Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистонро, ки дар пайи он 2 марзбони тоҷик ва 5 шаҳрванди Чин кушта шуданд, кори дасти баъзе гурӯҳҳои ҷиноӣ номид, ки мехоҳанд “маносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд”.
Ӯ имрӯз, 13-уми феврал, дар ҳузури хабарнигорон даргироҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ дода гуфт, “охири соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон чунин ҳолатҳо ба вуқӯъ пайваст”.
“Шаҳрванди Чин ба роҳсозӣ машғул аст, куштори ҳамон ба кӣ даркор. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд. Вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин? Ҳамаи инро мо дар доираи парванда ҷиноӣ тафтиш ва муайян хоҳем кард”, - ваъда дод ин мақомдори тоҷик.
Воҳидзода илова кард, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо бо иттиҳоми куштор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба таъкиди ӯ, “панҷ шаҳрванди давлати Чин бо истифода аз яроқи оташфишон ба ҳалокат расонида шуданд ва ин ҳамла бо истифодаи яроқ аз хоки Афғонистон рух додааст”.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, се нафар ҷароҳат бардошта, ду афсари қушунҳои сарҳадии КДАМ низ ба ҳалокат расидаанд.
“Ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст”, - таъкид кард ӯ.
Ба қавли Воҳидзода, шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон асосан ба роҳсозӣ машғул буда, қисме дар корхонаҳои коркарди сангу шағал кор мекунанд.
Бояд гуфт, ҳафтаи охир ин сеюмин вокуниши мақомдорони тоҷик дар робита ба даргириҳои ахир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон аст.
Аз ҷумла, Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 9-ум феврал гуфт, ки яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҳукумати феълии ин кишвар итоат намекунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ сатҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфта буд, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи ду ҳамла аз Афғонистон дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябри соли гузашта ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Дар пайи ин Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш даъват карда буд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз сафар ба ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикистону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Вале ин дидорҳо аз сӯи Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.
*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.




Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста