Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Ориёнбонк» фоизи қарздиҳӣ ба мизоҷонро поин бурд.
Тавре аз бонки мазкур иттилоъ доданд, қарздиҳӣ ба мизоҷон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк буда, акнун меъёри фоизӣ аз рӯи қарзҳои «Ориёнбонк» барои мизоҷон хеле дастрас ва қулай шудаанд, ки ин яке аз бартариятҳои муҳим барои мизоҷон ҳангоми интихоби бонк мебошад. «Ориёнбонк бо мақсади муcоидат намудан ба рушди иқтисоди кишвар ва дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ, фоизи қарздиҳиро ба мизоҷон бо пули миллӣ аз 34% то 30%-и солона паст намуд», - гуфтанд дар бонк.
Ба иттилои манбаъ, акнун мувофиқи Пайнавишти Ҷаласаи Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», аз 1 июни соли ҷорӣ меъёрҳои фоизии қарздиҳӣ дар «Ориёнбонк» чунин мебошанд : бо асъори миллӣ – 30% солона ва бо асъори хориҷӣ – 26% солона.
Зикр гардид, ки ҳаҷми сандуқи қарзии «Ориёнбонк» ба аввали моҳи апрели соли равон 612, 0 млн. сомониро ташкил дода, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бонк дар ҳаҷми 504,6 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо кардааст, ки 443, млн. сомонии он баргардонида шудаанд. Қарзҳо асосан ба бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва алоқа ихтисос дода шудаанд. Даромади софи бонк ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 3,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,3 млн. сомонӣ зиёдтар аст.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста