Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ беш аз 3 млрд. доллари ИМА хариду фурӯш шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, бонк баҳри ба тавозун овардани ҳаҷми талабот ва пешниҳод дар бозори пули нақдии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли равон ба нуқтаҳои мубодилаи асъор 9,8 млн. ва дар 18 рӯзи моҳи май 10,4 млн. $ пули нақдро ба фурӯш баровардааст ва минбаъд низ дар сурати зарурат ба ин иқдом даст хоҳад зад.
Ба иттилои манбаъ, аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе камбуди шадиди пули нақди доллари ИМА ба мушоҳида расида, он ба болоравии қурби он нисбати асъори миллӣ боис гардид ва танҳо дар ахири даҳаи аввали моҳи май вазъ дар бозори пули нақди пойтахт пас аз дахолати БМТ то андозае мӯътадил гардид.
Зикр гардид, ки агар дар аввали моҳи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе арзиши 1 доллари ИМА 4,5 сомониро ташкил медод, пас дар охири даҳаи аввали моҳи май он аллакай бо нархи 4,6 сомонӣ харида мешуд.
Айни замон қурби асъори амрикоӣ дар бозори пули нақди пойтахт барои 1 доллари ИМА 4,64-4,66 сомониро ташкил медиҳад.




Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста