Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» то ҳадди ниҳоӣ пур буда, айни замон ба 910 метр расидааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, феълан сатҳи ҷоришавии об ба обанбор ҳудуди 1000 метри мукааб дар як сония ва хароҷот беш аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. «Миқдори обпартоии холӣ аз обанбори нерӯгоҳи «Норак» ба наздики 300-350 метри мукааб дар як сония баробар аст», - гуфт ӯ.
Дар робита ба масъалаи ҷорӣ сохтани лимити истифодаи барқ дар кишвар намояндаи ширкат гуфт, «дар ин бора ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст».
«Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсисми тирамоҳу зимистон таъмини аҳолӣ ва бахши саноатии кишвар бо нерӯи барқ аз соли гузашта бадтар нахоҳад буд, вале ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст», - таъкид кард Н.Ёдгорӣ.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта танҳо дар манотиқи деҳоти кишвар лимити истифодаи барқ ҷорӣ гардида буд. Ба манотиқи дехот дар як шабонарӯз муддати 10-12 соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд. Шаҳрҳои бузург мунтазам бо барқ таъмин буданд.
Маҳдудияти шадидтарини истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли 2008 ҷорӣ гардида буд. Шурӯъ аз моҳи сентябр то апрели ҳамон мавсим ба шаҳру навоҳии кишвар бо шумули пойтахт дар як шабонарӯх ҳамагӣ якчанд соат нерӯи барқ интиқол мегардид. Аксари манотиқи деҳот умуман аз таъминот бо нерӯи барқ маҳрум гардида буданд.
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста