сардиҳо ва баъди бориши барфи шадиди аввалин Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз фурӯши моеъи зиддисардӣ- антифриз аз сӯйи баъзе фурӯшандагон дар бозорҳои кишвар хабар дода, ронандагонро огоҳ кард, ки вақти хариди ин моеъ бодиққат бошанд ва ба сифати он аҳамият диҳанд.
Ин огоҳии “Тоҷикстандарт” дар саҳифаи ин ниҳод дар фейсбук нашр шуда, дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо фаро расидани фасли зимистон талабот ба моеъи зиддисардӣ зиёд мешавад ва аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе аз фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии “антифриз”-ро ба харидорон пешниҳод мекунанд.
“Антифриз” моеъи зиддисардӣ аст, ки дар фасли сармо барои аз ҳад зиёд гарм нашудани муҳаррики мошин ба ҷойи об истифода мешавад.
“Гарчанде кормандони Агентии Тоҷикстандарт теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе аз фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд”, - навиштааст “Тоҷикстандарт” дар саҳифаи фейсбуки худ.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки истифодаи “антифриз”-и ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолии худро ҳимоя кунанд, инчунин, аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунанд.
“Ҳангоми харидории “антифриз” ба сифати он диққат дода, аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ кунед, дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ё рақамҳои 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоед”, - навиштааст ин Оҷонсӣ.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ин аввалин огоҳии Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз фурӯши “антифриз”-и пастсифат дар бозорҳои кишвар нест. Солҳои пеш ҳам ин ниҳод аз ошкор шудани фурӯши садҳо литр “антифриз”-и пастсифат хабар дода, ронандагонро огоҳ карда буд, ки ҳангоми хариди он бодиққат бошанд.




Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста