ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
- Имрӯз соати 17:30 дар филми тахайюлӣ-ҳаҷвии "Паканаи айнакдор" дар синамохонаи "Кайҳон" (Ашан) ба намоиш гузошта мешавад. филм бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи пардаи синамо омадааст. Чиптаҳоро дар худи синамохона дастрас карда метавонед.
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Соли 1989 – соати 5:05 субҳ дар шаҳраки Шарора, маҳаллаҳои Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи зилзила 7 баллро ташкил дода, боиси лағзиши теппаҳои атроф ва фаромадани тарма шуд, ки шаҳрак ва ду деҳаро зери хок гузошт.
Дар натиҷа, тақрибан 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тифли шашрӯза наҷот ёфт, ки дар гаҳвора дар зери девори бетонӣ буд, мехобид. Номи ӯро Шарора гузоштанд. Заминларза ба беш аз 1900 хоҷагии ноҳияи Ҳисор зарари ҷиддӣ расонида, 4,5 ҳазор оиларо бе сарпаноҳ кард. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 15 ҳазор кас бе манзил монданд.

Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ҳафизов бо гумони “амири созмони мамнуи “Ҳизб-ут-Таҳрир” будан 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Соли 2017 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои танзими вазн ва қади кормандони милитсия чора андешад.
Соли 2020 – Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро бо Чин муваққатан қатъ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1915 – Зодрӯзи Кароматхон Зокирова, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Кароматхон Зокирова аз чеҳраҳои дурахшони санъати театри тоҷик аст. Ӯ аз чордаҳсолагӣ роҳи ҳунарро пеш гирифта, фаъолияташро дар Театри ҳаваскории Самарқанд ҳамчун овозхон ва раққос оғоз намудааст.
Соли 1936 Кароматхон Зокирова ба Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд даъват гардида, қариб се даҳсола дар саҳнаи ин театр ҳунар офаридааст.
Ӯ дар намоишҳои маъруф, “Рустам ва Суҳроб”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Бой ва хидматгор”, “Нурхон”, “Майсара”, “Тӯҳмат”, “Шараф” ва даҳҳо намоишҳои дигар нақш бозидааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз шаст намоиш бо иштироки ӯ рӯи саҳна омадаанд.
Кароматхон Зокирова ҳамчунин овозхони нозуктабъ ва раққосаи хушхиром буд. Ӯ сурудҳои халқӣ ва классикиро бо забонҳои гуногун - тоҷикӣ, узбекӣ, туркманӣ, русӣ, озарӣ, арманӣ, арабӣ ва дигар забонҳо иҷро мекард.
Зокирова 5-уми июни соли 1965 дар 50-солагь дар Хуҷанд даргузашт.
Соли 1931 – Мавлуди Мамадёрбек Маҳмадназарбеков, иқтисоддони тоҷик.
Соли 1939 – Зодрӯзи Намоз Бердиев, доктори илмҳои биология
Соли 1947 – Зодрӯзи Ҷумъа Ниёзов, сиёсатмадор, муовини пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ).

Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муддате бахши вилоятии ҲДТ-ро роҳбарӣ мекард ва соли 1995 раиси ҳизб интихоб шуда, аз соли 2000 то поёни умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.
Ӯ хатмкардаи факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз ва муддате дар филиали Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд кор кардааст.
Аз соли 1989 фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов оғоз мегардад. Ӯ худи ҳамон сол ҳамраиси ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” интихоб шуда, то охири соли 1990 дар ин созмон фаъолият доштааст.
Гуфта мешавад, ки ин созмон баъди ба мақсади сиёсии худ расидан дар соли 1993, ки барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд будааст, фаъолияташро қатъ кард. Баъдан аксар узви фаъоли он, аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов ба узвияти ҲДТ шомил шуданд.
Номбурда соли 1990 раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) интихоб шуд. Соли 1995 бошад раисиҳизб интихоб гардид. Ӯ муддате зиндонӣ ҳам шуда буд ва худро “маҳбуси сиёсӣ” меномид.
Ҳамчунин аз соли 1995 то соли 1997 узви ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ гардид ва то соли 2000 дар зеркомиссияи сиёсии он буд. Минбаъд то охири умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.
Ниёзов, ки 62 сол дошт, рӯзи шанбеи 10 январи соли 2009 дар манзили худ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Соли 1948 – Мавлуди Равшан Замир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Равшан Замир аз зумраи қаламкашони серпаҳлӯи тоҷик аст, ки солҳо дар баробари фаъолият дар риштаи журналистика ба эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ пардохта, чандин китобу маҷмуаҳояшро интишор кардааст.
Ӯ факултаи фанҳои табиатшиносии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм карда, бо вуҷуди дигар будани тахассусаш ба ҷодаи журналистика қадам ниҳод ва то зинаи сардабирӣ расид.
Ӯ солҳои 1973–1974 хабарнигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вилояти Ленинобод ва аз моҳи январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят буд. Соли 1980 ӯ сармуҳаррири ин ниҳод таъин гардида, то июни 1992, 12 сол дар ин мансаб буд.
Минбаъд ӯ сардори Маркази матбуоти ҳукумати вилоят аз соли 1996 дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” кор мекард.
Дар баробари фаъолияти густурдаи журналистӣ, Равшан Замир дар адабиёт низ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳикояҳо ва таронаҳои ӯ дар китобҳои “Ашки осмон”, “Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду”, “Мағзи ҷон” ва “Чашми бад” ҷамъоварӣ шудаанд. Қиссаи “Парӣ дар киштичаи гул” миёни наврасону ҷавонон маҳбубияти зиёд касб кардааст.
Равшан Замир 31-уми июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Соли 1966 – Мавлуди Маъруф Исоматов, олим ва таърихшинос.
Соли 1968 – Зодрӯзи Зулфия Содиқова, ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик.

Зулфия Содиқова бахши коргардониро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода хатм карда, соли 1987 баъди имтиҳони махсус ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил мешавад. Пас аз хатми донишкада ба Душанбе омада дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад.
Баъдтар ба театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият кардааст.
Нақши аваллинро дар синамо Зулфия Содиқова дар 39-солагӣ, дар филми “Наво” бозидааст. Баъдан дар филмҳои “Марде, ки бо барф меояд”, “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”, “Сафари ҳавоӣ”, “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ 2”, “Домоди замонавӣ”, “Хоби ҳамдуна”, “Хушдоманҳо ва ё ман на манам” ва бисёр филмҳои дигар нақшҳои хотирмон бозидааст.
Дар синамо низ дар филмҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши ӯ дар “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ-2”, филми “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саид барои бинандаи тоҷик фаромӯшношуданист.
Соли 2020 – Ибодинов Хурсандқул, ахтаршинос, физикдон, собиқ сарвари Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар ин рӯзи соли 1556 дар Чин яке аз харобиовартарин ва маргбортарин заминларза дар ҷаҳон рух дод. Дар он вақт дар музофоти Шанси 830 ҳазор кас халок шуд.

Соли 1895 дар ҳамин рӯз бори аввал инсон ба соҳили Антарктида қадам ниҳод.

Аввалин шахсоне, ки ба Антарктида қадам гузоштанд Кристенсен, капитани киштии норвегии “Антарктик” ва Карлстен Борхгревинк, мусофири ин киштӣ, омӯзгори илмҳои табиӣ буданд. Яке аз мӯъҷизаҳое, ки аъзои ҳайати киштӣ дар қитъаи нав мушоҳида карданд, шӯълаи қутбӣ буд.
Соли 1849 дар ин рӯз дар иёлати Ню-Йорки ИМА бори аввал ба як зан дипломи пизишкӣ дода шуд. Ӯ Элизабет Блэквелл буд, ки муддати дароз мустақилона соҳаи тибро омӯхт ва баъдан соҳиби диплом шуд. Донишгоҳҳои тиббии Амрико дар асри XIX ба духтарон иҷозати таҳсил дар ин риштаро намедоданд.

Имрӯз рӯзи ҷаҳонии дастхат ё дастнависҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аҳамияти хат ва арзиши беназири дастнависҳоро бори дигар таъкид мекунад. Ташаббускори ин ҷашн Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони лавозимоти нависандагӣ мебошад.

Имрӯз ҳамчунон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи пирог ҷашн гиирфта мешавад, ки дар ИМА пайдо шуда, ба ҳунари пухтупази пирогҳои гуногун бахшида шудааст. Амрико солҳост, ки баргузории Рӯзи миллии пирог ва чемпионатҳои марбут ба онро сарпарастӣ мекунад.

23 январ Рӯзи ҷаҳонии овозаҳо низ таҷлил мегардад, ки тобиши шӯхӣ дорад. Ин рӯз барои фароҳам овардани фазои шӯхиомез, гурез аз зиндагии якранг ва ҳаловат бурдан аз гуфтугузорҳои ғайрирасмӣ байни дӯстону пайвандон таъсис шудааст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз ба ҳар он чизе, ки гуфта мешавад, фавран бовар карда нашавад.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8-13º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар доманакӯҳҳо рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 7-12º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5-10º сард, дар водиҳо шабона 8-13º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 17-19 сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1-6º сард, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 24-29º то 17-22º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 10-12º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 3-5º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 10-12º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2-4º сард, шабона 13-15º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.




Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”
“Аксарият дар Русия боздошт шудаанд”. Соли 2025 беш аз 2600 ҷинояткори таҳти пайгард дастгир шудаанд
Ӯзбекистон қариб тамоми ҳаҷми ангишти содиротии Тоҷикистонро дар соли 2025 харид
“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд
Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд
Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон
“Ғорати маблағи хонавода”. Раиси Додгоҳи олӣ ангеза ва тафсилоти куштори модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакиро гуфт
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд
Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026
Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста