Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ рӯзҳои ахир изҳорот пахш кард.
Поинравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллиро дар БМТ ба омилҳои берунӣ марбут медонанд. Хадамоти матбуоти БМТ менависад, «сарфи назар аз зуҳуроти шадиди омилҳои беруна, ки пеш аз ҳама дар коҳиши зуди намояҳои молиявӣ, қурби асъорҳои ҷаҳонӣ, нархҳои дороиҳои гуногун таҷассум меёбад ва то дараҷае номуайяниро нисбати асъорҳои ҷаҳонӣ эҷод намуд, вазъи умумии бозори асъори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои амалиётии он дар маҷмӯъ мӯътадил мебошанд».
«Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки бонкҳо, бахшҳои марбутаи онҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор дар пешниҳоди хизматгузории амалиёти асъорӣ фаъолияти муқаррарии худро минбаъд идома медиҳанд ва мавриди зарурӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории бозори дохилии асъор омода аст, ки чораҳои оҷилии дахлдорро андешад», - омадааст дар изҳорот.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта арзиши 1 доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз 4,90 сомонӣ то ба 4,60 сомонӣ поин рафт. Амалиёти муболилаи асъор на дар ҳама нуқтаҳои шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Дар баъзе нуқтаҳо барои 1 доллари ИМА 4,70-4,75 сомонӣ пешниҳод мекунанд.
Қурби Евро ва рубли русӣ низ дар ин давра каме тағйир ёфт. Қурби Евро аз 6,65-6,67 сомонӣ то ба 6,61-6,63 сомонӣ коҳиш ёфт. Рубли русӣ бошад, аз 0,1510-0,1530 то ба 0,1420-0,1440 сомонӣ барои як рубл поин рафт.
Ахири ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон сабаби пастравии қурби, доллари ИМА, Евро ва рубли русӣ нисбат ба асъори миллиро дар афзоиши талабот дар бозори дохилӣ шарҳ дод.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста