Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик барои талошҳояш дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” гардидааст.
Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шудааст.
Тавре зимни муаррифӣ, гуфта мешавад, Нигина Амонқулова барои густариши забони форсӣ бо эҷоди оҳангу суруд, ба вижа, иҷрои сурудҳои Мавлоно дар ҳамоиши ЮНЕСКО шоистаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шудааст.
Нигина Амонқулова дар навори қаблансабтшудае, ки он дар ҳамоиш пахш шудааст, аз чунин қадрдонӣ сипосгузорӣ карда, онро мояи ифтихораш унвон кардааст.
“Бароям мояи ифтихор ва хушҳолии бузург аст, ки имсол дар арсаи хидмати забони порсӣ ва мероси куҳани он аз роҳи мусиқӣ шоистаи дарёфти ҷоизаи бузурги “Қанди порсӣ” дониста шудам. Ин ифтихорро аз они ҳамаи ҳунармандон, дӯстдорони ин забони муштарак медонам. Ба касоне, ки бо меҳр барои зинда нигоҳ доштани ин мекӯшанд. Забони модарӣ решаи ҳувият ва пули пайванди наслҳост ва посдорӣ аз он посдорӣ аз фарҳанг ва таърихи мост. Поянда бод забони порсӣ ва сарфароз бод мардуми нозанини он!”, - мегӯяд овозхони номдори тоҷик.
Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро аҳли Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон ба масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё месупоранд, то онро ба овозхон расонанд.
Ғайр аз Амонқулова, ҷоизаи “Қанди порсӣ”-и имсолро инчунин Майкл Берӣ, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико ва Латиф Нозимӣ, адабиётшинос аз Афғонистон низ соҳиб шудаанд.
Маблағи ҷоиза 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан 700 доллар аст.
Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар Бритониё баргузор мешавад. Қаблан, низ ин ҷоиза ба посдорони забони форсӣ аз Тоҷикистон дода шуда буд.
Аз ҷумла, соли 2024 ин ҷоизаро ба шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор ва яке аз мудофеони забони тоҷикӣ дар Самарқанд Амина Шарофиддинова дода буданд. Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиони форсии ВВС, низ барандаи ин ҷоиза шуда буд.





Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста