Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти хабарӣ шикояти тоҷири ӯзбек барои “эҷоди монеа”-и гумрукчиёни тоҷик ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистонро шарҳ дод ва гуфт, мушкил он гунае, ки дар ВАО шарҳ медиҳанд, ҷиддӣ нест.
Моҳи гузашта як намояндаи ширкати "Knauf"-и Ӯзбекистон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, дар ҷаласае бо ҳузури Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири ин кишвар аз “эҷоди монеа” барои вуруди масолеҳи сохтмонӣ ба Тоҷикистон шикоят кард.
Дар пайи ин, Ҷамшед Хоҷаев гуфт, агар шеваи кор чунин аст, “мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем” ва ба сафири кишвараш дар Тоҷикистон гуфт, ки “ба онҳо (яъне ҷониби Тоҷикистон. -идора) паёми моро расонед”. Ҳамчунин, ба масъулини Хадамоти гумруки кишвараш дастур дод, ки бо ҳамтои тоҷикистониаш “суҳбат кунад”.
Бо гузашти қариб се ҳафта, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон шарҳ дод, ки гап сари чӣ аст. Ӯ изҳор дошт, ки аксар вақт молҳои воридшаванда аз Ӯзбекистон бо нархи муомилотӣ ба расмият дароварда мешавад. Ба гуфтаи сардори Хадамоти гумрук, дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳо пурра набошад, мол бо нархи бозори дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамот муайян мешавад, ба расмият дароварда мешавад.
“Норозигӣ аслан аз ин ҳисоб аст, ки дар бозори дохилӣ ё ҳангоми содирот молсодиркунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон нархро камтар нишон медиҳанд. Дар асл, вақте дар бозор омӯзиш мекунед, нархҳо ба маротиб аз нархи арзнамуда дар муроҷиатҳои гумрукӣ зиёд мебошад”, - шарҳ дод Каримзода.
Ба гуфтаи ӯ “ҳангоми ворид намудани ин ё он намуди мол, на танҳо кошӣ ва на танҳо нисбати Ӯзбекистон, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби молворидкунанда он ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Кодекси гумруки Тоҷикистон муайян шудааст, пурра пешниҳод карда намешавад ва нархи арзнамудаи молворидкунанда шубҳанок аст”.
Аммо ӯ нагуфт, ки оё барои ҳалли ин баҳс бо ҳамтои ӯзбекистониаш мулоқот кардааст ё не.
Танҳо зикр кард, ки дар кишвар корхонаи кошикорӣ ифтитоҳ ва бо қарори ҳукумат боҷи гумрукӣ барои воридоти он баланд шуд.
“Бо назардошти он ки мо бо Ӯзбекистон созишнома дар бораи минтақаи савдои озод дорем, ин нисбати Ӯзбекистон амал намекунад”, - илова кард Каримзода.
Ӯ гуфт, ҳоло тибқи ин созишнома 37 номгӯи молу маҳсулот аз гардиши савдои озод берун аст ва ҳангоми воридоти онҳо боҷ ситонида мешавад ва афзуд, ки “дар ин 37 номгӯй кошӣ дохил намешавад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе 3 корхонаи калони саноатии ҶСП “Сантайлс” барои тавлиди сафолаку кошиҳо ва серанит ифтитоҳ шуд. Вақти ифтитоҳ таъкид шуд, ки дар ин корхонаҳо иқтидори истеҳсоли сафолаку кошӣ ва серанит дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ аст.
То он замон ба Тоҷикистон беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошӣ ва серанит аз хориҷи кишвар ворид мешуд “ва акнун зиёда аз 65 дарсади талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона” истеҳсол мешавад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста