Ҳоло номи 27 ҳазору 703 нафар дар феҳристи қарздорони Хадамоти иҷро қарор доштааст, ки ҳуқуқи аз ҳудуди кишвар берун баромаданро надоранд. Аз ин теъдод танҳо дар соли гузашта 11 ҳазору 553 нафар, номашон дар “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро ворид шудааст, ки наметавонанд кишварро тарк кунанд.
Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки ин теъдод нисбат ба соли 2024-ум 7 ҳазору 579 нафар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, маҳдуд шудани сафари қарздорон натиҷаи мусбат дода, дар натиҷа соли 2025-ум 2 ҳазору 156 нафари онҳо 33 миллиону 18 ҳазору 575 сомонӣ, 108 ҳазору 560 доллар (беш аз 1 млн 18 ҳазор сомонӣ) ва 1 ҳазору 736 рубли белорусӣ (каме беш аз 5600 сомонӣ) қарзи худро пардохт кардаанд.
Ин рақам назар ба соли 2024-ум аз рӯи шумора 341 нафар зиёд ва аз ҳисоби маблағ 12 миллиону 109 ҳазору 393 сомонӣ, 74 ҳазору 316 доллар ва 1 ҳазору 736 рубли белорусӣ зиёд будааст.
Бояд зикр кард, ки ин қарз аз ҳисоби напардохтани пули “алимент”, ҷаримаҳо, маблағҳои қарз ва ғайра ташаккул меёбад ва Хадамоти иҷро вақте барои баргардонидани он муваззаф мешавад, ки қарз аз 10 нишондиҳанда бештар мешавад.
Хадамоти иҷро ҳам танҳо дар асоси қарори додгоҳ барои баргардонидани қарз амал мекунад ва ҳам қарздоронро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мекунад.

Аҳтам Абдуллозода мегӯяд, ки тадбирҳои гузоштани маҳдудият дар сафари қарздорон ба хориҷа ва маҳдуд шудани баъзе хидматрасониҳои ҳуқуқӣ барои онҳо натиҷаи хуб додааст ва онҳо таҷрибаи кишварҳои дигарро дар хусуси роҳҳои иҷбории ситонидани маблағ аз қарздорон омӯхта истодаанд.
“Ҳатто барои табобат рафтани қарздор низ ба хориҷӣ кишвар асос барои озод кардани вай аз маҳдудият шуда наметавонад. Мо ҳамарӯза шаҳрвандонро баъди пардохти қарздорӣ аз ин рӯйхат берун бароварда истодааем. Вақте дар оянда шаҳрванд ба фурудгоҳ меравад ва мебинад, ки қарздор аст дар терминалҳои дахлдори фурудгоҳ маблағи қарзашро месупорад ва система аллакай вайро озод мекунад”,- иброз дошт номбурда.
Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои хадамот ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то имрӯз дар рӯйхати қарздороне, ки ҳаққи тарки Тоҷикистонро надоранд ба 27 ҳазору 703 нафар расидааст.
Бояд гуфт, ки ба ин рӯйхат қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд. Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади додгоҳӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.
Ҳамчунин, соли гузашта 3 ҳазору 893 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дохил карда шудаанд, ки тибқи он мақомоти давлатӣ, нотариусҳо, САҲШ, хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ, БДА ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиати чунин шахсонро иҷро намекунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста