Директори иҷрокунандаи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лоҳирӣ мӯътақид аст, ки Тоҷикистон оқибатҳои буҳрони молии ҷаҳониро муваффақона паси сар хоҳад кард.
Ба қавли ӯ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳслоти дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфта, он то ахири сол бо зиёдтар хоҳад шуд.
Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи бонк изҳор кард, ки ҳадаф аз сафари ӯ ба Тоҷикистон шиносоӣ бо ҷараёни амалисозии ислоҳот дар кишвар ва вазъи иқтисоди Тоҷикистон аст.
Лоҳирӣ гуфт, дар вохӯрӣ бо президент масоили самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни бонк ва Тоҷикистон ва ҳамчунин рафти татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Намояндаи БОР ҳамчунин иброз дошт, ки дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ бонк бо ҳукумат ва шариокн оид ба рушд ҳамкориро идома медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. Ба ахири соли 2010 ҳаҷми умумии кӯмакҳои БОР ба Тоҷикистон дар шакли қарзу бурс ва ёрии техникӣ ба ҳудуди 720 млн. $ баробар шуд.
Мутобиқи барномаи Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014, БОР то соли 2014 ба Тоҷикистон ҳудуди 252 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Арзиши умумии лоиҳаҳои ҷории БОР дар кишвар наздик ба 280 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, онҳо дар бахшҳои нақлиёт ва рушди савдо, энергетика ва соҳаи кишоварзӣ амалӣ мешаванд.
Намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токешӣ аст, ки то таъин шудан ба ин мансаб ба ҳайси намояндаи доимии БОР дар Афғонистон ва мутахассис оид ба рушди деҳот дар Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Филиппин, Туркманистон ва Ӯзбекистон ифои вазифа кардааст.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста