Сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба кӯмаки пахтакорон сафарбар мешаванд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Мухтор Абдуллоев хабар дод, дар муддати ду рӯз беш аз чор ҳазор нафар кормандони корхонаву муассисаҳо ва дигар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Истаравшану Қайроққум ва Чкаловску Табошар ба ҷамъоварии пахта мебароянд. Онҳо муддати як ҳафта пахта ҷамъоварӣ намуда, сипас онҳоро дигарон иваз менамоянд.
Даар рӯзҳои истироҳати ҳафтаи равон ба ҷуз сокинони шаҳр, сокинони ноҳияҳои вилоят низ ба кӯмаки кишоварзон сафарбар мегарданд. «Айни замон дар майдонҳо 36 ҳазор нафар деҳқонон ба ғунучини ҳосили пунбадона машғуланд ва мақомоти раҳбарии вилоят супориш дод, ки шумори онҳо ду баробар зиёд карда шавад», - гуфт котиби матбуотӣ.
Соли равон дар вилояти Суғд ҷамъоварии 105 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли равон дар майдони 65,4 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳазор гектар зиёд аст. Соли гузашта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 92 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, нақшаи пешбинишуда ба андозаи 2% барзиёд иҷро шуд.
Соли равон пунбадона зудтар ба ҳосил даромад ва аз ин рӯ, аллакай як қатор хоҷагиҳои пахтакорӣ аз иҷрои нақша мужда расониданд. Айни замон дар майдонҳои ноҳияи Зафаробод якчанд комбайни пахтағундорӣ кор карда, дар дигар манотиқи вилоят пахта ба таври дастӣ ҷамъоварӣ мегардад.
Аз сарчашмаҳои салоҳиятдор маълум шуд, ки соли равон ҷалби донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта пешбинӣ нашудааст.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста