Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта алайҳи 270 нафар, ки аксаран падарон ҳастанд, бо гумони саркашӣ аз пардохти “алимент” барои таъмини фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз намуда, 39 нафарро ҳабс, 15 касро ҷарима карда, 216 тани дигарро ба корҳои ислоҳӣ ҷалб кардаанд.
Дар ин бора Алиҷон Аминзода, сардори Раёсати ташкил ва назорати иҷрои Хадамоти иҷро имрӯз, 10-уми феврал ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Вале манбаъ нагуфт, ки 39 нафар ба чанд соли зиндон маҳкум шудаанд, аммо қонунгузории Тоҷикистон (моддаи 177-и КҶ) барои напардохтани пули “алимент” аз корҳои ислоҳӣ то 3 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Номбурда гуфт, соли гузашта ҳамчунин 753 (соли 2024 – 514) нафар, ки аксарашон падаронанд, барои саркашӣ аз додани “алимент” ва пинҳон кардани маҳалли зисташон дар ҷустуҷӯйи мақомоти интизомӣ қарор доранд.
Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро зимни ин нишаст гуфт, ки ҳоло дар умум 13 ҳазору 765 нафар барои напардохтани “алимент” дар рӯйхати қарздорони ин ниҳод қарор доранд ва ба ин далел наметавонанд кишварро тарк кунанд. Аз ин теъдод 8 ҳазору 332 нафар танҳо дар соли 2025-ум ба феҳристи қарздорони сафарашон ба хориҷ маҳдуд ворид шудааст.
Тибқи маълумоти номбурда, соли гузашта аз падарон дар Тоҷикистон ба манфиати модару кӯдак 179 миллиону 904 ҳазору 447 сомонӣ “алимент” ситонида шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 147 миллиону 189 ҳазору 963 сомонӣ зиёд будааст.

Абдуллозода мегӯяд, ки тибқи қонунгузории кишвар дар ҳолати беш аз се моҳ саркашӣ кардани шаҳрванд аз пардохтани “алимент” маводҳо ҷиҳати оғози парвандаи ҷиноӣ ба мақомоти додситонӣ ирсол карда мешавад. Инчунин ба феҳристи қарздорон дохил шуда, маҳдудиятҳои убури сарҳад барои онҳо низ ҷорӣ карда мешавад.
“Дар асоси қонунгузорӣ дар ҳолате, ки шаҳрванд пули алиментро пардохт мекунад, қонунгузор боз аз ӯ талаб мекунад, ки шаш моҳи ояндаро низ пешпардохт кунад. Баъдан ин асос мегардад барои бардоштани маҳдудият дар хусуси берун баромадани ӯ аз ҳудуди Тоҷикистон”, - изҳор дошт Абдуллозода.
Ӯ гуфт, хадамот мустақиман наметавонад ба кишварҳои хориҷӣ барои ситонидани пули “алимент” муроҷиат кунад, танҳо тавассути мақомоти дахлдор ва худи шаҳрванд дархост ирсол карда мешавад.
“Лекин мо мушкили ҷиддӣ дар самти пардохти “алимент” дар кишварҳои хориҷӣ надорем. Дар соли 2025 ҳалномаҳои додгоҳӣ ва ҳакамии давлатҳои хориҷӣ ба хадамот ҳамагӣ 13 адад ворид шудааст”, - гуфт сардори Хадамоти иҷро.
Бояд гуфт, ки мушкили саркашӣ аз пардохти алимент дар ҷомеаи Тоҷикистон нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои ахир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста