Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сохтмони як қатор иншоотро ба ӯҳда дорад, ки арзиши умумии онҳо 150 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари ин корхона Амонулло Ҳукумов.
А.Ҳукумов зикр кард, ки айни замон қитъаи роҳи оҳани нави Душанбе-Қӯрғонтеппа идома дорад, ки баҳри анҷоми он хароҷоти 129 млн. $ маблағ дар назар аст.
«Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооте чун театри тобистона ва чойхона дар Боғи ботаники Душанбе, бинои нави истгоҳи Хонақоҳ, бинои нӯҳошёна дар пойтахт, бинои сеошёнаи Хонаи истироҳат дар Сарбанд (вилояти Хатлон), бинои дуошёнаи Хонаи истироҳат дар Шаҳристон (вилояти Суғд) идома дошта, ба муносибати ҷашн хатсайр нави байнулмилалии Хуҷанд-Маскав ифтитоҳ мегардад», - гуфт раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Зирк гардид, ки ғайр аз ин, корхона оғози сохтмони вокзали нави роҳи оҳани Душанберо ба нақша гирифтааст, ки ба он 4 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста