Як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраска рух додааст. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аввалин маротиба дар бораи ҳодиса сомонаи “gofundme” хабар дода буд.
Ин зан, ки Дилрабо Азизбекова ном бурда мешавад, ҳангоми ҳодиса худ дар сари фармони мошин буда, се фарзандаш низ ҳамроҳаш будаанд. Зан дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё қарор дошта, духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон будаанд.
Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.
Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Грин-корт шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафтааст.
Ҳоло барои интиқоли ҷасади ӯ, “табобат ва барқарорсозии кӯдакон, ҳамчунин таъмини суботи ояндаи кӯдакони ятим” тариқи сомонаи хайривии “gofundme” маблағ ҷамъ меоранд.
Ҳанӯз ҷасади Дилрабо Азизбекова ба Тоҷикистон оварда нашудааст ва маълум нест, ки ӯро кай ба ватан меоранд ва ба хок месупоранд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2025 Муҳаммадазиз Раҳматзода ном ҷавони 18-солаи тоҷик дар пайи як занозанӣ дар Амрико даргузашт.
Ӯ баъди занозанӣ шаби 14-уми август дар ҷанҷоле дар назди фурӯшгоҳи “WAWA” се ҳафта дар шуъбаи эҳё буд ва баъд даргузашт. Сабаб ва ширкаткунандагони ин задухӯрд то кунун расман эълон нашудаанд.
Бояд гуфт, ба гузориши солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст. Маълум нест, ки аз Амрико ҷасади чанд шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст.





Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста